ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 23 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими чоршанбе, 23 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

МУРОҶИАТ БА ҲУКУМАТДОРОН: НАХОД АЗ ЯК ФУТБОЛКАИ ИЗЗАТ АМОН ИН ҚАДАР ТАРСЕД!?

134 САРБОЗИ АФҒОН ЗЕРИ ФИШОРИ ТОЛИБОН БА ТОҶИКИСТОН ФИРОР КАРДААНД

4 ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК БА ОЛИМПИАДАИ ТОКИО РОҲХАТ ГИРИФТАНД

ДАР ДУ РӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН 32 ҲОЛАТИ ОЛУДАШАВӢ БА КОРОНАВИРУС САБТ ШУДААСТ

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН 10 ҲАЗОР ТОННА ОРД ЁРДАМ КАРД

ДУ ХАТМКУНАНДА ДАР ТУРКМАНИСТОН РОҲБАРИ СИНФАШОНРО ЗАҲРОЛУД КАРДААНД

НАВБАТ БАРОИ НОМНАВИСӢ БАРОИ КОР ДАР ШИРКАТИ “ПИК МОДУЛ” ДАР МАСКАВ

ИШҚИ ГУЛӢ ВА ТАРС АЗ ПАДАР: ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ РОНАНДАИ ТАКСИ БАРОИ 60 СОМОНӢ

СОКИНИ КОНИБОДОМ МӮСАФЕДИ БЕМОРИ РӮҲИРО ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ…

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Бахт Овар (Бахтовар Ҷумъаев), яке аз ёрони Иззат Амон дар Маркази тоҷикони Маскав, шаби 22 июн бо нашри як паёми нимсоатаи видеоӣ хабар дод, ки наздиконашро дар Тоҷикистон дигарбора таҳти фишор қарор дода ва рӯзи 22 июн падарашро аз Панҷакент ба Душанбе оварда ва дар УБОП, Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД истинтоқ кардаанд.

Умрибой Ҷумъаев, падари Бахт Овар, мегӯяд, 200 сомонӣ пули таксиеро, ки ӯву як корманди милитсияро аз Панҷакент ба Душанбе овард, аз кисаи худаш пардохт кардааст.  Умрибой Ҷумъаев гуфт, муфаттиши УБОП, ки худро муаррифӣ накард, писари вай Бахт Оварро ба тақсим кардани футболкаҳо бо акси Иззат Амон дар байни муҳоҷирон айбдор кардааст.

Рӯзи 11 июн, дар намози ҷумъа дар масҷиди “Проспект Мира” дар Маскав чанд муҳоҷири тоҷик дар тан футболкаҳо бо акси Иззат Амон зоҳир шуданд ва пулис ду нафари онҳо: адвокат Шуҳрат Қудратов ва Раҳматулло Ҷалоловро дастгир кард. Дар ин футболкаҳо акси Иззат Амон ва шиоре ба се забони тоҷикию русӣ ва англисӣ бо талаби озодии ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик насб шуда буд. Иззат Амон моҳи март ба таври мармуз аз Маскав ба Душанбе оварда шуд ва ВКД гуфт, ки ӯ ба қаллобӣ айбдор мешавад. Парвандаи Иззат Амонро низ УБОП пеш мебарад.

Бахт Овар дар муроҷиатномаи худ ба ҳукуматдорон гуфт, дар тақсим кардани футболкаҳо бо акси Иззат Амон даст надошт. “Вале наход шумо аз чанд футболка бо акси Иззат Амон ин қадар тарсед!?” – суол гузоштааст ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар муроҷиатномааш.

Бахт Овар шеваи таъқиберо, ки мақомоти Тоҷикистон нисбат ба фаъолон пеш мебаранд, бо соли шуми 1937 монанд карда, гуфт, УБОП ба ҷои мубориза бо ҷиноятҳои воқеӣ худро ба “пулиси сиёсӣ” табдил дода, пушти футболкаҳо бо акси Иззат Амон мегардад. Ӯ аз ҷумла то ба 1000 ва 1200 доллар боло рафтани нархи чиптаҳои парвоз ба Русияро мисол овард ва гуфт, “ҷинояти муташаккилона онҷост, равед, он қазияро тафтиш кунед!”

Бахт Овар гуфт, бо чунин туҳматбандиҳову шикастани ғурури инсонҳо ва парвандабофӣ мақомот бо обрӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бозӣ мекунанд. Ӯ аз нирӯҳои солимфикр дар дохили ҳукумат даъват кард, пеши роҳи ин таъқиботи монанд ба даврони Сталинро бигиранд.

