ВидеоИқтисод

30 МЕТРИ РОҲИ НАВБУНЁДИ ВОСЕЪ – ХОВАЛИНГ БАР АСАРИ БОРИШОТ ФУРӮ РАФТААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 29 апрели соли 2024 як қитъаи роҳи  Восеъ Ховалинг бар асари боришоти пай дар пай фурӯ рафтааст. Ин роҳи муҳим дар ҷанубушарқи Тоҷикистон ҳамагӣ чанд сол пеш бо сарфи беш аз 600 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати хитоии “Синдром” навсозӣ шуда буд.

Бино ба маълумоти  бахши Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон, асри рӯзи 29-уми апрел, тахминан соати 19:09, бар асари бориши боронҳои пай дар пай дар ноҳияи Ховалинг дар километри 60400-и шоҳроҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи самти ноҳияи Восеъ – Ховалинг  фурӯравии роҳ бо дарозии 30 метр ва паҳнои 3,5 метр ба қайд гирифта шуд.

Дар айни замон роҳ дар мавзеи мазкур муваққатан баста аст.

Роҳи 88- километрии Восеъ – Ховалинг ҳамагӣ чанд сол қабл бар пояи 32 миллион доллар гранти Бонки осиёии рушд навсозӣ шуда буд. Иҷрои ин барномаро ба ширкати хитоии “Синдром” супурда буданд. Дар ҷараёни навсозӣ хароҷоти лоиҳа хеле афзоиш ёфт ва моҳи октябри соли 2016 дар пайи маросими кушодани роҳи навсозишуда гуфта буданд, ки барои аз нав сохтани роҳ беш аз 600 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.

3 октябри соли 2016 роҳи Восеъ – Ховалинг дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

 Рӯзҳои охир дар Тоҷикистон обу ҳавои номусоид ҳукмфармо буда, боришоти шадид боиси фурӯ рехтани сел дар манотиқи мухталиф шудааст. Рӯзи 30 апрел дар қисмати Зарафшони роҳи Душанбе – Хуҷанд ҳатто барф зад, вале ҳаракати нақлиёт тавассути ин ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон қатъ нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бар асоси маълумоти Агентии ҳавошиносӣ хабар дод, ки шабонарӯзи оянда низ дар баъзе навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва ноҳияҳои ғарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумита такроран ба сокинон муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили ин дарёҳо, кӯҳу доманакӯҳҳо худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хост, ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт кунанд, ба ғунучини гиёҳҳои дорувор, қорч (занбурӯғ), ҳезум машғул нашаванд ва ба шикору моҳидорӣ нараванд. Аз сокинон хоста шудааст, ки сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаву сангу рег тоза кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button