ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ РОНАНДАИ СКУТЕР ВА ДУ НОБОЛИҒ ДАР СЕ САДАМАИ РӮЗИ 7 ИЮН ДАР ЗАФАРОБОД, ХОРУҒ ВА ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7 август дар се садама дар  ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, дар назди фурудгоҳи Хоруғ ва дар кӯчаи Қаробоеви пойтахт се нафар, аз ҷумла ду ноболиғ ба ҳалокат расидаанд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Раҳимов Абдуғанӣ Раҳимович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Зафаробод-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучарха (скутер) таҳти идораи, Эшмуродов Акбар Хоҷамурадович, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи дучарха Эшмуродов А.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-570», Шабонов Муборакшо Ғарибшоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Шуғнон, дар назди фурудгоҳи шаҳри Хоруғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Назармамадова Руқиямо Гулруховна, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри мазкурро, ки дар роҳи мошинагард бо дучарха ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Назармамадова Р.Г. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкрузер», Ризвонов Муқим Иҷронович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Назаров Идрис Зубайдович, соли таваллудаш 2019, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Назаров И.З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button