ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

РУСИЯ МЕХОҲАД ИНТИҚОЛИ ПУЛ БА ХОРИҶАРО АНДОЗ БАНДАД

Дар ҳукумати Русия масъалаи гирифтани  ҳаққи комиссия  аз интиқоли пул ба хориҷаро баррасӣ мекунанд. Ба дасти нашрияи “Известия” нусхаи протоколи ҷаласае расид, ки муовини аввал раиси дастгоҳи сарвазири Русия Валерий Сидоренко баргузор кардааст ва дар он ҳамин мавзӯи андоз бастан ба ҳама гуна амалиёти интиқоли пул ба хориҷи кишвар матраҳ шудааст. “Известия” менависад, ҳукумати Русия роҳҳои нави даромади иловагӣ ба буҷаи давлатиро меҷӯяд ва аз ин рӯ,  ба вазорати молия супориш додаанд, ки масъалаи ҷорӣ кардани 1% комиссия ба болои амалиёти интиқоли пул ба хориҷи Русияро баррасӣ кунад. Соли гузашта аз Русия ба хориҷ беш аз 40 миллиард доллар пул ирсол шуда буд ва ба ин тартиб, дар сурати ҷорӣ кардани 1% комиссия, буҷаи Русия иловатан 400 миллион доллар даромад ба даст хоҳад овард. Вале ин 1% андози ҳукумат бар иловаи дастикам 1% ва гоҳо ҳатто то 2% ҳаққест, ки бонкҳо ва ширкатҳои пулфиристӣ меситонанд. Ин комиссия, албатта, боз ҳам ба сатҳи даромади муҳоҷирони корӣ зарба хоҳад зад. Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 329 миллиард доллар пул фиристода буданд. Дар сурати ҷорӣ шудани комиссияи давлатӣ онҳо маҷбур мешаванд аз ин маблағи зикршуда тақрибан 20 миллион доллар ба буҷаи Русия андози иловагӣ бисупоранд.

Бино ба гузориши “Известия”, ҳукумати Русия манбаъҳои иловагии даромади буҷаро меҷӯяд ва аз ҷумла аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмие, чун боҷу хироҷ. Ба дасти нашрия нусхаи протоколи ҷаласае расидааст, ки рӯзи 1 июн дар ҳузури муовини аввали раиси дастгоҳи сарвазири Русия Валерий Сидоренко пиромуни ҳамин мавзӯъ барпо шудааст. Дар ин протокол гуфта мешавад, ки ба вазорати молия дастур додаанд, то масъалаи ҷорӣ кардани 1% комиссия ба болои интиқоли пул ба хориҷаро биомӯзад ва матраҳ кунад.

Дар хадамоти матбуоти вазорати молия гуфтаанд, ки “дар ин масъала қароре қабул нашудааст.” Дар Бонки марказии Русия гуфтаанд, ки ба онҳо чунин пешниҳод наомадааст.

Дар ҳоли ҳозир афроди физикӣ ба кишварҳои дигар тавассути бонк ё ширкатҳои пулфиристӣ метавонанд пул интиқол диҳианд. Сбербанк, барои мисол, барои интиқоли пул 1% комиссия мегирад, бонки “Открытие” – 1,8%, МКБ – 1,6%. Низоми пулфиристии “Юнистрим” барои интиқоли пул 1% комиссия меситонад, тарифҳои Western Union аз 49 рубл сар мешаванд.

Ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2020 ҳаққи миёнаи комиссия барои ирсоли пул аз Русия 1 фоизро ташкил додааст, ки назар ба хеле кишварҳои дигар арзонтар аст.

Бино ба омори Бонки марказии Русия, соли 2020 аз ин кишвар ба хориҷ 40,1 миллиард доллар ва дар семоҳаи аввали соли равон 8,7 миллиард доллар пул интиқол додаанд. Дар сурати 1% комиссия бастани маблағҳои интиқолӣ, буҷаи Русия соли гузашта метавонист 30 миллиард рубл (беш аз 400 миллион доллар) фоидаи иловагӣ бигирад ва 87 миллион доллар, ё тақрибан 6 миллиард рубли дигар – танҳо дар семоҳаи аввали соли 2021.

Ба ақидаи корманди МКБ Татяна Брюхина, ба эҳтимоли ғолиб, бонкҳо ин 1% комиссияи ҳукуматро ба комиссияи умумӣ илова карда, сипас ба буҷа хоҳанд супорид. Кирилл Палчун, роҳбари бахши интиқоли пул дар “Платежи и переводы” гуфтааст, ин андоз боиси гарон шудани нархи хидматрасонӣ барои интиқоли пул шуда, дар ниҳоят боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пул ба хориҷи Русия хоҳад шуд.

Иқтисодшиносон бар инанд, ки чунин чора муҳоҷирони кориро маҷбур хоҳад кард, ки бо вуҷуди риски зиёдаш дигарбора ба каналҳои ғайрирасмии интиқоли пул, ба мисли “ҳавола” рӯ биоранд.

Соли гузашта аз Русия танҳо ба се кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ: Ӯзбекистон (4,4 миллиард доллар), Тоҷикистон ва Қирғизистон (ҳарду: 1,7-миллиардӣ) қариб 8 миллиард доллар пул ирсол шудааст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин се кишвар аз Русия 1,7 миллиард доллар пул дарёфт карданд. Ин пулҳо асосан бо шарофати ҳудуди 4 миллион муҳоҷири корӣ аз ин кишварҳост ва агар Русия интиқоли пул ба ин кишварҳоро андоз бандад, муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ва қирғиз солона метавонанд аз тақрибан 8 миллиард рубл ё беш аз 80 миллион доллар даромади худ маҳрум шаванд.

Процентная вставка: в РФ могут ввести допкомиссию за переводы за рубеж

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button