ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ҲОДИСАИ АВБОШӢ ВА КОРДЗАНӢ ДАР НАЗДИ МАҒОЗАИ “САБРИНА” ВА ДАР КӮЧАИ АВЕСТО

Марди 31 ва ҷавони 20-солаи сокинони ноҳияҳои Варзобу Восеъ ба он айбдор мешаванд, ки субҳи 4 июн, соати 05:00 дар назди мағозаи «Сабрина», воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт бе ягон асос, аз ҳиссиёти авбошӣ марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакиро дашномҳои қабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб кардаанд ва яке онҳо ба рони пойи рости ҷабрдида 5 зарбаи корд задааст.

Инчунин, 4 ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 4 июн, соати 10:30  дар кӯчаи Авесто аз ҳиссиёти авбошӣ якдигарро лату кӯб кардаанд. Дар рафти муноқиша яке аз онҳо бо корд як маротиба ба қисмати тарафи чапи пойи дигараш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
хххххххххххххх

Сокини 20-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов  ба он гумонбар мешавад, ки шаби 3 июн, соати 23:00 пинҳонӣ вориди хонаи сокини 43-солаи ҷамоати Сомониён шуда, аз он ҷо 4 500 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааст. Зарари расондашуда 15 300 сомониро ташкил медиҳад.

4 сокини ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 24 ба 25 май, тахминан соати 00:10, пинҳонӣ вориди мағозаи масолеҳи сохтмони воқеъ дар деҳаи Нурбахш, мутааллиқ ба сокини 38-солаи ҷамоати Лолазор шуда, аз он ҷо ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти гуногуни сохтмониро дуздидаанд.

Ҷавонзани 20-солаи сокини ҷамоати Патар дар Конибодом ба он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 29 апрел, соати 09:30 ҳангоми дар Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷузвдони ҷавонзани 21-солаи сокини ҷамоати Ҳамробоев 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад ангуштарини тиллоӣ, арзиши умумиашон 5500 сомониро дуздидааст.

Дар робита ба ин се қазия бар асоси қисми дуюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ парвандаҳо оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба дастгиршудаҳо ҳамчун муҷозот аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 7 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани якчанд нафар бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 4-уми июни соли 2021, тахминан соати 05:00, дар назди мағозаи «Сабрина», воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт бе ягон асос, аз ҳиссиёти авбошӣ, марди 31 ва ҷавони 20-солаи сокинони ноҳияҳои Варзобу Восеъ дашномҳои қабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб карда, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, 5-маротиба ба рони пойи рости ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, номбурда ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои опреративӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки 4 ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе, рӯзи 4-уми июни соли 2021, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар кӯчаи Авестои ҳамин шаҳр аз ҳиссиёти авбошӣ байни ҳамдигар ҷангу ҷанҷол карда, якдигарро лату кӯб намудаанд.
Сипас, яке аз онҳо бо корд 1-маротиба ба қисмати тарафи чапи пойи дигараш задааст. Дар натиҷа нафари захмигардида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 3-юми июни соли 2021, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 4 ҳазору 500 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опреративӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 20-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 24 ба 25-уми майи соли 2021, тахминан соати 00:10-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи маҳсулоти сохтмониаш, воқеъ дар деҳаи Нурбахш шуда, аз он ҷо маҳсулоти гуногуни сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опреративӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Лолазори ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза ҷавонзани 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 29-уми апрели соли 2021, тахминан соати 09:30-дақиқа, ҳангоми дар Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷузвдонаш 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад ангуштарини тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опреративӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button