АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

МУЛОҚОТИ ДУ МАНСАБДОРИ ҚИРҒИЗ БО ВАЗИРИ ХОРИҶАИ “АМОРАТ”-И ТОЛИБОН ДАР КОБУЛ (3 АКС)

Қирғизистон нахустин кишвари Осиёи Марказист, ки мансабдорони баландпояи худро барои мулоқот бо намояндагони расмии “аморати исломӣ”, ки ҳаракати дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Қирғизистон  мамнӯи Толибон дар  Афғонистон эълон кардааст, ба Кобул фиристод.

Сухангӯи “аморати исломӣ” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод, ки “вазири корҳои хориҷии аморат” Амирхон Муттақӣ нимаи дуюми рӯзи 23 сентябр дар Кобул бо муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Талъатбек Масодиқов мулоқот кардааст. Дар ин дидор, бино ба иттилои сухангӯи “аморат”, сардори шӯъбаи сиёсати берунаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Жээнбек Қулубоев низ иштирок доштааст.

Дар бораи мавзӯъҳои матраҳшуда дар ин мулоқот чизе гуфта намешавад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид танҳо хабар дод, ки “дар ҷараёни мулоқот Муттақӣ-соҳиб  меҳмононро истиқбол  кард ва барои кумакашон изҳори сипос кард.” Аммо ӯ нагуфт, ки сухан дар бораи чӣ кумаке меравад? Баъдан маълум шуд, ки мансабдорони қирғиз бо худ ба Кобул ёриҳои башардӯстона бурдаанд.

Дар ҳар сурат, Қирғизистон нахустин кишвари Осиёи Марказист, ки дар чунин стаҳи баланд  бо намояндагони ҳукумати таъйинкардаи Толибон мулоқот доир кард.

Қаблан Ӯзбекистон гуфта буд, ки тақрибан ду сол боз бо намояндагони Толибон тамосҳо дошт, вале тамосҳои Тошканд ғайрирасмӣ буд ва мансабдорони чунин сатҳро фаро намегирифт. Тошканд рӯзи 14 сентябр ҳамчунин хабар дод, ки бори аввал баъди ба дасти Толибон гузаштани қудрат дар Афғонистон ба он кишвар ҳудуди 1400 тонна кумаки башарӣ фиристодааст.

Чунин ба назар мерасад, ки дар масъалаи Афғонистон  президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов мавқеи комилан зидди мавқеи гирифтаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гирифтааст.

 Қарори маълум, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки меҳварашро тоҷикони он кишвар ташкил медиҳанд, пуштибонӣ мекунад ва дар нишастҳои ахири ОДКБ ва Созмони Шанхай дар Душанбе умедвор буд, ки роҳбарони дигар кишварҳои узви ин созмон, ба хусус қудратҳои бузурге, чун Чину Русия, аз мавқеи ӯ пуштибонӣ мекунанд.

Вале Русияву Чин, тавре ба назар мерасад, то ҳол мавқеи мунтазириро пеша кардаанд. Содир Ҷабборов бошад дар нишастҳои Душанбе ба “зарурати муколама бо намояндагони ҳукумати нави Афғонистон дар мавриди роҳҳои имконпазири ҳамкорӣ бо мақсади барқарории ҳарчӣ зудтари субот дар он кишвар” таъкид мекард.

 “Мо умедвори ҳарчӣ зудтар ором шудани вазъи Афғонистон ва ташкили ҳукумати нави фарогир бо сохти давлатии барои мардуми ин кишвар мақбул ҳастем”, — гуфта буд Ҷабборов.

Ба фарқ аз дигар роҳбарони минтақа, Эмомалӣ Раҳмон бо сароҳат эълон кардааст, ки агар Толибон дар ҳукумати ояндаи худ ба тоҷикони Афғонистон ва дигар ақалиятҳои қавмии он кишвар ҷойгоҳи шоистаеро қоил наоянд, Душанбе ҳукумати  навро дар Кобул эътироф нахоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button