ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУЗДИИ 80 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА 53 500 СОМОНӢ АЗ ХОНАИ ЯК СОКИНИ ПОЙТАХТ

Зани 34-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 34-солаи сокини пойтахт ба он айбдор мешаванд, ки соати нӯҳи субҳи 19 сентябр пинҳонӣ ба хонаи сокини 28-солаи Душанбе даромада, аз он ҷо 80 ҳазор доллар ва 53 ҳазору 500 сомониро дуздидаанд.

ххххххххххххх

Рӯзи 22 сентябр, соати 17:10 дар наздик Кохи Ватан дар шаҳри Бохтар як сокини 35-солаи ин шаҳрро дар ҳолати мастӣ ду нафар аз Кӯшониён ва Вахш латтукӯб карда, ду кордаш задаанд.

хххххххххх

Соати шаши субҳи 23 сентябр бар асари чаппа шудани як мошини “Опел” дар ноҳияи Б.Ғафуров мусофири 24-солаи ин мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 24 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дуздии 80 ҳазор доллар аз ҷониби зану марди 34-сола

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 34-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, рӯзи 19-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 09:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 80 ҳазор доллари амрикоӣ ва 53 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ходисаи авбошӣ дар шаҳри Бохтар

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 35-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки рӯзи 22-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 17:10-дақиқа, ҳангоми дар назди «Кохи Ватан», воқеъ дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри мазкур дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш марди 27-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, ки пеш бо моддаҳои 244, 248 ва 334 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 29-солаи сокини ноҳияи Вахш, бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудаанд.
Сипас яке аз гумонбаршавандагон бо корд 2-маротиба ба аъзои бадани ҷабрдида задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани амалҳои мардумфиребӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 292 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аввалҳои моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота Кемри-3”-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаро ба маблағи 105 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, номбурда аввалҳои моҳи майи соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тойота Кемри-3”-ро ба маблағи 155 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаро ба маблағи 98 ҳазор сомонӣ фурӯхта, аз ин маблағ 35 ҳазор сомониро баргардонида, боқимонда 120 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонї бо ариза зани 55-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2020 марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 17 ҳазору 200 доллари амрикоӣ ҷиҳози хонаро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ҳалокати мусофир бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

Рӯзи 23-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 06:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Очилов Шарифҷон Маҳмадҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба тарафи чапи роҳ чаппа намудааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Мамаҷонов Анварҷон Мамадҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button