ВидеоИқтисодКоррупсия

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИРИ БОЗОРИ СОБИҚИ КАБИРӢ БАРОИ ТАБДИЛИ 3 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 июн хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Турсунзода рӯзи 24 апрел Ҳабибулло Назаров ва Маҳмудҷон Атабоев, ду соҳибкори бозори ҶДММ “Варзмол”-ро бар асоси қисми дуюми моддаи 286-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор шинохта, маҳкум кардааст.

Додситонии кулл ба кадом ҷазо маҳкум шудани ин ду нафарро нагуфтааст, вале моддаи 286, қисми 2 ҳамчун ҷазо барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба маблағи аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ба андозаи аз 730  то 1095 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда =60 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 4 то 6 солро пешбинӣ мекунад.

Бино ба гузориши маркази матбуоти додситонии кул, рӯзи 26 феврали соли 2021 харидори шартӣ Холмуродов Абдураҳмон Қурбонбоевич, ба бозори ҶДММ “Варзмол”-и шаҳри Турсунзода омада, ба Назаров Ҳабибулло Маҳбулоевич, ки дар ин бозор ба фурӯши матоъ машғул буд,  барои иваз кардан 3 ҳазор доллар пули нақд пешниҳод кардааст.

Бозори “Варзмол”

Ҳабибулло Назаров, ки барои иваз кардани чунин маблағ имконият надошт, ба соҳибкори дигари ҳамин бозор Атабоев Маҳмудҷон Мамадаминович долларҳоро бо қурби 11 сомонию 45 дирам пешниҳод кардааст.

“Атабаев М.М. ба пешниҳоди Назаров Ҳ.М. розӣ шуда, маблағи 34350 сомониро бо худаш гирифта, дар дохили автомашина бо 3000 долари ИМА иваз намуда мегирад. Назаров Х,.М., ки аз муомилоти ғайриқонуниаш мақсади 300 сомонӣ фоида ба даст оварданро дошт, баъди аз автомашина фаромадани харидори шартӣ Холмуродов А.Қ., ӯро ба нуқтаи савдояш бурда, ҳангоми ҳисоб кардани ин маблағ аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Турсунзода дастгир карда мешавад”, – хабар додааст  маркази матбуоти додситонии кул.

Кабирӣ дар бозори “Варзмол”. Апрели соли 2014

Бозори “Варзмол” соли 2014 баъди бо ҳукми додгоҳ аз дасти Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) гирифтани бозори “Саховат” ташкил шуд. Бозори “Саховат” ба номи ҳамсари Кабирӣ сабти ном шуда буд, вале додгоҳи Турсунзода хусусигардонии онро ғайриқонунӣ номида, бозорро ба фоидаи давлат мусодира кард. Кабирӣ  он вақт ҳанӯз тарки Тоҷикистон накарда буд, ҳукми додгоҳро ноодилона хонда буд.  

Бозори “Саховат” бо қарори додгоҳ бояд ба ҳолати аввалааш баргардонда шуда, аз нав ба толори варзишӣ табдил дода мешуд. Вале ҳамагӣ чанд моҳ баъд эълон шуд, ки дар ин ҷо бозори “Варзмол” ташкил мешавад, ки ба шакли корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД) амал хоҳад кард. Аммо дар гузориши Додситонии кул ин бозор ҳамчун ҶДММ зикр шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button