ВидеоНуқтаи назарҶомеа

БА ХОЛАИ ФОТИМА БАЪДИ ХАНДОНДАНИ ПРЕЗИДЕНТ ДУ ГОВИ ҶӮШО ТУҲФА КАРДААНД (ВИДЕО)

Фотима Сулаймонова, як зани  65-солаи хонашин аз деҳаи Зинги ноҳияи Дарвоз, ки рӯзи 27 сентябр президент Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми мулоқоташ бо фаъолони Дарвозу Ванҷ бо лаҳҷаи ширинаш мафтун кард,  баъди он дидор аз ҳукумати ноҳия ду гови ҷӯшо туҳфа кардаанд.

Холаи Фотима дар мусоҳиба бо нашрияи “Ёр.Тҷ” гуфтааст, ки суханронии ӯ аз пеш омода нашуда буд, балки бо президент бадоҳатан суҳбат кардааст. Холаи Фотима нақл кардааст, ки баъди хатми мактаб мехост ҳунарпешаи синамо шавад, вале дар синфи 11 ба муаллими ҷавон Талабшо Акобиров, ки ба мактаби онҳо (мактаби № 4 деҳаи Зинг) ба кор омада буд, дил баст ва баъди хатми мактаб онҳо бо розигии волидонашон издивоҷ карданду бо ҳамин ӯ орзуи ҳунарпеша шуданро ба ишқ иваз кард. Холаи Фотима мегӯяд, аз ин интихоби кардааш пушаймон нест.

Бори аввал номи ин зани ширинсухан баъди як изҳори назараш дар бораи дигаргун шудани симои Душанбе дар барномаи “Муждаи дай” – и телевизиони Тоҷикистон вирди забонҳо шуд. Навори кӯтоҳи суханони ӯ, ки бо лаҳҷаи ширини Дарвоз мегуфт, “Душанбе ранги Париж шиай”, дар Интернет паҳн шуд ва маҳз баъди ҳамин қабл аз сафари президент ба суроғи холаи Фотима омадаанд, ки дар назди Эмомалӣ Раҳмон низ бадоҳатан бо ҳамин лаҳчааш суҳбат кунад.

Холаи Фотима, ки 22 набераю 3 абера дорад, ахиран беш аз 100 китобро қироат карда, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” иштирок дорад ва алакай аз марҳалаи ноҳиявии ин озмун гузашта, ба марҳалаи вилоятӣ роҳ ёфтааст.

Видеои суҳбати ширини як зани дарвозӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 27 сентябр дар Интернет паҳн шуд, таваҷҷуҳи ҳазорон нафарро ба худ ҷалб кардааст.  Ин зан, ки Фотима Сулаймонова ном ва 65 сол доштааст, бо лаҳҷаи ширини дарвозӣ президентро ба ноҳияи Дарвоз хушомадед гуфт ва аз ӯ ситоиш кард, ки “гуфта будӣ, Дарвозро ба дарвозаи тиллоии Бадахшон табдил медиҳам. Дар ҳақиқат, ин корро кардӣ!”

Фотима Сулаймонова  дар ин суҳбати пур аз шӯхию зарофатҳои мардумиаш ба президент нақл кард, ки ӯву дугоникиаш Зуҳро дар вақташ таҳсили хуб доштанд ва китоби зиёде ҳам хонда буданд, вале азбаски духтарони кӯҳистон шароити ба хондан рафтан надоштанд, ҳамаи хондани онҳо ҳам беҳуда шуд. “Ҳоло квотаҳои президентӣ барои таҳсили духтарони кӯҳистонро мебинему ба дилам мегӯям, ки чум, Зуҳроро ба хондан бифиристам?”– гуфт холаи Фотима.

Холаи Фотима дар охир аз президент, ки ба суханони ӯ “аҳсан!” мегуфту ба шӯхиҳояш механдид,  хост, то ҳамроҳ акс бигиранд. Президент розӣ шуд.

-Биём? – пурсид бори дигар холаи Фотима ва вақте президент боз ҳа гуфт, ба минбар ба пеши президент рафт ва ӯро ба оғӯш кашид. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон чанд акси муштараки Фотима Сулаймонова бо Эмомалӣ Раҳмонро нашр кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронии холаи Фотима хеле ба ваҷд омада буд, гуфт, вазни 5 дақиқа суханронии холаи Фотима баробари ним соат суханронии худи ӯ буд. Ӯ гуфт, ҳатман бисёре аз аъзои ҳайъати ҳукумат, ки ҳамроҳи ӯ аз Душанбе омадаанд, бисёре аз суҳбатҳои холаи Фотимаро нафаҳмиданд. Эмомалӣ Раҳмон лаҳҷаи Дарвозро “бениҳоят забони шевои ширини тоҷикӣ” номид ва гуфт, “холаи Фотима бо ҳамин лаҳзаи шевою ширин суҳбат кард. Баъди чунин суханон чӣ хел дӯст намедорӣ ин хел мардумро? Чӣ хел дӯст намедорӣ ин миллатро? Дигаронро намедонам, вале дар ин лаҳзаҳо ҳама вазниниҳои дунё аз сари ман дур шуд, бениҳоят сабук шудам.”

Зане, ки дар Дарвоз бо суханрониаш президентро мафтун кард, кист?

Ба Фотима Сулаймонова пас аз суханронӣ ду гови ҷӯшо туҳфа кардаанд.

