ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ САХТ ДАР РӮДАКӢ: СТАРЕКС БО 10 МУСОФИР БА КАМАЗ БАРХӮРДААСТ

Шаби 30 сентябр, соати 03:29 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар расид, ки дар роҳи Ваҳдат ба самти Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ як садамаи марговар рух додааст. Бо дарёфти хабар дастаи наҷоти Кумита ба ҷойи ҳодиса равона шуд.

КҲФ хабар дод, ки дар Рӯдакӣ як мошини тамғаи Старекс ба мошини тамғаи КАМАЗ бархӯрдааст ва дар натиҷа 8 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, як нафар: сокини 57-солаи ноҳияи Ёвон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Шоҳидон мегӯянд, ронандаи мошини Старекс аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва сабабгори ин бархӯрди фоҷеабор шуд. 

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат и КҲФ дар шаҳри Душанбе ва кормандони БДА ш. Душанбе нӯҳ мусофирро аз дохили автомашинаи Старекс бароварда, ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол додаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садамаро таҳқиқ мекунанд.

Соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button