ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР АВТОВОКЗАЛИ ДУШАНБЕ ВА ДУЗДИИ КОМПЮТЕРУ 21 ТЕЛЕФОН АЗ БОЗОРИ “ҲОҶӢ ШАРИФ”

Ноболиғи 17 ва марди 27-солаи сокини Душанбе, ки якеаш пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст , ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 20 июл, соати 14:30 дар назди бинои «Автовокзал» дар дохили маршрути хатсайри №15 бо роҳи зӯроварӣ аз дасти як ноболиғи 15-сола телефони мобилии тамғаи «Ҳуавей», нархаш 1500 сомониро кашида гирифтаанд.

ххххххххххххххххх

Ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати С.Айнии ноҳияи Хуросон ба он гумонбар мешавад, ки санаи 15 ба 16-уми июл, бо роҳи пинҳонӣ вориди дӯкони фурӯши телефонҳои мобилии як сокини 31солаи Бохтар  дар бозори “Ҳоҷӣ-Шариф” шуда, аз онҷо 16 адад телефонҳои гуногунтамға, 30 адад батареяи телефони мобилӣ ва дигар қисмҳои эҳтиётии телефонҳои мобилиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 805-сомониро ташкил медиҳад.

Ин ҷавон ҳамчунин ба он гумонбар мешавад, ки санаи 15 ба 16-уми июли соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз як дӯкон дар ҳамон бозор як компютер, 5 телефон, 6 “МР-3”, 25 адад қувадиҳандаи телефони мобилӣ ва гӯшмонакҳоро дуздида, ба соҳиби бор 6 805 сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ду нафар бо гумони содир намудан ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ноболиғи 15-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 20-уми июли соли 2021, тахминан соати 14:30-дақиқа дар назди бинои «Автовокзал» дар дохили маршрути хатсайри №15 шахсони номаълум бо роҳи зуроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Хуавей»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2 ҳазор 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17 ва марди 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани дуздии телефонҳои мобилӣ ва қисмҳои эҳтиётии он

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 15 ба 16-уми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони фурӯши телефонии мобилиаш, воқеъ дар бозори ҶДММ (Ҳоҷи-Шариф) шуда, аз онҷо 16-адад телефонҳои гуногун тамға, 30-адад батареяи телефони мобилӣ ва дигар қисмҳои эҳтиётии телефонҳои мобилиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 805-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, номбурда санаи 15 ба 16-уми июли соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони фурӯши телефонии мобилиаш, воқеъ дар бозори ҶДММ (Ҳоҷи-Шариф) шуда, аз он ҷо 1-адад компютери тамғаи (ПР), 5-адад телефонҳои гуногун тамға, 6-адад “МР-3”, 25-адад қувадиҳандаи телефони мобили ва гушмонакҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 805-сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button