Суханронии самимонаи Фотима Сулаймоноваи 65 сола дар мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвозу Ванҷ, ҳозирин ва ҳатто президенти кишварро мафтун кард. Сипас навори суханронии ӯ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ки истифодабарандагон низ хуш пазируфтанд.

Муаллифи Your.tj Файзуллохон Обидов бо Фотима Сулаймонова ҳамсуҳбат шуд.

Фотима Сулаймонова сокини деҳаи Зинги ноҳияи Дарвоз аст. Ду сол пеш вақте ба пойтахт меояд, дар барномаи телевизонии “Муждаи дай” – и телевизиони Тоҷикистон иштирок карда, назарашро дар бораи дигаргуниҳои шаҳри Душанбе мегӯяд.

“Душанбе ранги Париж шиай”

Ӯ худро аз ноҳияи Дарвоз муаррифӣ карда, шӯхиомез “сохти Душанбе ранги Париж шиай” мегӯяд. Баъдан, ин синхрони холаи Фотима дар интернет паҳн мешавад. Чанде пеш аз маркази ноҳия холаи Фотимаро барои иштирок ва суханронӣ дар мулоқот бо Пешвои миллат суроғ мекунанд. Матни баромади ӯ қаблан омода нашуда буд ва холаи Фотима бадоҳатан сухан кард.

Холаи Фотима мегӯяд, ки ӯ чандин сол аст, ки мехост президентро аз наздик бубинад ва ба ӯ ташаккур бигӯяд. Ӯ дар вохӯрии гузашта соҳиби даъватнома шуда ба орзуяш расидаст.

Тавре холаи Фотима мегӯяд ба ӯ пас аз суханронӣ аз ҳукумати ноҳия ду гови ҷӯшо туҳфа кардаанд.

Ишқ болотар аз орзуи кӯдакӣ

Фотима Сулаймонова як зани одии хонашин мебошад. Ӯ боз хоҳари дугоник ҳам дорад, ки ҳарду эркаи падару модар буданд. Холаи Фотима аз овони мактабӣ хушчақчақу ширинсухан будааст. Ӯ орзу дошт, ки пас аз хатми мактаб ҳунарпешаи синамо шавад, аммо қаҳрамони мо ба хотири ишқ аз орзуи кӯдакӣ даст кашид.

“Ман дар мактби № 4-и ба номи Садриддин Айнии деҳаи Зинг таҳсил кардаам. Мехостам баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шавам. Орзуи ширини ман актриса шудан буд. Аз ҳамон айёми беғаши ҷавонӣ дар саҳнаҳои калон нақши модарро иҷро кардан орзуи ман буд. Ман ду роҳ доштам, ишқ ва хондан. Ман якумашро интихоб кардаму баъд аз хатми мактаб ба шавҳар баромадам”, – аз айёми ҷавонияш қисса кард Фотима Сулаймонова.

Ишқи муаллим ба шогирд

Холаи Фотима дар синфи 11-ум мехондааст, ки ба мактабашон муаллими ҷавон ба кор меояд. Муаллим зуд ба ин духтари шухтабиату зиндадил дил мебандад ва муҳаббаташ беҷавоб намемонад.

“Ман хатмкунанда будам. Шавҳарам – Талабшо Акобиров муаллими нав буд. Ӯ маро нағз дид ва ман низ нисбати ӯ беэътибор намондам. Ҳамин тавр, пас аз хатми мактаб моро падару модарамон оиладор карданд. Орзуи актриса шуданро барои муҳаббат шуда фаромӯш кардам. Аз ин пушаймон нестам. Чунки ҳамдигарро то ҳол дӯст медорем. Офаридани нақши модарро, ки орзуи ман буд, албатта, дар ҳаёт бо тарбия кардани 6 фарзанд ба сомон расонидам. Алабатта, рост гуфтаанд, ки Ишқ хушбахтӣ меорад”, – нақл мекунад, холаи Фотима.

Холаи Фотима баробари тарбия кардани 6 фарзанд дар совхоз кор мекард. Алҳол бошад ҳамроҳи келинҳо ба молпарварӣ машғул асту боз тоқиҳои дарвозӣ низ медӯзад. Ба ин васила ӯ ба фарзандонаш, ки дар муҳоҷиратанд ёрӣ мерасонад. Шавҳараш бошад то ҳол дар мактаб муаллим аст.

Орзуи иштирок дар “Фурӯғи субҳи доноӣ

Холаи Фотима аз телевизион озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”- ро тамошо карда, азм мекунад, ки дар он иштирок кунад. Қонуну қоидаи онро аз ҳамсояи ҷавонаш – Шарафмо, ки дар мактаб кор мекунад, мепурсад. Бо ёрии ин бону холаи Фотима китобҳоро низ аз мактаби деҳа гирифта мехонад.

Фотима Сулаймонова аз даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” гузашт. Ӯ осори адибони муосирро хонда истодааст.

“Асарҳои хондаам бештар аз 100 адад шуд. Осори Айнӣ, Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мӯъмин Қаноат ва дигаронро бештар мехонам”, – мегӯяд, холаи Фотима.

Имрӯз холаи Фотима 22 набераю 3 абера дорад. Қаҳрамони мо хандаи беғаши набераву абераҳояшро аз оромиву сулҳ медонад. Ӯ қадру манзалати ин неъматҳоро баъди воқеаҳои охири Афғонистон нағзтар маърифат кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button