ИқтисодНомаҳо ба президентНуқтаи назар
АКСИ РӮЗ: НАРХИ ГАЗ – 9 СОМОНӢ!

Журналисти тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки ҳоло бо мусофиркашонӣ рӯзгорашро пеш мебарад, аксеро нашр кардааст, ки ба 9 сомонӣ расидани нархи газ дар яке аз нуқтаҳои сӯхтфурӯшии ширкати “БензОйл”-ро нишон медиҳад.
Дар акс ронандаеро мебинем, ки дар канори лавҳаи нархҳои “БензОйл” нишастааст.
“Нархи 1 литр гази моеъ дар ш.Душанбе то ба 9 сомонӣ расид!!!
Ронандае нархи гази моеъро диду мошини бесӯзишворӣ мондаашро назди лавҳаи НФС гузошта, бодиққат ба нархҳои газу бензин нигоҳ мекард…
Ӯ мунтазир шуд…
Мунтазири арзон шудани нарх…
Оё интизории ӯ зуд ба поён мерасад ё пештар аз ин думи уштур ба замин хоҳад расид?…” – навиштааст муаллиф дар зери ин акс.