ВидеоМуҳоҷирон

ДОДСИТОНИИ КУЛ: ИН ИСЛОМ АНВАРЗОДА ОН ИСЛОМ АНВАРЗОДА НЕСТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2 июл бо нашри як изҳороти алоҳида гуфт, Анварзода Ислом Кабир  ном шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон, ки рӯзи 29 июн барои таъқиби як мошин дар Шоҳроҳи ҳалқавори нақлиётии Москва (МКАД)  дастгир шуд, танҳо ҳамноми собиқ муовини прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ислом Анварзода аст.

Додситонӣ гуфт, вақтҳои охир, дар матбуоти дохилу хориҷ дар бораи садамаи нақлиётии рӯзи 29 июн  бо иштироки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар  МКАД маълумоти мухталиф ба нашр мерасад.

“Бахусус, дар онҳо гуфта мешавад, ки садамаи нақлиётӣ бо иштирок ва айби шаҳрванд Анварзода Ислом, ки собиқ муовини прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар садамаи нақлиётии маргвор иштирок намуда буд, рух додааст.  Қайд кардан зарур аст, ки дар садамаи нақлиётии дар ҳудуди Федератсияи Россия рухдода дар воқеъ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Анварзода Ислом Кабир (ҳамноми Анварзода Ислом), 10 июни соли 1988 соли таваллудаш иштирок намуда, дар мақомоти прокуратура кор намекунад ва ба корманди собиқи он Анварзода Ислом иртиботе надорад”, – таъкид кардааст маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар баёнияаш.

Расонаҳои Маскав навиштаанд, ки яке аз ин ронандагон муовини собиқи додситони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ислом Анварзода аст, ки соли гузашта бо айби ӯ овозхони машҳури тоҷик Баҳром Ғафурзода дар як садама дар маркази Душанбе ба ҳалокат расид. Моҳи марти соли 2021 Додситонии кулли Тоҷикистон ба далели дар хориҷи кишвар дар табобат қарор додани гумонбаршавандаи асосӣ, яъне Ислом Анварзода тафтиши ин парвандаро боздошт. Бисёриҳо бар инанд, ки падари пурнуфузи ёвари прокурор: разбари корхонаи нассоҷии Душанбе Анвар Қурбонов писарашро ба хориҷа фиристода, бо ин роҳ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос кардааст.

Вале расонаҳои Русия ба ҷуз аз исми гумонбаршаванда, ки низ Ислом Анварзода аст, далели дигар оварда натавонистанд. Бархе далелҳо, аз ҷумла фарқи синну соли онҳо далели муовини собиқи прокурор будани гунаҳкори садама дар Маскавро рад мекард. Қарор маълум, Ислом Анварзодаи муовини прокурор соли 1991 ба дунё омада, 30 сол дорад. Вале  Ислом Анварзодаи дар Маскав дастгиршуда дар гузоришҳо 33-сола гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 30 июн дар Интернет видеои лаҳзаи як мошини рангаш сиёҳи тамғаи “Chevrolet Lacetti” -ро бо ду мошини тамғаи “Kia Rio” таъқиб кардани ду ронандаи тоҷик дар МКАД  – шоҳроҳи гирдогирди шаҳри Маскав нашр шуд.  Лаҳзаҳои таъқиб ба бозии GTA хеле шабоҳат дошт.  Бино ба иттилои расонаҳои Маскав, дар пушти фармони “Шевроле” Никита ном як сокини 29-солаи Маскав ҳаракат мекард ва дар  ду мошини “Киа” – Валӣ Нарзуллоеви 34-сола ва Ислом Анварзодаи 33-сола аз Тоҷикистон.

Лаҳзаи таъқиби Никитаро видеорегистратори мошине, ки аз паси онҳо ҳаракат дошт, сабт кардааст. Зоҳиран ронандаи “Шевроле” бо яке аз мошинҳои “Киа”  бархӯрд кардааст, ки ронандаи “Kia Rio” –и рангаш сафед ба вай чанд бор ишора мекунад, ки биистад. Вале ронандаи “Шевроле” шояд аз тарс фирор мекунад ва ронандаи “Киа” ва  як дӯсти дигараш, ки ӯ ҳам савори “Киа” буд, дукаса ба таъқиби Никита сар мекунанд.

Онҳо ӯро ба як гӯшаи шоҳроҳи МКАД танг мекунанд ва амр медиҳанд, ки биистад, вале Никита мошини “Киа” –ро харошида, фирор мекунад. Ӯ баробари дидани мошини пулис, пеши онҳо истода, қазияро нақл мекунад ва пулис Ислом Анварзода ва Валӣ Нарзуллоевро дастгир мекунад.

Бино ба гузоришҳо, ба зидди онҳо 5 протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҳамчунин бо иттиҳоми қасдан аз ҳиссиёти авбошӣ хароб кардани молу мулки ғайр парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ин бори аввал нест, ки номи зодагони Тоҷикистон барои пойгаи мошин дар Маскав ба сархати хабарҳо меафтад. Соли 2016 як зодаи Тоҷикистон бо номи Абдуваҳҳоб Маҷидов ҳамроҳи писари ноиби президенти ширкати нафти «Лукойл» Руслан Шамсуаров боздошт шуда буд. Онҳоро ба он айбдор мекарданд, ки савори мошини “Мерседес Гелленваген” дар хиёбони Ленини шаҳри Маскав бо мошинҳои пулис “пойга” карда, ҷараёни чӣ гуна онҳоро таъқиб кардани мошинҳои пулисро ба таври мустақим дар Интернет нашр кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button