ВидеоСиёсатТоҷикистон

ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК БАРНОМАИ АМАЛАШРО МУАРРИФӢ КАРД

Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ), як эътилофи дар худи Тоҷикистон феълан мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик, ки асосан дар Аврупо амал мекунад, рӯзи 5 сентябр дар як ҳамоиш дар Варшава маромномаи худро муаррифӣ кард.  ПМТ дар ин барномааш мегӯяд, ки бояд дар Қонуни асосии Тоҷикистон ивазшавандагии конунии мақомоти олии кишвар замонат дода шуда,  муҳлати ваколатҳои президент мушаххас гардад ва кӯшиши тағйири ин усул ҳамчун кӯшиши ғасби ҳокимият маънидод шавад.

Ҳамин тавр, оппозитсияи тоҷик хостори маҳдуд кардани доираи ваколатҳои президент маҳдуд  ва ваколатҳои парлумон ва сарвазир баракс васеъ карда шаванд ва раҳбарии давлат ба президент, вале раёсати ҳукумат ба сарвазир вогузор шавад. ПМТ ҳамчунин мехоҳад, ки тамоми раисони ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо интихобӣ бошанд, Маҷлиси миллӣ, маҷлисти болоии парлумони Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди нолозима аз байн бурда шавад, комиссияҳои интихобот мустақил шаванд ва ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлат дастгирии молиявӣ пайдо кунанд.

Ин эътилофи мухолифини тоҷик ҳамчунин хостори аз ҷониби парлумон таъйин шудани судяҳо ва ба Додгоҳи конститутсионӣ додани ҳаққи тафсири Қонуни асосӣ шуда, суди ҳарбӣ аз байн бурда шавад.

ПМТ ҳамчунин хостори ихтисори БДА ва Агентии мубориза бо коррупсия ва таъсиси як ниҳоди якгонаи тафтишотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ шуда, ислоҳи куллии низоми зиндонҳоро талаб кардааст.  

Мухолифини тоҷик ҳамчунин хостаанд, ки иқтисоди кишвар ғайримонополӣ карда шуда, монополия дар соҳаи алоқа, аз ҷумла Маркази ягонаи коммуникатсионӣ аз байн бурда шавад.

ПМТ хостааст, ки ба хотири аз байн бурдани фасоди идорӣ, маоши кормандони давлатӣ баланд

бардошта шавад, вале мансабдорон эъломияҳои андози худро ба таври шаффоф дар дастраси умум қарор бидиҳанд.

ПМТ ҳамчунин хостори омӯзиши батадриҷи алифбои ниёгон ва дар муддат 5 сол гузаштан ба артиши касбӣ дар Тоҷиктистон шудаанд. ПМТ мехоҳад дар мактабҳо ба шакли факултативиӣ дарси дин низ ҷорӣ карда шуда, интихоби либосро барои шаҳрвандон озод бигузоранд.

ПМТ ҳамчун эътилофи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик моҳи сентябри соли 2018 дар ҳамин пойтахти Полша таъсис ёфта, ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҳаракати ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупоро муттаҳид мекунад.

Роҳбари ПМТ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Мунтақидон ин эътилофро барои он танқид мекунанд, ки ба ғайр аз ҲНИТ дигар созмонҳои узваш ҷунбишҳои пуртарафдор нестанд ва созмонҳои нисбатан фаъолтари оппозитсионӣ, ба мисли “Гуруҳи 24” ба он напайвастанд.

Фаъолияти ПМТ дар Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи олӣ аз 15 августи соли 2019 расман манъ карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button