МОҲИ АВГУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН “АФВИ ТИЛЛОӢ” ЭЪЛОН МЕШАВАД
Қарор аст, дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар ин кишвар як қонуни афви саросарӣ қабул шавад. Бархе манобеи наздик ба марказҳои масъули таҳияи тарҳи қонуни афв аз ҳоло онро “афви тиллоӣ” ном мебаранд. Ба гуфтаи мусоҳибони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ин қонуни афв шояд алакай моҳи август қабул шавад, то маҳбусони афвшуда битавонанд 30-солагии истиқлоли Тоҷикистонро, ки 9 сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, дар озодӣ, дар канори наздиконашон ҷашн бигиранд. Бино ба бархе ҳисобҳо, афви нав метавонад аз 15 то 20 ҳазор нафар, аз ҷумла беш аз 50 фоиз аз ҳудуди 11 ҳазор маҳбусро фаро бигирад.
Ин алакай қонуни 17-уми афв аст, ки дар Тоҷикистон қабул мешавад.
Манобеи наздик ба таҳияи тарҳи нави қонуни афв мегӯянд, афви навбатӣ тибқи маъмул маҳбусони кӯҳансоли синнашон аз 60 боло, занон, маҳбусони гирифтори сил ва дигар бемориҳои вазнинро фаро бигирад. Ҳамчунин онҳое, ки бо ҷиноятҳои барои ҷомиа начандон хатарнок, мисли дуздӣ, қаллобӣ зиндонӣ шудаанд ваё барои аъмоле, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марг ё ҷароҳат бардоштани инсонҳо шудааст (барои мисол, ронандагони гунаҳкор дар садамаҳо) метавонанд мавриди афв қарор гирифтанд.
Манобеи “Бомдод” мегӯянд, “афви тиллоӣ” метавонад як идда аз маҳбусони машҳурро низ дар бар бигирад. Як манбаи “Бомдод” эҳтимоли бар асоси ин афв озод шудани ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидовро истисно накард: “Иттиҳоми зидди Иззат Амон танҳо қаллобӣ аст, ки дар сурати ҷуброни зарари расондашуда ба ҷабрдидаҳо, ӯ метавонад ба осонӣ мавриди афв қарор бигирад. Дар масъалаи Зайд Саидов мушкил сари иттиҳоми таҷовуз ба номус аст. Одатан ҷиноятҳои зидди шахсият, аз ҷумла таҷовуз ба номус мавриди афв қарор дода намешаванд, вале дар парвандаи Зайд Саидов ба ҳама маълум аст, ки иттиҳоми таҷовуз ба номус як иттиҳоми бофта буд ва шояд он бозбинӣ шавад, то ки ин соҳибкори тоҷик баъди 8 соли пушти панҷара ба сар бурданаш билохира ба озодӣ барояд.”
Иззат Амон рӯзи 25 марти соли ҷорӣ ба таври мармуз аз Маскав ба Душанбе оварда шуд ва парвандааш ҳанӯз ба дасти додгоҳ нарасидааст. Рӯзи 25 май замони ҳабси ӯро барои боз ду моҳи дигар тамдид карданд.
Зайд Саидов 19 майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дар дохили ҳавопаймое, ки бо он аз сафари Аврупо баргашта буд, дастгир ва бо иттиҳомоти иқтисодӣ ва таҷовуз ба номус ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.
Манобеи “Бомдод” мегӯянд, дар баробари Иззат Амон ва Зайд Саидов чанде аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла бархе аз аъзои “Гуруҳи 24”, пайравони Салафия, зиндонишудаҳои парвандаи Ихвонулмуслимон ва онҳое, ки барои лайк гузоштан зиндонӣ шудаанд, мавриди афв қарор бигиранд. Вале онҳо эҳтимоли афви роҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро дар шароити имрӯза баъид мешуморанд.
“То кунун ягон аломати сабуктар шудани дидгоҳи Душанбе нисбат ба ҲНИТ ба назар намерасад. Баракс мавқеъгириҳои кӯтоҳандешонаи роҳбарони ҲНИТ дар рӯзҳои муноқиша дар марз бо Қирғизистон имкони иваз шудани ин дидгоҳро дигарбора баробари сифр кард. Аз ин лиҳоз, фикр накунам, ки дар қонуни нави афв роҳбарони зиндонии ҲНИТ шомил шаванд”, – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод.”
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта дар мулоқоташ бо намояндагони ҷавонон гуфт, дар даврони роҳбариаш 160 ҳазор маҳбусро афв кардааст: “Тайи даҳсолаҳои охир ман ҳамчун Роҳбари давлат бо 16 санади авф 160 ҳазор нафар шахсонеро, ки ҷиноят содир карда, ҳабс шуда буданд, авф кардам. Ҳоло боз ҳазорҳо нафари дигар дар маҳбас қарор доранд, ки қисми зиёди онҳо ҷавонон мебошанд. Ҳамаи онҳо низ падару модар доштанд, вале волидайн фарзандони худро аз хурдсолӣ бе тарбия гузоштаанд. Чунин ҳолатҳо низ ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзе шахсони авфшуда баъди як моҳ боз ҷиноят содир карда, паси панҷара мераванд.”
Бори охир афви маҳбусон дар Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2019 ба муносибати 25-солагии қабули Қонуни асосӣ сурат гирифт, ки бар асоси он, ҳудуди 3500 маҳбус ба озодӣ расид. Дар тирамоҳи соли 2020 дар пайи интихоби дигарборааш ба мақоми президентӣ Эмомалӣ Раҳмон гуноҳи 288 маҳбусро бахшид.