ВидеоДин ва боварҳо

КОНСЕРТ ДАР МАСҶИДИ ДЕҲАИ НАВДИИ НОҲИЯИ РАШТ ( ВИДЕО)

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеоеро фиристоданд, ки дар он лаҳзаҳои консерт дар масҷиди деҳаи Навдии ноҳияи Рашт сабт шудааст. Дар видео дида мешавад, ки дар масҷид барои як гуруҳи ҷавонон дастурхон оростаанд ва овозхонҳоро ҳам даъват кардаанд, ки барояшон тарона мехонанд.

Онҳое, ки ин видеоро фиристоданд, хабар доданд, ки ин ҷавононро мақомот маҳаллӣ субҳи барвақти 22 июл барои иштирок дар чорабинии саросарии “Марз 2021” даъват кардаанд ва  ба хотири он ки ҷавонон барои иштирок дар ин чорабинӣ ҳавасманд шаванд, барояшон дар масҷиди деҳа хӯрду хӯрок ва ҳатто консерт ташкил кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот то субҳ дар масҷид рақсу бозӣ ташкил карда, ҷавононро ба рақс медароварданд ва ба касе  иҷозат намедоданд, ки ба хона биравад.

Ёдовар мешавем, соати чори субҳи 22 июл, бо фармони президент ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш  Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, чунин кор дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори аввал ва  бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо  доир карда шуд. Хадамоти матбуот дар тӯли чоруним соат аз ҷараёни ин чорабинӣ, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд,  пахши мустақим барпо кард.

Дар чорабинӣ 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.

Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ ҷамъбаст гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button