ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗ 1037 САРБОЗИ ДИГАРИ АФҒОН БА ТОҶИКИСТОН ФИРОР КАРДААНД

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рӯзи 5 июл хабар дод, ки шаби 4 ба 5-ми июли соли 2021 қувваҳои ҳаракати «Толибон» вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи мазкур 910 километр сарҳади умумӣ доранд, пурра таҳти назорати худ қарор доданд.

“Дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо «Толибон», 1037 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии «Шоҳон»-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.Бо назардошти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ  ва дахолат накардан ба умури дохилии ҶИА, ба  низомиёни  ин кишвар  иҷозати воридшавӣ ба қаламрави Тоҷикистон дода шуд”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Бо ин вуҷуд, марзбонони тоҷик мегӯянд, “айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.”

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон шоми 4 июл аз бе ҷанг ба Толиб таслим шудани вулусволии Хоҳон ва ба хоки Тоҷикистон гузаштани 94 тан аз нирӯҳои давлатии Афғонистон хабар дода буд. Дар ним моҳи охир алакай беш аз 1500 нафар аз низомиҳои афғон ба ҳамлаи Толибон тоб наоварда, ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд.

Рӯзи 4 июл президентҳои Тоҷикистон ва Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар як тамоси телефонӣ ҷараёни ташвишовари рушди вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. “Зимнан ба шиддат гирифтани вазъият дар минтақаҳои шимолии бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд”, – хабар дод хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон “бо изҳори нигаронӣ” Ашраф Ғаниро аз ҳодисаҳои нави маҷбуран аз хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон убур кардани хизматчиёни низомии кишвари ҳамсоя дар ҷараён гузошта, дар баробари ин таъкид кардааст, ки мавқеи устувори Тоҷикистон нисбати қазияи Афғонистон аз дахолат накардан ба умури дохилаи он ва дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои ҳукумати расмии он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва амният дар ин кишвари ҳамсоя иборат аст. Дар рафти суҳбат ҷонибҳо зарурати таъмини амнияти сарҳадотро бахусус таъкид кардаанд.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Вазорати дифои Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дод, ки нирӯҳои мусаллаҳеро, ки дар хатти дуюми ҳимояти марзи Афғонистон қарор доранд, ба ҳолати омодабош овардаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташкили як ҷаласаи вижа аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бояд барои қабули дастикам 10 ҳазор гуреза аз Бадахшони Афғонистон тайёрӣ бинанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Агар мардуми ин минтака рози бошад, бигзор ба ООН мурочиат кунанд ва ин минтака ба Точикистон дода шавад. Чунки онхо кавмхо ва хамзабонони мо мебошанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button