ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

АБӮ ЗАБӢ ТОҶИКИСТОНРО АЗ “РӮЙХАТТИ САБЗ” ХОРИҶ КАРД/КОРОНАВИРУС ҲАСТ Ё НЕСТ?

Департаменти фарҳанг ва сайёҳии Абӯ Забӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб, Тоҷикистон ва Бритониёро аз “рӯйхатти сабз”-и кишварҳое, ки сайёҳонашон метавонистанд бидуни карантини  10-рӯза аз ин аморат дидан кунанд, берун кард. Нашрияи Khaleej Times хабар дод, ки ин қарор рӯзи якшанбе, 13 июн содир шудааст. Дар айни замон, дар “рӯйхатти сабз”-и Абӯ Забӣ даҳҳо кишвар, аз ҷумла аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия, Молдова, Озарбойҷон ва ду ҳамсояи наздики Тоҷикистон– Қирғизистон ва Ӯзбекистон боқӣ мондаанд.

Сабаби аз “рӯйхатти сабз”-и Абӯ Забӣ берун кардани Тоҷикистон гуфта нашудааст. Вале ин тасмим дар пасманзари хабарҳои афзоянда дар бораи мавҷи нави бемории коронавирус дар Тоҷикистон аст. Аммо вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунон пойфишорӣ дорад, ки аз аввали соли 2021, инак беш аз 5 моҳ боз дар ин ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст. Иддаое, ки кам касе бовараш мекунад.

Пойгоҳи хабарии «Русские Эмираты»  менависад, ба сайёҳон аз кишварҳои “рӯйхатти сабз” ҳангоми вуруд ба Абӯ Забӣ 10 рӯз карантин нишастан шарт нест, вале онҳо бояд баъди 6 рӯзи омаданашон тест супоранд. Сайёҳон аз кишварҳои хориҷ аз “рӯйхатти сабз” дар Абӯ Забӣ бояд 10 рӯз карантин бишинанд ва рӯзи 8-уми вурудашон тести коронавирус супоранд.

Бино ба ин манбаъ, қаблан Алӣ Ал-Шайба, мудиромили Департаменти фарҳанг ва сайёҳии Абӯ Забӣ гуфтааст, ки ин аморат мехоҳад то 1 июл карантинро барои сайёҳони хориҷӣ бекор кунад ва ба ҷои он, ба мисли аморати Дубай ба гузарондани тести коронавирус тамаркуз намояд. Чораҳои нисбат ба Дубай шадидтари зидди коронавирус дар Абӯ Забӣ боиси уфти башиддати шумори сайёҳони хориҷӣ дар ин аморати Имороти Муттаҳидаи Араб шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон иддао доранд, ки аз аввали сол дар ин кишвар тақрибан ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор ва сабт нашудааст. Сухангӯи вазорати тандурустӣ пойфишорӣ дорад, ки “танҳо гумонбарон ҳастанд, вале ташхисҳо нишон медиҳанд, ки онҳо дар асл гирифтори зуком ё пневмония шудаанд ва бемориашон рабте ба коронавирус надорад.”

Вале дар рӯзҳои охир манобеи нашрияҳо дар озмоишгоҳҳои ғайридавлатие, ки низ тестҳои коронавирусро анҷом медиҳанд, аз ошкор шудани даҳҳо ҳолати нави олудашавии сокинон ба коронавирус хабар медиҳанд. Танҳо дар озмоишгоҳи “Диамед” дар Душанбе ва танҳо дар як рӯзи 8 июн, ба гуфтаи як манбаи “Азия Плюс”, ҳудуди 100 ҳолати коронавирус ошкор шудааст.

Сокинони зиёд аз ҷумла дар суҳбат бо “Бомдод” низ дар бораи ба коронавирус гирифтор шудани наздиконашон хабар медиҳанд.

Ба ақидаи коршиносон, як сабаби асосии пойфишории мақомоти Тоҷикистон ба ин ки “коронавирус дар Тоҷикистон ба нестӣ расонда шуд” азми онҳо барои кушодани роҳи муҳоҷирони тоҷик ба Русия буд. Русия дар ҳақиқат аз 1 апрел ба далели “беҳтар шудани вазхи эпидемиологӣ” ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод ва алакай ҳазорон муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки як сол боз мунтазири кушодани шудани роҳи Русия буданд, худро ба он кишвар расонданд.

Дар баҳори соли 2020 низ мақомоти Тоҷикистон фақат рӯзи 30 апрел, он ҳам дар арафаи ба Душанбе омадани ҳайъати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки ба ҳисоботи Тоҷикистон дар бораи гӯё дар ин кишвар набудани ягон ҳолати коронавирус шубҳа кард, аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин вирусро тасдиқ карданд. Ҳоло низ интизор меравад, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон маҷбур хоҳад шуд, ки расидани мавҷи нави коронавирусро билохира эътироф кунад, вале зоҳиран мунтазири иҷозати роҳбарияти сиёсии кишвар аст, ки аз “боло” чӣ хоҳанд гуфт?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button