ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

25 ҲАЗОР НАФАР БОЯД АФВ ШАВАНД: ГУРУҲИ КОРӢ БА ТАҲИЯИ ҚОНУНИ АФВИ ТИЛЛОӢ ШУРӮЪ КАРДААСТ

Бо супориши президенти Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи афви” пардохт, хабар додаст ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи ин манбаъ, гурӯҳи кории иборат аз ҳуқуқшиносон ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд то охири моҳи август лоиҳаи қонунро ба сарвари давлат пешниҳод кунанд.

Ба истилоҳ “авфи тиллоӣ”, ки бо ташаббуси президент ба ифтихори 30-солагии Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, зиёд аз 25 ҳазор нафар гумонбаршудагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро фаро гирифта метавонад”, – зикр кард манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, барои қабули лоиҳаи қонуни афв охири моҳи август ё аввали моҳи сентябр вакилони палатаи поёнии парлумон аз таътили тобистона бозхонд мешаванд.

Маъмулан дар ҷумҳурӣ ба ифтихори солгарди ҷашнҳои давлатӣ авф эълон мешавад. Ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар соли 2019 зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳкумшуагон мавриди авф қарор гирифтанд. Соли 2014 дар солгарди 20-солагии қабули Конститутсия қонуни авф 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-умин солгари истиқлолияти давлатӣ – 15 ҳазор нафарро фаро гирифт.

Ёдовар мешавем, авввалин шуда пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳанӯз 25 май хабар дода буд, ки моҳи август дар Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии истиқлоли кишвар “афви тиллоӣ” эълон карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button