Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

АЗ АҶАЛ ҶОИ ГУРЕЗ КУ? РИЗВОНА ҲАЁТОВА БАРОИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУС БО УМЕД БА ҲИНДУСТОН РАФТ, ВАЛЕ…

Табиби шинохта,  акушер-гинекологи Таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе Ризвона Ҳаётоваро субҳи 11 август дар оромгоҳи Саросиёи шаҳри Душанбе дар паҳлуи мазори падараш ба хок супурданд.

Намози ҷанозаи Ризвона Ҳаётова дар масҷиди Сариосиё соати ҳафти субҳ бо ширкати садҳо нафар ва бо имоматии муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гузашт.

Яке аз иштирокчиён гуфт, дар маросими видоъ даҳҳо мансабдори баландпоя ва шахсиятҳои бонуфуз, аз ҷумла домоди калонии Ризвона Ҳаётова – муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон ва қудояш Нуршед Машрабов, молики бозори “Корвон” иштирок доштанд.

Бино ба иттилои манобеи огоҳи “Бомдод” Ризвона Ҳаётова рӯзи 8 август ду рӯз баъди ҷарроҳӣ шуданаш дар шаҳри Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон дар синни 56 аз бемории коронавирус даргузашт. Ҷанозаи ӯро аз Ҳиндустон аз тариқи Тошканд оварданд ва шоми 10 август ба Душанбе расонданд.

“Марҳум Ризвона Алимовна ва шавҳараш ҳарду гирифтор шуда буданд. Шавҳараш шифо ёфт, вале ҳамсараш, ки ба як шакли нодири коронавируси ҳиндӣ (штамми Делта) сироят ёфта буд, сахт азоб кашид. Бемории коронавирус дар ӯ ба шакли варами киста дар даҳону гулӯ хуруҷ кард, ки мисли бемории қанд баданро хӯрда мерафт. Дар Тоҷикистон ягон 20 нафар ба ин шакли коронавирус гирифтор шуданд ва, мутаассифона, ягон нафараш наҷот наёфт. Ташхисҳои Ризвона Ҳаётоваро ба Ҳиндустон фиристода буданд ва аз он тараф гуфтанд, ки оҷилан биоредаш. Ягона писараш модарашро як ҳафта пеш бо умед ба Ҳиндустон бурд, вале аз он тараф ашк дар чашм мурдаашро  овард. Аз аҷал ҷои гурез нест…” – нақл кард яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод”.

Ҳаётова Ризвона​ Алимовна 13 майи соли 1965 дар шаҳри Душанбе​ ба дунё омада,​ дар мактаби миёнаи​ №8 шаҳри Душанбе таҳсил намудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1982​ ​ ба Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ​ ибни ​ Сино дохил шуда, онро​ соли 1988​ бо баҳои​ аъло ​ ​ хатм намуда, аз соли 1988​ то соли 1991 дар ординатураи клиникӣ таҳсил намудааст. Баъди бомуваффақият​ хатми ординатураи клиникӣ бо роҳхати Вазорати тандурустӣ аз соли 1999 то соли 2010 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғараи Вилояти Хатлон, ҳамчун табиби акушер гинеколог фаъолият намуда,​ дар ин муддат ду маротиба ба вакили мардумии​ вилоят интихоб гардидааст.

Ҳаётова Ризвона​ Алимовна аз соли 2010 то ин ҷониб дар таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе​ фаъолият мекард ва чанд сол сартабиби ин муассиса буд.​

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар номаи таслияташ  Ризвона Ҳаётова ҳамчун “як инсони хирадманду оқилу заминӣ, зебосиритшту зебопараст, табиби дараҷаи олӣ, модари мушфиқ ва зани меҳрубону меҳнатдӯсту меҳмондӯст” тавсиф шудааст. ​“Ҳаётова Ризвона​ Алимовна хамеша бо нигоҳи пурмеҳри инсондӯстона, муносибати​ софдилона, суханҳои нарму хирадмандона,​ малакаи баланди касбӣ ба дарди​ беморон​ даво​ бахшида, дар ҷомеъа​ чун сарсупурдаи касби бошарафи хеш маъруфият дошт. Шахсе буд, ки аќлу идрок​ ва​ чахонбиниаш то ба хадде​ буд,​ ки рашки бурдбории дигаре бар вучудаш бегонаву,​ шўхрату шукўхи дуньё​ надошт.Ӯ дардҳоро мегирифт ва ба инсонҳо​ бебаҳотарин​ ганҷ​ – саломатӣ, мебахшид”, –  гуфта мешавад дар номаи таслият.

Маркази тиббии №2 ш. Душанбе дар номаи таслияташ Ризвона Ҳаётоваро бонуи ҳунарманд ва нодирагуфтору нодиракирдор ва табиби номие номид, ки ҳазорон модару фарзандро аз чанголи марг раҳонидааст.

Эй марг, басо пиру ҷавонро бурдӣ,

Ризвонаи чашми кордонро бурдӣ.

Сӯзад дили зори мо ба маргаш имрӯз,

Гулдастаи боғи ормонро бурдӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button