Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

АСПДУЗДӢ МЕОМАДАНД… ЗАХМӢ ШУДАНИ ДУ МАРЗБОНИ ҚИРҒИЗ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки соати 14:55-и санаи 08-уми июли соли 2021 чор сарҳадбони қирғиз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ғайриқонунӣ убур намуданд.

«Низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд.

Сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон оид ба вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд», гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Ба гуфтаи марзобонони тоҷик, мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.

Ҷониби Қирғизистон то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз 970 км марзи мустақими байни Тоҷикистону Қирғизистон то кунун наздики 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button