БОЗДОШТИ БОЗ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИК ДАР ПОЛША БАРОИ АЗ МАРЗ ГУЗАРОНДАНИ МУҲОҶИРОН
Рӯзи шанбе, 11 сентябр марзбонҳои Полша (Лаҳистон) аз 244 кӯшиши убури ғайриқонунии марзи ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо аз самти Беларус пешгирӣ кардаанд. Хадамоти марзбонии Полша дар Твиттераш хабар дод, ки: “Ду муҳоҷир аз Сурия дастгир гардида, боқимондаро ба марзи Полша роҳ надоданд ва ба Беларус баргардонданд. Ҳамчунин 4 хориҷӣ: шаҳрвандони Эрон, Камерун, Гурҷистон ва Тоҷикистон барои кумак ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир шуданд.” Тафсилоти дигар оварда нашудааст.
Дар ин ҳафта ин алакай дуюмин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо иттиҳоми аз марзи Полша гузарондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дастгир мешавад.
Нашрияи RMF24 рӯзи 8 сентябр аз қавли сухангӯи Хадамоти марзбонии Полша хабар дода буд, ки 6 нафарро дар марзи ин кишвар бо иттиҳоми кумак ба интиқоли ғайриқонунии паноҳҷӯён дастгир кардаанд. Дар байни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Олмон, Финляндия, Тоҷикистон, Сурия, Ироқ ва як ироқии соҳиби шиносномаи Полша будаанд.
Анна Михалская, сухангӯи Хадамоти марзбонии Полша гуфт: “Ба зидди ҳамаи онҳо бо иттиҳоми кумак ба убури ғайриқонунии марзи давлатии Полша айбнома эълон шудааст. Онҳо асосан ба қабули муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва интиқоли онҳо ба дарунтари қаламрави Полша ва кишварҳои дигар машғул будаанд.”
Яке аз дастгиршудаҳо дар Варшава дар як ширкати машҳури нақлиётӣ кор мекардааст. Шаҳрванди дастгиршудаи Сурия дар Олмон ва шаҳрванди Тоҷикистон дар Полша ҳаққи иқомат дошта, шаҳрванди Финландия дар асл зодаи Сурия буда, ироқии дастгиршуда дар Латвия паноҳҷӯ будааст. Додситонӣ ба зидди онҳо парванда кушодааст, вале нисбат ба ин афрод алакай раванди ихроҷ аз қаламрави Полша ба кишвари аслиашонро шуруъ карда, онҳоеро, ки шаҳрвандӣ надоранд, барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба минтақаи Шенген маҳрум мекунанд.
Полшаву Литва, ду кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Шенген, як масири умдаи интиқоли муҳоҷирону паноҳҷӯён аз Шӯравии собиқ ба шумор мераванд. Паноҳҷӯёни тоҷик низ асосан аз тариқи Полша ва Литва вориди Иттиҳоди Аврупо мешаванд.
Мақомоти Полша ва Литва мақомоти Беларусро ба ташкили ҳадафмандонаи мавҷи фазояндаи муҳоҷирону паноҳҷӯён ба Аврупо айбдор мекунанд ва мегӯянд, ҳукумати Лукашенко бо ин роҳ мехоҳад барои пуштибонии Полшаву Литва аз мухолифини беларус интиқом бигирад. Ҳукумати Лукашенкоро аз ҷумла ба он айбдор мекунанд, ки барои интиқоли паноҳҷӯён аз Ховари Миёна парвозҳои мустақимро аз Бағдод ба Минск ба роҳ монда, паноҳҷӯёнро худашон ҳидоят мекунанд, ки ба самти марзи Полша ва Литва сарозер шаванд.