хххххххххххххх

Маркази  матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 22 июн хабар дод, ки дар пайи ҷангҳои шадид дар минтақаи Шерхон-Бандар 134 сарбози афғон ба ҷониби Тоҷикистон фирор кардаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки шоми 21  июн, соати 19:00 як гурўҳи мусаллаҳи ҳаракати  дар Тоҷикистон мамнӯи Толибонба Комиссариати сарҳадии «Шерхон-Бандар» дар вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла кардаанд.

Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и субҳи 22 июн, яъне 14 соат давом кардааст, бино ба иттилои марзбонҳои тоҷик, “134 хизматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС «Панҷ» Сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд. Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани маънавиёти инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд”.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки 4 тан аз сарбозони афғон маҷруҳ буда, якеи онҳо кушта шудааст.

Марзбонони тоҷик дар умум вазъият дар хатии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро дар ин минтақа мурракаб номида, мегӯянд, то 100 нафар аз сарбозони афғон дар Шерхон-Бандар аз дасти Толибон захмиву кушта шуда ва ё асир афтодаанд.

“Тибқи маълумоти тасдиқшуда, даҳ рўзи охир дар чор вилояти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади ҶИА задухўрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати Толибон идома дорад. Дар натиҷа вулусволиҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ – «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти Толибон гузаштанд”, хабар медиҳад Маркази  матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, нирӯҳои Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то моҳи сентябри соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

ххххххххххххххххх

Рӯзи 22 июн маросими ба ҷониби Тоҷикистон супурдани 10 ҳазор тонна орде, ки Қазоқистон ҳамчун кумаки башарӣ фиристодааст, баргузор шуд. Сафорати Қазоқистон дар Душанбе хабар дод, ки тавофуқ дар бораи расондани ёрии башарӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо оқибатҳои коронавирус дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев ба Душанбе, ки рӯзҳои 19-20 май сурат гирифт, ҳосил шуда буд. Арзиши кумаки ироашуда 1 миллиарду 285 миллион тангаи қазоқӣ ё наздики 3,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Душанбе дар маросими супурдани ёрии навбатӣ гуфт, Қазоқистон ҳар сол ба Тоҷикистон кумаки башарӣ мефиристад ва ҷамъи кумакҳояш ба ин кишвар аз соли 2006 ба ин тараф ба ҳудуди 45 миллион доллар расидааст.

Сертификати кумаки башарии Қазоқистон ба маблағи қариб 1,3 миллиард тангароро дар як маросим бо иштироки сафири он кишвар дар Душанбе Аскар Тоҷибоев рӯзи 22 июн ба муовини мудири Агентии тахмини амволи захираҳои моддии давлатии ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супурдааст. Зиёдуллоев бо изҳори сипос гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба кумаки ироакардаи ҳукумати Қазоқистон арҷ мегузорад.

Ин кумак дар ҳоле расид, ки нархи як халта орд дар бозорҳои Тоҷикистон аз марзи 250 сомонӣ гузаштааст ва барои бисёре аз хонаводаҳо харидани орду нон мушкил шудааст.

ххххххххххххххххх

Федератсияи байналмилалии дзюдо дар сомонаи расмии худ охирин раддабандии олимпиро қабл аз баргузории Бозиҳои олимпии Токио нашр кард. Тибқи радабандии нашргардида чаҳор гуштингири тоҷик: Сомон Маҳмадбеков  дар вазни то 73 кило, Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва  Темур Раҳимов (+100кг) роҳхати Бозиҳои олимпии Токио 2020-ро ба даст оварданд. Беҳрӯз Хоҷазода низ дар вазни то 73 кило дар раддабандӣ ҷои 25-умро ба даст овард, вале ба сабаби аз Сомон Маҳмадбеков камтар будани холҳояш соҳиби роҳхат нашуд.
Дар вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков бо касби 3580 имтиёз дар садри рӯйхати дзюдокорони тими Тоҷикистон ва дар мақоми 16-уми радабандии олимпии дзюдокорони олимпии ҳамин вазн қарор дорад.Ҳамзамон дар вазни мазкур Беҳрӯзи Хоҷазода бо 2796 имтиёз дар ҷои дуюми рӯйхати дзюдокорони тоҷик ва дар мақоми 25-уми раддабандии олимпии дзюдокорони ҷаҳонӣ мавқеъ гирифтааст. Акмал Муродов (-81кг) бо 1060 имтиёз, Комроншоҳ Устопириён (-90кг) бо 2944 ва  Темур Раҳимов (+100кг) бо 3241 имтиёз садринишиини радабандии вазнҳои худ миёни дзюдокорони тоҷик мебошанд.
Тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) танҳо беҳтаринҳои радабандии ҷаҳон, ки дар «минтақаи сабзи» ҷадвали радабандии олимпӣ қарор доранд ба Бозиҳои олимпӣ мераванд. Инчунин, аз як давлат дар як вазн танҳо нафари дар радабандии олимпӣ назар ба ҳамватани худ мақоми болотар дошта, соҳиби роҳхати олимпӣ мегардад.
Федератсияи гуштини дзюдои Тоҷикистон гуфт, “аз ин рӯ, Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарчанд дар «минтақаи сабз» қарор дорад, бинобар имтиёзҳои кам доштанаш аз Сомон Маҳмадбеков, роҳхати Олимпиадаи дар пеш бударо ба даст наовард. Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов бошад, мустақиман роҳхат гирифтанд. Акмал Муродов бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.”
Ба ҷуз аз ин 4 гуштингири шинохтаи тоҷик боз се варзишгари дигари тоҷик  Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии Токио-2020 гардидаанд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуд, қарор аст,  аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор шавад.

