ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАР ШӮРОБ ЯК ЗАН ДӮСТПИСАРИ АЗ ХУДАШ ҶАВОНРО ЛАТТУКӮБ КАРДА, ДУ КОРД ЗАДААСТ

Як зани 39-солаи сокини Шӯроб дар Исфара аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ин зан, ки пеш бо моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои авбошӣ суд шудааст,  шаби 1 июн, тахминан соати 22:00, дар хонаи истиқоматиаш  дар ҷараёни муноқиша бо корди хоҷагӣ ба китф ва шиками ҳамзисташ, марди 28-солаи сокини шаҳраки Шӯроб ду зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, мардро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона карда, ба зидди зан бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ӯ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар чанд рӯзи охир ин алакай дуюмин ҳодисаи латтукӯби шавҳарон аз сӯи занҳост. ВКД қаблан хабар дод, ки зани 28-солаи зодаи ноҳияи Восеъ, муввақатан сокини шаҳри Душанбе нимаи дуюми рӯзи 2 июн, тахминан соати 18:00, дар хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Р.Амакии пойтахт дар ҷараёни муноқиша бо шавҳари 21-солааш шишаи оинаи хонаро шикаста, 2-маротиба ба бадани шавҳараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдидаро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда, ҳамсарашро ба ҳабс гирифтаанд. Ба ин зан низ то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх

Марди 58-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 237 ва 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷурми авбошӣ ва қочоқи маводи мухаддир суд шудааст,  ин дафъа бо гумони одамкушӣ боздошт шуд. ВКД гуфт, ин марди солхӯрда шаби 5 июн, соати 23:30  дар хонаи истиқоматиаш бо марди 35-солаи сокини пойтахт нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ бо ӯ ҷанҷол кардааст. Дар рафти муноқиша соҳибхона ба қафаси синаи ҳамқадаҳаш як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ба марди солхӯрда ин навбат барои одамкушӣ бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
хххххххххххххххххххххх

Марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат  ба он айбдор мешавад, ки субҳи барвақти 6 июн, соати 06:00 дар ҳудуди деҳаашон аз сабаби хусумати шахсӣ бо ҳамдеҳаи 25-солааш ҷанҷол карда, бо корд 2 маротиба ба баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, дуюмиро бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир кардаанд. Ба ӯ  бар асоси моддаи 111 Кодекси ҷиноятии ҶТ то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошти зани 39-сола барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 39-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 1-уми июни соли 2021, тахминан соати 22:00, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди хоҷагӣ ба китф ва шиками ҳамзисташ, марди 28-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шӯроб задааст.
Дар натиҷа, охирон ҷароҳати ванини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 237 ва 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ, дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 5-уми июни соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо марди 35-солаи сокини пойтахт нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ бо якдигар ҷангу ҷанҷол кардаанд. Баъдан гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи охирон задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо корд захмӣ намудани ҳамдеҳа

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 06:00, дар ҳудуди деҳаашон аз сабаби хусумати шахсӣ бо ҳамдеҳааш, ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2 маротиба ба баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button