ЯК ЗАН ДАР ДУШАНБЕ ШАВҲАРАШРО ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ
Кормандони милитсия зани 28-солаи зодаи ноҳияи Восеъ, муввақатан сокини шаҳри Душанберо бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд. ВКД гуфт, ин зан нимаи дуюми рӯзи 2 июн, тахминан соати 18:00, дар хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Р.Амакии пойтахт дар ҷараёни муноқиша бо шавҳари 21-солааш шишаи оинаи хонаро шикаста, 2-маротиба ба бадани шавҳараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
ххххххххххххх
Ду бародари 22 ва 25-сола аз Кӯлоб, ки якеашон пеш барои дуздӣ бо модда 244, қисми 2 ва барои раҳзанӣ бо 249, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ва ду ҷавони 22 ва 25-сола аз Левакант ва ноҳияи Ховалинг ба он айбдор мешаванд, ки шаби 10 ба 11-уми майи соли 2021, тахминан соати 00:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес”, ки дар лаби шоҳроҳи ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи мазкур беназорат меистод, 2-адад аккумулятори тамғаи “СТ-90”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда ба соҳиби мошин – марди 55-солаи сокини шаҳри Бохтар – 3 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
хххххххххххххххх
Сокини 24-солаи ноҳияи Синои пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2020, бо роҳи фиреб ба бовариии як ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия дромадааст ва аз ӯ 180 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, марди 37-солаи сокини ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритӯс барои он боздошт шуд, ки моҳи апрели соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии зани 35-солаи сокини ҷамоати Х.Холматов даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,10-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор Ғафуров” 34 ҳазору 400 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи 247 қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Тафтишот идома дорад.
Аз навори хабарҳои рӯзи 5 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шавҳар
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитссия зани 28-солаи зодаи ноҳияи Восеъ, муввақатан сокини шаҳри Душанбе, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 2-юми июни соли 2021, тахминан соати 18:00, дар хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Р.Амакии пойтахт бо шавҳараш, ҷавони 21-сола ҷангу ҷанҷол карда, шишаи оинаи хонаро шикаста, 2-маротиба ба бадани шавҳараш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Боздошт гардидани як зумра ҷавонон бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 55-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки шаби 10 ба 11-уми майи соли 2021, тахминан соати 00:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес”, ки дар лаби шоҳроҳи ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи мазкур беназорат меистод, 2-адад аккумулятори тамғаи “СТ-90”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бародарон ҷавонони 22, 25-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб, ки якеашон пеш бо моддаҳои 244 қисми 2 ва 249 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавонони 22, 25-солаи сокинони шаҳри Левакант ва ноҳияи Ховалинг бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Ошкор гардидани амалҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2020, ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 180 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус моҳи апрели соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Холматови ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,10-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор Ғафуров” маблағи 34 ҳазору 400 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.