Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ЯК ЗАНИ 100-СОЛА ДАР ДУШАНБЕ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТААСТ (3 АКС)

Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 11 июл аз бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дар касабаи Зарафшон як зани 100-соларо баъди аз коронавирус табобат ёфтанаш ҷавоб додаанд.

Бино ба ин манбаъ, Шарофат Қодирова, корманди шоистаи Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медалу мукофотҳои давлатию меҳнатӣ бо нишонаҳои бемории коронавирус дар беморхонаи Зарафшон бистарӣ буд ва рӯзи якшанбе ба хонааш рухсат дода шуд.

“Қодирова Шарофати 100-соларо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур бо як рӯҳияи баланди қаноатмандӣ ба хона гусел намуданд”, омадааст дар хабар.

Ин бори аввал аст, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шифо ёфтани як бемори 100-сола аз бемории коронавирус хабар медиҳад.

Бино ба омори расмии ин вазорат, то имрӯз дар Тоҷикистон 13 796 мавриди гирифторӣ ба коронавирус ва 102 ҳолати марг аз ин беморӣ сабт шуда, 13 514 нафар, ё 98,2% беморон шифо ёфтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button