ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҶАСАДИ СОКИНИ РОШТҚАЛЪАРО ДАР СОҲИЛИ ДАРЁ ПАЙДО КАРДААНД

Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи гузашта, 1-уми октябр соати 06:40 дақиқа навбатдори фаврии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ хабар додааст, ки  дар соҳили дарёи Панҷ, дар ҳудуди деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон як ҷасад намоён аст.

Имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар ВМКБ соати 06:53 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, тахминан соати 07:15 дақиқа ҷасадро аз соҳили дарёи Панҷ бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Маълум гардид, ки он ҷасади як сокини 51-солаи  деҳаи Бодум, ҷамоати деҳоти Қ.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа будааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 30-уми сентябри соли равон, тахминан соати 16:00 дақиқа марҳум ва як сокини шаҳри Хоруғ дар ҳолати мастӣ дар болои пули марказии бозори шаҳри Хоруғ ба ҳам моҷаро кардаву баъди як кашмакаш ба дарёи Ғунд сарозер шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гузоришашро дар бораи ин ҳодиса “Бинед, мастӣ ба куҷо бурд” ном додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button