ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТАФСИЛОТИ ЛАТТУКӮБИ СОКИНОНИ ЧОРКӮҲ АЗ СӮИ СОКИНОНИ ҚИРҒИЗИСТОН

Як гурӯҳ сокинони наздимарзии ноҳияи Ботканди Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараи Тоҷикистон хонандагони мактабро аввал сангборон ва сипас латукӯб кардаанд. Ба иттилои Камолиддин Собиров, мудири мактаби №64 – и деҳаи Сомониён, ҳодисаи мазкур 23 сентябр, тақрибан соати 11:00 рух додааст.

Вай гуфт, хонандаҳои мактаб замони баргаштан ба хонаҳояшон мавриди сангпартоии қирғизҳо қарор гирифтаанд.

“Қирғизҳо чанд хонандаи синфҳои 10 ва 11 ро дар роҳ бо санг мезананду латукӯб мекунанд. Аз ин ҳол Ҷӯрабек Насриддинов сокини 31 солаи деҳаи Сомониён бохабар шуда ба ҳимояи хонандаҳо мебарояд, ки қирғизҳо ӯро латкӯб намуда ба хонааш даромада ҳамсар ва ду фарзандашро, ки якекӯдаки ҳанӯз ширхор ва дуюмин Эҳсонҷон хонандаи синфи 1 – ро мавриди зарбу лат қарор медиҳанд”, – иброз намуд Собиров.

Манобеъ аз Бемористони марказии шаҳри Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамлаи қирғизҳо Ҷӯрабек Насриддинов ва фарзанди ӯ зарбаи мағзӣ (сотрясение мозг) гирифтанд ва ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастанд.

Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудани се нафарро дар пайи ин ҳодисаро тасдиқ карданд, аммо аз ироаи маълумоти худдорӣ варзиданд.

Камолиддин Собиров, инчунин илова намуд, ки дар натиҷаи сангзании қирғизҳо ду хонандаи мактаби рақами 64, Ривоҷиддин Махкамов ва Шукрилло Орипов хонандаҳои синфҳои 10 ва 11 аз ноҳияи тахтапушт лат бардоштаанд.

Манбаъ: “Спутник Тоҷикистон”

Бо гузашти 30 сол аз суқути Шӯравӣ аз 970 км марзи байни ин ду кишвар ҳудуди 450 километраш то ҳол пурра таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар ин қитъаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳ ва роҳҳо баҳсу муноқишаҳо рӯй дода, гоҳо ба занозаниву ҳатто тирпарронӣ мепечанд.

Ёдовар мешавем, дар поёни моҳи апрел дар як муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 нафар кушта, ҳудуди 240 кас захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button