ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ РАИСИ СОБИҚИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ (ЛЕНИН) АЗИЗБЕК ШАРИПОВ

Азизбек Фаттоевич Шарипов, раиси собиқи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) вакили собиқи парлумони Тоҷикистон ва раҳбари собиқи Иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон рӯзи 10 июн дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.  Азизбек Шарипов дар синни 71 аз олам чашм пӯшид.

Азизбек Шарипов соли 1950 дар деҳаи Маҳмуроди ноҳияи Ленин ба дунё омада, собиқаи кориашро соли 1966 ба ҳайси ҳисобчӣ дар колхози “Роҳатӣ” шурӯъ кардааст. Ӯ солҳои 1977 то 1981 муовини раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ленин ва аз соли 1983 то 1985 муовини раиси Тоҷикматлубот буд. Ӯ аз соли 1985 то 1988 раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ленин ва аз соли 1988 котиби якуми ҳизби коммунисти ин ноҳия ва аз соли 1991 ҳамзамони раиси ноҳияи Ленин буд.

Азизбек Шарипов соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон низ интихоб шуд. Ӯ соли 1992 муовини  вазири кишоварзӣ таъйин шуда, баъдан солҳои зиёд роҳбарии Иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳуриро бар дӯш дошт.

Рӯзномаи Насими Айём 

ТАЪЗИЯ

Имрӯз, 10.06.2021 яке аз шахсиятҳои фарҳангӣ, арбоби сиёсӣ, собиқ раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон – Шарипов Азизбек Фаттоевич дунёро падруд гуфтанд.

Аз номи кормандони рӯзномаи “Насими айём” -и ноҳияи Рӯдакӣ ба тамоми шогирдону ёру дӯстон, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуда, дар ин лаҳзаҳои душвор ҳамдардии амиқи худро баён менамоем.

Ҷанозаи марҳум, имрӯз, соати 19:00

дар суроғаи н.Рудакӣ, кӯчаи И.Сомонӣ, наздикии муҷассамаи устод Рӯдакӣ баргузор мегардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button