ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

0, 0 ВА БОЗ 0. ИДОМАИ АФСОНАҲОИ “МОМОИ МИНЗДРАВ”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 17 сентябр  охирин арқоми марбут ба вазъи пандемияи коронавирусро дар ҷумҳурӣ нашр кард. Бино ба ин омори расмӣ, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти шаҳрвандон ба коронавирус ё марги беморон аз ин беморӣ мушоҳида нашуда, дар кишвар ягон бемори коронавирус низ боқӣ намондааст.

Вазорати тандурустӣ инак 5 рӯз боз паиҳам дар бораи ошкор нашудани ҳолатҳои нави коронавирус ҳисобот медиҳад ва аз 15 сентябр иддао дорад, ки дар Тоҷикистон ягон бемори коронавирус боқӣ намондааст.

Мунтақидон ба ин иддаои вазорати тандурустӣ бовар намекунанд ва мегӯянд, ин ниҳод ба кадом далели норӯшане дигарбора ҳамон сиёсати иштибоҳии пинҳон кардани вазъи воқеии пандемияро пеш гирифтааст. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар нимаи аввали сол ин пинҳонкориҳои вазорати тандурустӣ ба як мавҷи азими коронавирус овард, ки дар тобистони соли ҷорӣ боиси гирифтории ҳазорон нафар ва марги даҳҳо тан аз шаҳрвандон аз ин вирус шуд.

Аммо вазорати тандурустӣ вақте хабари “ба нестӣ расидани пандемия дар Тоҷикистон”ро эълон кард, гуфт, чораҳои андешидаи мақомот, ба хусус маъракаи саросарии ваксиназанӣ сабаб шуд, ки доманаи пандемия дар Тоҷикистон ба ҳадди сифр расонда шавад. Ба ҳисоби вазорат, беш аз 2 миллион аз аҳолии калонсоли кишвар ҳадди ақал як вояи ваксина ва беш аз 1 миллион нафар ҳарду вояи ваксинаро алакай гирифтаанд.

Тибқи нақшаи миллӣ, қарор аст, дар Тоҷикистон ҳамаи 5,8 миллион аҳолии синнашон аз 18 боло аз коронавирус ваксина бигиранд. Барои ин наздики 12 миллион вояи ваксина лозим аст. Тоҷикистон то имрӯз тавассути барномаи КОВАКС ба таври ройгон наздики 5 миллион вояи ваксинаи зидди коронавирусро ройгон ба даст овардааст.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, дар умум аз оғози бақайдгирии пандемия то шоми 17 сентябр дар Тоҷикистон 17 084 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумор 16 960 нафар шифо ёфтаву 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button