ОШКОР ШУДАНИ БОЗ 18 ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 8 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 18 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар айни замон 15 нафар пас аз муолиҷа аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия то шоми 8 сентябр дар кишвар 17 042 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 901 нафар (99,2%) шифо ёфта, мутаассифона, 124 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.
Аз омори расмии вазорат бармеояд, ки то шоми 8 сенябр дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористон ҳамагӣ 17 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд. Ин ҳатто камтар аз 18 нафарест, ки ба коронавирус сироят шудани онҳо тоза рӯзи 8 сентябр ошкор шудааст.