ВидеоДин ва боварҳо

ШӮРОИ УЛАМО: ИДИ ҚУРБОН – РӮЗИ 20 ИЮЛ, НАМОЗИ ИД – СОАТИ 6:30

Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон рӯзи 14 июл дар ҷаласааш қарор кард, ки “мувофиқи ҳисоби илмӣ иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20 июли соли 2021 таҷлил карда шавад.”

Шӯрои уламо ҳамчунин тасмим гирифт, ки намози ид баргузор карда шавад. Вақти баргузории намози ид соати 6:30 муқаррар карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар гумон мерафт, ки шояд мақомот ба баргузории намози ид иҷозат надиҳанд. Соли 2020 ба иллати пандемия намозҳои ҳарду иди Рамазон ва Қурбон дар масҷидҳои Тоҷикистон доир нашуд. Масҷидҳо низ аз моҳи апрели соли 2020 то феврали соли 2021 пурра баста буданд. Моҳи майи соли 2021 дар масҷидҳои Тоҷикистон намози иди Рамазон баргузор карда шуд, вале дар ин байн вазъи эпидемиологӣ дар кишвар бад шуд ва мақомот рӯзи 21 июн эътироф карданд, ки ҷумҳурӣ ба мавҷи нави коронавирус рӯбарӯ шудааст.


Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 13 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи ахир дар кишвар 43 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ва, мутаассифона, боз 3 ҳолати нави марги сокинон аз ин беморӣ сабт шудааст. Аз аввали моҳи июл ин вазорат фавти алакай 17 нафарро ба иллати коронавирус тасдиқ кардааст. Дар умум аз 21 июн ба ин тараф вазорати тандурустӣ дар бораи ошкор шудани 603 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус хабар додааст.

Дар қарори Шӯрои уламо бо имзои раиси ҷаласа Саидмукаррам Абдулқодирзода ва котиби маҷлис Неъматулло Олимов ҳамчунин имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки “дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, илмомӯзии наврасону ҷавонон ва расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.”

Ҳамчунин Шӯрои уламо маблағи ҳаққи узвияти ҳар масҷиди ҷомеъро аз ҳисоби иди Қурбон 600 сомонӣ муайян кардаааст, ки бояд зери назорати сармутахассиси Раёсати фатво Сангалиев Маҳмуд  ба хазинаи муфтиёт супорида шавад.

Ёдовар мешавем, Шӯрои уламои Идораи мусалмонони Русия (ДУМ РФ) эълон кард, ки “ба сабаби вазъи мураккаби эпидемиологӣ ва ба хотири роҳ надодан ба паҳншавии бемории коронавирус дар байни диндорон”,  намози ид танҳо дар масҷиди ҷомеи Маскав (маъруф ба масҷиди “Проспект Мира”) ва он ҳам бо иштироки теъдоди хурди рӯҳониён ва кормандони Идораи мусалмонон баргузор карда мешавад. Маркази матбуоти Идораи мусалмонони Русия  гуфт, намозгузорони дигар ба намози ид дар масҷиди ҷомеи Маскав роҳ дода намешаванд, вале ҷараёни намози ид ба таври мустақим тавассути шабакаи телевизионии “Россия 1” намоиш дода хоҳад шуд.

Шӯрои уламо баргузориии намози ид дар ду масҷиди дигари Маскав: масҷиди таърихӣ дар маркази шаҳр ва дар масҷиди Мемориальная дар кӯчаи Минскро манъ кард. Шӯрои уламо гуфт, идораҳои мусалмонон дар вилоятҳои Русия дар бораи баргузор кардан ё накардани намози ид бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар минтақаашон мустақилона тасмим хоҳанд гирифт, вале ба онҳо тавсия дода шудааст, ки намози идро имсол баргузор накунанд.

Идораи мусалмонони Русия ба мусалмонони ин кишвар машварат додааст, ки намози ид ва хутбаи муфтиро аз телевизор тамошо карда, ба ҷои намози ид баъди хутба дар хона ду ё чор ракъат намози нафл бихонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button