69 КАС БЕМОР ШУД, 76 КАС ШИФО ЁФТ: ОМОРИ ХУШБИНОНА, ВАЛЕ ШУБҲАОВАРИ КОРОНАВИРУС

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 2 август хабар дод, ки давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 69 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, бино ба иттилои вазорат, дар ин муддат 76 нафар пас аз муолиҷа аз коронавирус шифо ёфта, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 2 август дар кишвар 15219 нафар гирифтори COVID-19 шуда, аз ин шумор то шоми 2 август 14705 нафар (96,6%) шифо ёфта, 121 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.
Бар асоси ин омори вазорати тандурустӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 393 нафари гирифтори коронавирус таҳти табобат қарор доранд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон инак 4 рӯз паиҳам дар омори расмиаш шумори шифоёфтагонро нисбат ба сироятшудаҳо бештар нишон медиҳад ва ҳисобот медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ягон мавриди фавт аз коронавирус сабт нашудааст.
Аммо мунтақидон ба ин омори расмӣ бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд ва бар инанд, ки зоҳиран вазорати тандурустӣ дигарбора рӯ ба шеваи “таҳрир”-и арқоми коронавирус овардааст.
Дар рӯзҳои охир, ба гуфтаи як мусоҳиби мо, танҳо дар Ҳисор дастикам 5 нафар аз коронавирус ҷон бохтанд. Ҳамчунин дар расонаҳо аз марги Ҷомӣ Сафаров,як соҳибкор аз Данғара ва дар бемористони Душанбе фавтидани Зикрулло Шарипов, соҳибкори маъруфи тоҷики муқими Маскав хабарҳо нашр шуд. Вале вазорати тандурустӣ дар ҳисоботҳояш исрор меварзад, ки чанд рӯз боз дар Тоҷикистон ягон ҳолати марги шаҳрвандон аз коронавирус сабт нашудааст.