Тоҷикистон соли 2016 аз Олимпиада дар Рио де Жанейро бо як медали тилло баргашт, ки гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овард. Вале мутаассифона, Дилшод Назаров ин дафъа ба далели моҷарои допинг то моҳи сентябри соли 2021 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум карда шудааст ва дар Олимпиадаи Токио иштирок карда наметавонад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Як рӯз баъди онки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус мавридҳои нави гирифторӣ ба ин вирусро дар кишвар тасдиқ кард, вазорати тандурустии Тоҷикистон низ шоми 22 июн бори аввал аз ибтидои соли ҷорӣ тасдиқ кард, ки дар ду рӯзи охир дар ҷумҳурӣ 32 ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус сабт шудааст. Бино ба иттилои расмии вазорат, рӯзи 21 июн дар Тоҷикистон 17 ҳолати нави коронавирус сабт шудааст ва рӯзи 22 июн – 15 ҳолат.

Вазорати тандурустӣ аз аввал сол сарсахтона пойфишорӣ мекард, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ошкор карда нашудааст. Ин вазорат гузоришҳо дар бораи ба ин вирус гирифтор шудан ва ҳатто фавтидани сокинонро рад мекард ва мегуфт, онҳое, ки гӯё бо гумони коронавирус бистарӣ шудаанд, дар асли ба иллати истеъмоли яхмос ва оби хунук гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, ба мисли илтиҳоби шуш ё зуком шудаанд, на коронавирус. Вале ба ин афсонаи “яхмосу оби хунук” дигар касе бовар намекард.

Ва билохира рӯзи 21 июн Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Ситод гуфт, омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.

Вобаста ба ин ситоб аз ҳар як сокини мамлакат қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардониро талаб кардааст.

Дар ҷаласа зикр кардаанд, ки мутаасифона, “вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сокинон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки ин метавонад дилхоҳ ҳолатро ба миён орад.”

Чунин ба назар мерасад, ки расонаӣ шудани хабари марги муовини вазири фарҳанг Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва рӯҳонии шинохта Абдураҳмон Боқизода аз коронавирус мақомоти болоии Тоҷикистонро ба хулосае овард, ки дигар пинҳон кардани мавҷи нави коронавирус беҳуда аст.

Вале дар ин бора, ки оё баъди тасдиқи ҳолатҳои нави коронавирус ва талаби шадидтар кардани режими мубориза бо он чорабиниҳое, чун “маршировка”-ҳо, ки метавонанд ба манбаи паҳншавии ин вирус табдил биёбанд,  манъ карда мешаванд ё на?, хабаре ба даст нарасидааст.

ххххххххххххххххх

Аз 21 то 23 июн дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон  аз ҷониби  ширкати сохтмонии «ПИК-Модул»-и шаҳри Маскав номнависии шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ин ширкат идома дошт. Бино ба иттилои расмӣ, «ПИК-Модул»  коргарони синнашон то 43-ро ба кор қабул мекунад ва тамоми хароҷоти онҳо барои расидан то шаҳри Маскав, аз ҷумла пули чиптаашонро пардохт мекунад. Хабаргузории “Ховар” бо нашри чанд акс аз маросими номнавсии коргарон барои ин ширкат хабар дод, ки кор дар сохтмонҳои ширкати «ПИК-Модул» дар ду баст ба роҳ монда шуда, аз саоти шаҳти субҳи то ҳашти шом, яъне 12 рӯз давом мекунад. «ПИК-Модул» ба коргаронаш аз 55 ҳазор то 65 ҳазор рубли русӣ маош ваъда кардааст.

