ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ТАЙИ 2 РӮЗИ ИСТИРОҲАТ ДАР ТОҶИКИСТОН 6 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 5 НОБОЛИҒ ҒАРҚ ШУДААНД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи истироҳати 20 ва 21 апрели соли 2024 дар обҳои ҷумҳурӣ 6 ҳодисаи нохуши маргбор рух дода, дар натиҷа, 5 ноболиғи синнашон аз 2 то 17сола ва як зани 60-сола ғарқ шудаанд. Ғарқ шудани якбора 6 нафар дар давоми ҳамагӣ 2 рӯз дар ҳолест, ки мавсими имсолаи оббозӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз расман оғоз наёфтааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, нимаи дуюми рӯзи 20 апрели соли 2024, як кӯдаки дусола дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон аз хона баромада, ғайб задааст. Ба гуфтаи наздиконаш, ба эҳтимоли ғолиб, ӯ ба канал афтода, ғарқ шудааст. Наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса омада, ба ҷустуҷӯ сар кардаанд. Ҷустуҷӯи ин кӯдакӣ ҳанӯз идома дорад.

Ҳодисаи нохуши дуюм низ дар вилояти Хатлон рух дод. Рӯзи 20 апрели соли 2024, навраси 17-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамроҳи ҳамсинфонаш барои истироҳат дар соҳили дарёи Вахш ба як мавзеи воқеъ дар канори деҳаи Ғағерти ҷамоати Ваҳдати шаҳри Левакант рафтаанд. Ин наврас ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дарё афтода, ғарқ шудааст. Наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса омада, ҷасади наврасро пайдо кардаанд ва аз об бароварда, ба волидонаш супурдаанд.

Ҳодисаи нохуши сеюм дар ноҳияи Рашт рух дод. Субҳи 21 апрели соли 2024, соати 09:20, духтари 17-солаи сокини шаҳраки Ғарм, маркази ноҳияи Рашт, ба сабабҳои номаълум худро аз болои пули Сари Пул ба дарёи Сурхоб партофтааст. Наҷотбахшон аз бахши водии Рашт ба ҷои ҳодиса омада, баъди беш аз 6 соати ҷустуҷӯ, соати 15:40, ҷасади духтарро тақрибан 18 километр поёнтар аз маҳалли худро ба дарё партофтанаш пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ҳодисаи нохуши чорум рӯзи 21 апрели соли 2024, соати 14:21, дар ноҳияи Шаҳринав дар ғарби Тоҷикистон рух дод. Духтарчаи 6-сола аз деҳаи Гулободи ҷамоати ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав ба ҷӯйи селпартои Долонсой афтода, ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро аз ҳудуди деҳаи ба номи Б.Тошеви ҷамоати ба номи Ҷ.Раҳмонов дар канори шаҳри Турсунзода ёфта, ба мақомот супурдаанд.

Ҳодисаи нохуши панҷум дар Турсунзода рух дод. Нимаи дуюми рӯзи 21 апрели солои 2024, соати 14:35, як духтарчаи 10-солаи сокини деҳаи Шулуми ҷамоати Навобод ба ҷӯйи селпартои Говмеш афтода, ғайр шуд. Ҷасади ӯро аз дарёи Қаратоғ дар ҳудуди деҳаи Шарқиёни ҷамоати “10-солагии истиқлол” пайдо карданд.

Ҳодисаи нохуши шашум дар шимоли ҷумҳурӣ рух дод. Як зани 60-солаи сокини деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд  ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дарёи Сир афтода, ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро соати 16:25 пайдо карда, аз об берун кашидаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шудаанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80  кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд. Вале марги якбора 6 нафар, аз ҷумла 5 кӯдак дар давоми ҳамагӣ 2 рӯз дар ҳолест, ки мавсими имсолаи оббозӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз расман оғоз наёфтааст.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон хостааст, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд ва қоидаҳои бехатариро дар лаби об ва ҳангоми оббозӣ қатъиян риоя карда, аз фарзандони худ низ инро талаб кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button