МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ
ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ ЯК КОРГАРИ ТОҶИК ЗЕРИ ПЛИТАИ СЕТОННАӢ МОНДААСТ
Дар шаҳри Екатеринбурги Русия як коргари сохтмон зери плитаи бетонии сетоннаӣ мондааст. Ин ҳодиса ҳангоми таъмири бинои собиқ боғчаи кӯдакон дар кӯчаи Ясная, 34/А, рӯй додааст.
Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Екатеринбург гуфтаанд, ки муҳоҷири 36-сола аз Тоҷикистонро бо осеби косахона ва мағзи сар, дасту пои шикаста ва ҷароҳатҳо дар ноҳияи шикамаш дар шуъбаи реаниматсияи шифохонаи клиникии №1 (ОКБ№1) бистарӣ кардаанд. Табибон ҳоло барои наҷоти ҷони ӯ мубориза бурда истодаанд.
Исми коргари тоҷик нашр нашудааст.
Кумитаи тафтишот ин ҳодисаро тафтиш мекунад.