Дар аксҳои нашркардаи “Ховар” дида мешавад, ки мардуми зиёди хоҳишманди кор дар сохтмонҳои Маскав барои номнависӣ навбат гирифтаанд.

Номнависӣ барои кор дар ин ширкат то шоми 23 июн давом мекунад. Барои маълумоти бештар ё фаҳмидани имкони кор дар ширкатҳои дигар хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират  бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121, тариқи  телефонҳои  937913130, 987689876, 880002001 муроҷиат намоянд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, гардиши солонаи ширкати «ПИК-Модул» дар соли 2019, яъне то пандемия 1,8 миллиард рубл ва фоидаи софаш 141 миллион рублро ташкил додааст. Роҳбарии ширкатро Олег Меншиков бар дӯш дорад.

Русия аз 1 апрел марзҳояшро ба рӯи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон кушод, вале нархи чиптаи парвоз то Русия аз 500 доллар ва он ҳам агар ду ё се моҳ пеш чипта бихаред, сар шуда, гоҳо аз 1000 доллар ҳам мегузарад. Ин бисёре аз хоҳишмандони сафар ба Русия барои мардикориро аз имкони рафтан маҳрум кардааст, чунки на ҳама имкони пардохти чунин маблағи бузург танҳо барои чиптаи парвоз то Русияро доранд.

Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик боқӣ мемонад.

ххххххххххххххххх

Ду хатмкунандаи яке аз мактабҳои миёна дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон ба заҳролуд кардани муаллимаашон айбдор мешаванд. Онҳо гуфтаанд, ки аз пулкании ин муаллима ба ҷон омада буданд ва мехостанд аз ай интиқом бигиранд.

Тафтиши ин парвандаро пулиси ноҳияи Боғтирярлиқи шаҳри Ишқобод пеш мебарад. Ба гуфтаи манобеи радиои “Азатлык”, ду хатмкунанда ба он айбдор мешаванд, ки ба истакони муаллим маҳлули шустушӯи зарфро рехтаанд ва дар натиҷа муаллима дар зиёфати бахшида ба хатми мактаб заҳролуд шуда, ба таври фаврӣ ба бемористон интиқол дода шудааст.

Як манбаи огоҳи бахши туркмании радиои Озодӣ гуфтааст, ин зиёфат рӯзи 15 июн, дар рӯи имтиҳони хатми мактаӣ сурат гирифт ва хатмкунандагон баъди онки муаллима аз онҳо талаб кардааст, то барояш маводи ғизоӣ, аз ҷумла як шиша нӯшокии  Кока-Кола бихаранд, ба хашм омада, хостаанд, ки бо ин роҳ аз муаллима қасос бигиранд.

Гуфта мешавад, ки хонандагон дар умум аз пулкании муаллимон ва маъмурияти мактаб ба ҷон омада буданд ва талаби роҳбари синфашон охирин қатрае шуд, ки косаи сабри онҳоро лабрез ва онҳоро водор ба чунин роҳи интиқомҷӯӣ кардааст.

Як корманди ин мактаб ба Азатлык гуфтааст, ки аҳволи муаллима ҳангоми зиёфат бад шуд ва ӯ ба қай кардан сар кард. Ӯро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони наздиктарин бурдаанд. Маъмурияти мактаб пулисро даъват кардааст ва онҳо тавассути бозпурсиҳо ду гумонбаршавандаро муайян кардаанд. Маълум шудааст, ки барои харидани хӯрокае, ки муаллима талаб мекард, тамоми хонандагони синф пул партофтаанд, вале барои харидани ин маҳсулот ҳамин ду нафар рафтаанд. Яке аз ин ду нафари гумонбаршавандаро алакай ҳамон рӯзи 15 июн, билофосила баъди имтиҳон рост ба артиш бурдаанд.

Манбаи Азатлык гуфт, ҳоло танҳо як гумонбаршаванда таҳти бозпурсӣ қарор дорад: “Дуюмашро алакай ба артиш бурданд. Вале ин аввалӣ ҳам алакай ба синни 18 расидааст ва ӯро ҳам метавонанд ба хидмат баранд. Ӯ феълан то анҷоми тафтишот дар хона қарор дорад. Вале агар парванда бикушоянд, он дуюмиро ҳам аз артиш бар хоҳанд гардонд.”

