Номаҳо ба президентТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ МУОВИНАШРО БАРОИ ШУНИДАНИ ШИКОЯТИ МАРЯМ ИСОЕВА ФИРИСТОД

Дар пайи нашри шикояти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева аз шароити табобаташ дар беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар касабаи Зарафшони шаҳри Душанбе, рӯзи 10 июл бо супориши вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода муовини вазир Шодихон Ҷамшед аз ин беморхона боздид ва шахсан бо Марям Исоева суҳбат кардааст.

Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ хабар дод, ки Шодихон Ҷамшед бо рафти табобати гирифторони коронавирус дар бемористони бемориҳои сироятӣ ошно шуда, “дар идома дар шӯъбаҳои табобатии беморхонаи мазкур аз аҳволи беморон, махсусан бо рафти табобати Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки бо нишонаҳои сирояти короновирус бистарӣ гардидааст, шинос шуда, бо номбурда суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ меафзояд, “маълум гардид, ки барои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева як ҳуҷраи алоҳида ҷудо гардида, номбурда пурра зери назорати табибон, махсусан таҳти назорати профессор Раҳмонов Э. Р ва сартабиби беморхона Ҳабибзода Х.Х қарор дорад.”

“Ҳамзамон, дар рафти аёдати беморон муовини вазир бо роҳбарият ва табибони беморхона оид ба табобати босифат ва одобу муошират бо беморон, суҳбати муфид гузаронид”, гуфта мешавад бидуни шарҳи ҷузъиёт дар анҷоми иттилоияи расмии вазорати тандурустӣ.

Ёдовар мешавем, Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки як ҳафта боз бо нишонаҳои короновирус дар бемористони бемориҳои сироятии Зарафшон бистарӣ аст,  рӯзи 10 июл дар як тамоси телефонӣ ба  сомонаи pressa.tj  гуфт, дар бемористон ба парастор ниёз дорад.

“Ман хеле азият мекашам. Ҳамшираҳо сӯзандору гузаронида зуд баромада мераванд, ба ман касе нигоҳ намекунад. Илтиҷо мекунам, ки ба ман парастори алоҳида диҳанд, ки ман мемурам. Дар ин ҷо аз бетаваҷҷуҳӣ маро мекушанд”, – гуфтааст Марям Исоева.
Марям Исоева, ки 84 сол дорад, ба pressa.tj гуфт, “ман аз бемории короновирус не, аз бетаваҷҷуҳӣ азият мекашам. Гоҳо фарёд мезанам, ки касе наздам ояд, гоҳи дигар бо қошуқ ба стол мекӯбам, ки доди маро шунаванд”.
Ҳунарманди шинохта афзуд: “Илтиҷо мекунам, хоҳиши маро ба мақомот расонед, ба ман парастори алоҳида бидиҳанд. Маблағашро худам медиҳам. Фақат иҷозат диҳанд, ки маро касе нигоҳубин кунад ва ман дар бемористон, дар танҳоӣ намирам.”
Хешовандони Марям Исоева давоми рӯз ин хабарро рад мекарданд, вале эъзоми ҳайъати баландпоя аз вазорати тандурустӣ ба беморхонае, ки Марям Исоева табобат мегирад, ҳокист, ки дар вазорат шикояти ӯро ҷиддӣ гирифтаанд.

Исоева Марям Неъматовна  1 майи соли 1937 дар деҳаи Сарихосори ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, соли 9154 мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе ва соли 1960 курси Б.Бибиков ва О.Пижоваро дар  ГИТИС, Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский дар шаҳри Маскав хатм кардааст. Марям Исоева як соли аввал баъди бозгашташ аз Маскав дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Камол Хуҷандӣ дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳунарнамоӣ карда, аз соли 1961, инак 60 сол боз дар саҳнаи театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ нақш меофарад.

Марям Исоева дар тӯли собиқаи эҷодиаш даҳҳо нақшҳои мондагор аз худ ба ҷо гузоштааст. Ӯ ба хусус дар иҷрои нақши модар дар намоишномаҳои гуногун маҳорати фавқулодда нишон додааст ва Майрам Исоеваро дар баробари Мушаррафа Қосимова Модари театри тоҷик ном мебурданд.

Хоҳари ӯ Сайрам Исоева низ ҳунарманди машҳури театру синамои тоҷик буда, тамоми умр дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ кор кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button