ИқтисодҶомеа

МАРГИ ЯК ХОНАНДАИ МАКТАБ ДАР ПАХТАЧИНӢ ДАР ЗАФАРОБОД

Зафаробод дар майдони пахта зери чархи трактор монда ҷон бохт.

Гулсара Назирова модари Меҳронаи Фурӯзон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, духтараш ҳамагӣ 15 сол дошт. Ӯ дар марги духтараш омӯзгоронро айбдор медонад, ки иҷборан ба ҷамъоварии пахта бурда бетаваҷҷӯҳ гузоштанд ва то шом дар майдон нигоҳ доштанд.

Ба гуфтаи Гулсара ҳодиса тақрибан соати 19:30 дақиқа рух додааст. Ронанда бехабар аз хонандагон, ки назди ядак (тележка) дар торикӣ интизори бозгашт ба хона буданд, тракторро идора кардааст. Ба ғайр аз Меҳрона боз ду ҳамсинфаш назди ядаки трактор қарор доштаанд.

“Шоҳидони ҳодиса ду ҳамсинфаш ҳастанд. Яке аз онҳо гуфт, ронанда тракторро тез аз ҷой ба ҳаракат даровард ва ядаки он ба китфи Меҳрона расида ӯро ба замин афтонд. Дар торикӣ ронанда надидаст ва трактор аз болои духтарам гузашта рафтаст. Хонандагон ӯро баъди ҷароҳати вазнин аз замин бардоштаанд, аммо ӯ ҳалок шудааст. Муаллима он вақт дар назди ин хонандаҳо набудаст, ҳарчанд ӯ бояд хонандагонро сарҷамъ мекард”, – бо алам мегӯяд Гулсара Назирова.

Ин модар аз фавти духтараш дар Беморхонаи шаҳри Хуҷанд, ки ду рӯз пеш он ҷо бистарӣ шуда буд, огоҳ шудааст ва аз рафтани Меҳрона ба пахтачинӣ бехабар будааст.

“Ба Меҳрона гуфта будам, то аз беморхона омадани ман ба пахтачинӣ наравад. Ӯ ба хоҳараш гуфтааст, ки муаллимон маҷбур мекунанд ба пахтачинӣ биёед. Баъд ҳамроҳи як ҳамсинфаш Сарвиноз рафтааст, онҳоро як омӯзгорзан роҳбарӣ мекардааст. Бояд соати 17:00 онҳоро аз майдони пахта мебароварданд, амммо набаровардаанд. Духтарам ба хона занг зада гуфтааст, дертар меравам, хавотир нашавед, аммо… ”, – нақл мекунад Гулсара.

Яке аз пайвандони наздики хонаводаи Назаровҳо дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт гурӯҳи тахмин 30-нафараи хонандагони МТМУ №2 рӯзи душанбе баъди анҷоми дарс нисфирӯзӣ ба пахтачинӣ рафта буданд. Хонандагонро Қаюмова Гулчеҳра ном омӯзгор роҳбарӣ мекард ва ин гурӯҳ барои ҷамъоварии пахта ба Хоҷагии ёрирасони Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд, ки наздик ба маҳаллаи Мехнатобод аст рафта буданд.

Ӯ мегӯяд, бегоҳии он рӯз гурӯҳе аз хонандагонро бо нақлиёт ба хонаҳояшон оварданд, ба гурӯҳе нақлиёт пайдо нашуд ва то торикӣ дар майдони пахта мондаанд. Байнашон Меҳрона ҳам буд.

“Се хонандаи синфи 9 болои присеп интизори нақлиёт буданд. Ронанда якбора тракторро меронад ду духтар зуд мефароянд, Меҳрона якбора афтода зери чарх мемонад. Зане, ки ӯ ҳам ба пахтачинӣ рафта буд ҳодисаро мебинад ва зуд рафта бо нури фанарик дидааст, ки ӯ Меҳрона аст. Каме овоз бароварда ду бор чуқур нафас кашида дар ҳамон ҷо ҷон додааст. Баъд кормандони мақомоти милитсия ӯро ба беморхона меоранд”, – нақл кард ин манбаъ.

Гулсара Назирова модари Меҳрона мегӯяд, “омӯзгорони мактаб шабона хонандагонро ҷамъ карда гуфтаанд, ки касе шуморо пурсад гӯед, ки мо назди Меҳрона набудем ва ӯро надидаем”.

“Оё ин худсафедкунӣ нест?”, – савол мегузорад Гулсара.

Соли 2009 истифодаи меҳнати кӯдакон ё хонандагони мактабу донишҷӯён дар ҷамъоварии пахта бо фармони алоҳидаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва вазорати маориф манъ шуда буд.

Мақомот: “Мо хабар надорем, бо хоҳиши худашон рафтанд”

Ба гуфтаи сокинон, мақомоти милитсия дар Зафаробод ҳудуди 80 гектар замин дорад. Дар мавриди он, ки ин гурӯҳи хонандагон чӣ тавр ба Хоҷагии ёрирасони мақомоти милитсия ба пахтачинӣ рафтанд ин ниҳод расман то ба ҳол чизе нагуфтааст.

Рӯзи 16 сентябр, дар шӯъбаи матбуоти Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз ин ҳодиса хабар надоранд ва чунин ҳодиса дар мақомоти онҳо сабт нашудааст.

Мудири маорифи ноҳияи Зафаробод Дилафрӯз Ниёзқулова дар суҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ кард. Ӯ кӯтоҳ гуфт: “ин хонандагон бо хоҳиши худашон баъди дарс ба хоҷагӣ барои ёрдам пахтачинӣ рафтанд. Ман номи хоҷагиро намедонам”.

Дар вилояти Суғд ҳамагӣ чаҳор рӯз пеш мавсими ғунучини пахта оғоз шуд. Беш аз ҳазор нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ бо роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 11 сентябр ба ёрии пахтакорон рафтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button