ТаърихТоҷикистон

КАМАРОБИ ХУНИН. СОЛГАРДИ 11-УМИ ҚАТЛИ 25 САРБОЗИ ТОҶИК

19 сентябри соли 2010 дар дараи Камароби водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон як корвони нирӯҳои давлатӣ, иборат аз 75 аскару афсар ҳадафи ҳамлаи ғофилгирона қарор гирифт.  Гуфта мешуд, ин сарбозонро ба ҷустуҷӯи маҳбусони як моҳ пеш аз боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе фироркарда ба водии Рашт фиристода буданд. Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона, бино ба иттилои расмӣ, 25 аскару афсар кушта шуданд. Манобеи ғайрирасмӣ аз куштан шудани на камтар аз 40 нафар ҳарф мезаданд.

Ин шабехуни хунин сабаби шурӯи амалиёти ҳарбии густарда дар водии Рашт шуд, ки 7 моҳ давом кард ва танҳо баъди кушта шудани Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ва Мулло Абдулло Раҳимов, ду гумонбари асосӣ дар ташкили ҳамлаи Камароб ба анҷом расид.

ҶАРАЁНИ ҲОДИСОТ: РӮЗ БА РӮЗ

СОЛИ 2010

19  сентябр: Корвони нирӯҳои вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар дараи Камароб ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Мақомот кушта шудани 25 аскару афсарро тасдиқ карданд.

20 сентябр: Мақомот изҳор доштанд, ки дар пушти ҳамлаи Камароб фармондеҳони собиқи Иттиҳоди оппозитсияи тоҷик Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ва Мулло Абдулло Раҳимов истодаанд. Дар робита ба қатли сарбозон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд.

22 сентябр: Дар водии Рашт амалиёти густардаи ҳарбӣ оғоз ёфт ва худи ҳамон рӯз аз қатли 5 тан аз ҷангҷӯён хабар дода шуд. Дар ноҳияи Рашт қуюди шабгардӣ ҷорӣ карда шуда, алоқа бо ин минтақа, аз ҷумла алоқаи мобилӣ қатъ карда шуд. Вале ширкатҳо мегуфтанд, алоқа “ба сабабҳои техникӣ” нест.

23 сентябр: ВКД хабар дод, ки фармондеҳони собиқи мухолифин Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Олим Одилов, ки низ дар ташкили ҳамлаи Камароб айбдор шуданд, дар ҳоли фирор қарор доранд. Мақомот аз боздошти яке аз ёрони Мирзохӯҷа Аҳмадов хабар доданд.

6 октябр: Дар ноҳияи Рашт як чархболи Гвардияи миллии Тоҷикистон суқут кард. Дар натиҷа ҳамаи 7 узви экипаж ва 21 афсари нирғҳои вижаи “Алфа” КДАМ ба ҳалокат расиданд.  Гуфта мешуд, чархбол дар симҳое, ки сокинони маҳаллӣ барои кашондани алаф аз кӯҳҳо кашидаанд, дармонда, чаппа шудааст.

7 октябр:  Як мошини боркаши Гвардияи миллӣ ба мина бархӯрд. 6 нафар ба ҳалокат расиданд.

СОЛИ 2011

4 январ:  Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи як амалиёти вижа дар деҳаи Руноб дар наздикии шаҳраки Ғарм Алӣ Бедакӣ ва 7 тан аз ёронаш кушта шуданд.

2 феврал:  Дар телефонҳо видеое бо номи “Боздошти Алии Бедакӣ” ба чархидан даромад. Дар видео дида мешуд, ки як марди ришдори ба Аловиддин Давлатов монандро, ки дар тан танҳо либоси таг дорад, дар дохили мошин бозпурсӣ мекунанд ва ӯро “Алӣ Бедак” ё “Бедак” гӯён нидо мекунанд.

28 феврал: Мирзохӯҷа Аҳмадов ва 11 тан аз ёронаш ба раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт омада, таслим шуданд ва силоҳҳояшонро супурданд.

15 апрел:  Эълон шуд, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа  дар марзи байни ноҳияҳои Рашту Нуробод 15 ҷангҷӯ, аз ҷумла Мулло Абдулло, кушта шуданд. Мурдаи Мулло Абдуллоро, ба гуфтаи мақомот, аз дохили як ғор ҳамроҳ бо парчами сиёҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” пайдо карданд. “Ансоруллоҳ як созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, ки ҳоло яке аз иттифоқчиёни ҳаракати Толибон дар Афғонистон дониста мешавад.

17 апрел:  амалиёти маҳви ҷангҷӯён дар водии Рашт расман ба анҷом расид.

11 ноябр: 28 сокини водии Рашт, аз ҷумла Музаффар Давлатов, падари солхӯрдаи Алии Бедакӣ, ва табибе, ки захми ӯро табобат кардааст, бо ҷурми мусоидат ба гуруҳҳои силоҳбадаст маҳкум ба зиндон шуданд.

 Тарҷума аз  “Азия Плюс”

Суқути чархболи Гвардияи миллӣ дар Рашт
Алӣ Бедакӣ

Мирзохӯҷа Аҳмадов

Мулло Абдулло

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Огои Мирзо, нарезондаю начаконда, нашр кунед.
    Дар ходисае, ки Шумо инчо кайд кардаед, на Алии Бедаки ва на Муло Абдулло ягон вобастагие надоранд ва мардуми нохияи Гарм ва дараи Камароб, инро хуб медонанд. Ин дасиса аз тарафи КДАМ ба рох монда шуда ва аз тарафи кормандони махсуси ин ниход амали карда шудааст. Чун хукуматро зарур буд, ки гранти калонро барои мубориза ба тероризму ва тоза намудани водии Каротегин аз кумандонхое, ки чашми хукумат тарсида буд.
    Чунин амалиётхои махсуси КДАМ барои аз байн бардоштани Мунаваршо Назриев ва Захарченко хам дар ин води амали гардонида шуд, ки кули мардуми Гарму кумандонхояш ба ин кушторхо ягон муносибат надоштанд.
    Исботи ин гуфтахо, ахбори видеои ВКД ва КДАМ дар бораи безарар гардонии гурухи Алии Бедаки шуда метавонад, ки чи гуна дуруг баромад ва видеои мудхиши Алии Бедаки, ки ин исботи чинояти чангии одамхурони Рахмонов мебошад, инро исбот намуд. Мардуми Рашт илова бар ин хиёнати Мирзохучаи Белги ва Шох Искандаро хама фаромуш нахохад кард!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button