Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 2 август хабар дод, ки ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Ҳакимов Ҳакимхон, техник-заминсози Корхонаи давлатии фаръии “Суғдзаминсоз” анҷом ёфта, ин парванда дар пайи тасдиқ шудани фикри айборкунӣ барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шудааст. Ҳакимхон Ҳакимзода бар асоси банди “а”-и қисми сеюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи бузург ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник-заминсози КДФ “Суғдзаминсоз” фаъолият карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А”, барои тайёр карда додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин барои манзили истиқоматии сохтмонаш нотамом дар якчанд ҳолат дар маҷмӯъ маблағи 3700 доллари ИМА-ро талаб карда гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳои зикршударо тасарруф намудааст, ки бо ин кирдораш ба шаҳрванд зарари калони моддӣ расонидааст.”
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикисто ҳафтаи гузашта аз анҷоми тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Аскар Раҳимзода, собиқ муҳандиси заминсози ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор хабар дода буд, ки низ ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешуд.
Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфта буд: “Раҳимзода Аскар Зоирҷон дар вазифаи сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор кор карда истода дар давраи фаъолияти кориаш қасдан, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи ваколати мансабӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ду ҳолат ҷамъ маблағи 7000 сомонӣ гирифта, тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накардааст”.
Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон ду ҳафта пеш гуфт, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 8928 гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати аввалааш баргардонданд.”
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода рӯзи 21 июл дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки “замин имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст. Мо кормандони беинсофро аз кор меронем ва ҷазо медиҳем. Аз тарафи дигар, кадрҳои бовиҷдон ва саводнок намерасанд.”
Ориф Хоҷазода гуфт, дар мақомоти прокуратура дар робита ба муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаҳои замин 134 парванда боз шуда, дар ин парвандаҳо номи 11 корманди кумитаи замин, 40 корманди корхонаи “Сабти амволи ғайриманқул” ва 15 заминсозони ҷамоатҳо зикр мешаванд.Ӯ хабар дод, ки ахиран 8 раиси кумитаҳои идораи замини маҳаллӣ ва 9 директори корхонаҳои фаръии “Сабти амволи ғайриманқул” барои роҳ додан ба қонуншиканӣ аз мансабҳояшон барканор шуданд.