Рӯзи 21 июн дар ҳамин мактаб маросими тақдими номаҳои камол доир шуд. Ба гуфтаи падари яке аз хонандагон, ба ин маросим танҳо онҳоеро роҳ доданд, ки пули хароҷоти маросими хатми мактабро супурданд. Он хонандагонеро, ки ба сабаби мушкилоти иқтисодӣ пули маросимро надоданд, танҳо ба ҳуҷраи мудири шуъбаи илмии мактаб даъват карда, номаи камолашонро ба дасташон доданд. Онҳоро ба маросими тантанавӣ, ки дар як тарабхона гузашт, роҳ надодаанд.

ххххххххххххх

ВКД Тоҷикистон бархе тафсилоти парвандаи Саймумин Муҳиддинов, сокини 20-солаи ноҳияи Ҷайҳунро нашр кард. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 31 май ӯро бо ҷурми куштори бераҳмонаи ронандаи таксии “Як такси – 1111” Эраҷи Эмомалӣ ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре аз маводи парвандаи ин ҷавон бармеояд, ӯ, ки дар мағозаи падараш ҳамчун фурӯшанда кор мекард, ба як зани аз худаш 17 сол калонтари танфурӯш бо номи Гулӣ дил баста, аз мағозаи падараш пул медуздид, то ҳафтае як ё ду маротиба ба шаҳри Бохтар рафта,  бо Гулӣ кайфу сафо кунад. Вақте падараш огоҳ шуд, ки Саймумин рӯзи 13 феврали соли 2021 алакай 20 ҳазор сомонӣ пули мағозаро ба сари Гулӣ рехтааст, ин ҷавон аз мағоза боз 600 сомонии дигар дуздида, аз тарси хашми падар ба Душанбе гурехт. Аммо ин 600 сомонӣ алакай ду рӯз баъд тамом шуд ва Саймумин бо мақсади даромади муфт нақшаи ғорати ягон ронандаи таксиро кашид.

Аз бахти бадаш, ҳамон рӯз дар пеши Саймумин Эраҷи Эмомалӣ, ронандаи 30-солаи ширкати “Як такси – 1111” истод. Саймумин таксиро ба як ҷои беодам дар пушти як бинои навбунёд дар кӯчаи Деҳотӣ бурда, бо корд гардани ронандаро бурид ва боз 41-маротибаи дигар ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонд. Пас аз қатли Эраҷи Эмомалӣ, Саймумин кисаҳо ва мошини ӯро кофт, вале ҳамагӣ 60 сомонӣ ва як телефон пайдо карду халос…

Додгоҳ ин ҷиноятро одамкушӣ бо бераҳмии махсус таъбир карда, Саймумин Муҳиддиновро барои куштани ронанда ба 21 соли зиндон, барои роҳзанӣ ба 12 сол ва барои тасарруфи шиноснома ба 1 сол, дар умум ба 34 соли зиндон маҳкум карда, аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда, нисбат ба ӯ ҳамчун ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 28 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахтро таъин кард.

Қиссаи ин ҷавони ҳамагӣ 20-соланишон медиҳад, ки пойи як инсон чӣ гуна метавонад ба роҳи хатарноки ҷиноят билағжад ва ӯ чӣ қадар зуд ҳама ҳадду ҳудуди инсофу одамгариро убур кунад ва барои ҳирси молу пул ҳатто даст ба ҷони як инсони дигар бизанад.

Саймумин Муҳиддинов вақте ба зиндон афтод, ки ҳамагӣ 20 сол дорад. Ӯ вақте озод хоҳад шуд, ки синнаш ба 49 хоҳад расид…

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ба зидди як 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин сокини Конибодом ба он айбдор мешавад, ки субҳи 22 июн, соати 09:30, дар назди мактаби миёнаи №1 бо марди 61-солаи сокини Конибодом, ки гирифтори бемории рӯҳӣ будааст, бе ягон асос ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо мушту лагат латтукӯб кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Ба авбош акнун аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххх

Ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ  ба он гумонбар мешавад, ки шаби 18 июн, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Гипроземи пойтахт бо роҳи зӯроварӣ аз дасти марди 54-солаи сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ телефонии мобили тамғаи «Самсунг А-9»-ро кашида гирифта, ба соҳиби телефон 1920 сомонӣ зарар расондааст.  Ин ноболиғ акнун ба ғоратгарӣ муттаҳам мешавад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button