ВидеоИқтисод

БОЗДОШТИ СОКИНИ ФАРХОР ДАР НАТИҶАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ ВКД ВА … “МИНУ ФАРМ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор бо гумони муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир карда шуд. ВКД гуфт, боздошти ин сокини Фархор “ҳангоми гузаронидани амалиёти якҷояи кормандони ШЭ ва С ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва кормандони ҶСП “Мину Фарм” дар ноҳияи Фархор” муяссар шудааст.

Аз марди дастгиршуда як миқдор маводи бадбӯйи ба шираи камол монанд гирифта шуд.
“Мувофиқи хулосаи таҳлили кимиёвию фармасевтӣ, маводи гирифташуда шираи камоли бадбуй буда, вазни холисаш 2 килою 200 граммро ташкил медиҳад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.
Нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми якуми моддаи 234, иловаи-1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои муомилоти ғайриқонунӣ бо шираи камол ҷарима ба андозаи аз 200 то 300  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.

Ширкати “Мину Фарм”, ки  пайвандиҳое бо ширкати собиқи “Фароз”-и марбут  ба Шамсулло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон дорад, аз ангуштшумор ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки ҳаққи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Қарори маълум, ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камолро дар Тоҷикистон асосан сохторҳои марбут ба Шамсулло Соҳибов дар даст доранд.

Номи ширкати “Мину Фарм” ду моҳ пеш замоне ба сархатти хабарҳо афтод, ки рӯзи 16 май Амриддин Нахшов, писари боҷаи президент бо одамонаш ба кормандони “Мину Фарм” дар ноҳияи Данғара ҳамла оварданд. Дар натиҷа, ҳудуди 10 нафар аз кормандони “Мину Фарм” ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла 4 нафар корд хӯрданд.

Амриддин Нахшовро рӯзи 27 май дастгир карданд ва ба зиддаш бо иттиҳоми авбошӣ бар асоси моддаи 237 парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Вале “Мину Фарм” баъди ин дар як шарҳи расмӣ Амриддин Нахшовро бегуноҳ донист ва гуфт, “дар ин муноқиша шаҳрванд Нақшов А. ҳамчун шахси халоскунандаи тарафҳо иштирок намуда, ҷавононро ба бетартибиҳо роҳ надодан даъват мекард.”

Аммо манобеи огоҳ мегӯянд, асли қазия боз ҳам ба масъалаи заминҳои ҷудошуда барои ҷамъоварии шираи камол ва азми Нахшов барои дарёфти саҳми худ дар ин тиҷорат бармегардад. Бино ба иттилои манобеи радиои Озодӣ, занозанӣ дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара пас аз он рух дод, ки Сайёд Ғиёсов, намояндаи ширкати “Мину Фарм” ба дархости шахсони фиристодаи Амриддин Нахшов барои соҳиб шудан ба як қитъа замин ҷавоби рад дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button