ВидеоТоҷикистонФарҳанг

ИДИ ИШКАМ ДАР БАРНОМАИ НАВИ “ПОЕДЕМ, ПОЕДИМ!” АЗ ТОҶИКИСТОН: АЗ МАЗЗАИ ЧУКРИЮ СИЁҲАЛАФ ТО СИРРИ САМБӮСАЮ ЯЛАМА (2 ВИДЕО)

Офарандагони барномаи машҳури пухтупаз «Поедем, поедим!»  барои таҳияи шумораи наваш боз ба Тоҷикистон омада, дар бораи ғизоҳои миллии тоҷикӣ ва маконҳои дидании Тоҷикистон барнома омода кардааст. Ҳайъати эҷодии барнома барои сабти он аз Душанбеву қалъаи Ҳисор ва Норак дидан карда, барои хӯрдани чукрӣ ба дараи Варзоб ҳам рафтаанд.

Дар ин барнома онҳо тарзи пухтани сиёҳалафу ялама ва сирри чунин хушмазза омадани самбӯсаи тоҷикиро омӯхта, тамошобинро бо зебоиҳои ҷӯробҳои помирӣ низ ошно мекунанд.

Барномаи тозаи «Поедем, поедим!»   аз Тоҷикистон рӯзи 5 июн дар шабакаи телевизионии НТВ нашр шуд. Дар муаррифиномаи он чунин гуфта мешавад:   «Барномаи «Поедем, поедим!» ба Тоҷикистон баргашт! Ин дафъа Федерико Арналди ва Габриэлла Да Силва кӯшиш кардаанд бифаҳманд, ки чаро барои ҳар сайёҳ аз Русия зарур аст, ки аз ин кишвар дидан кунад. Федерико ва Габриэлла Душанбе шукуфон ва пешрафтаро дида, ҷӯробҳои помириро дар пои худ чен карданд, асрори дӯхтани чаканро фаҳмиданд, аз меҳмоннавозии тоҷион ба ангушти ҳайрат газиданд ва чандин рӯз иди ишкам барпо карданд.”

Дар ҳамин ҳол, Ютуб-канали “Персия/ Persia”,  ки дар ташкили сафари гуруҳи эҷодии барномаи «Поедем, поедим!» ба Тоҷикистон иштирок дошт, дар як видеои алоҳидаи 24-дақиқагӣ дар бораи ҷараёни боздиди созандагони барнома аз Тоҷикистон гузориши муфассал додааст. Дар барнома намоиш дода мешавад, ки Федерико ва Габриэлла дар Душанбеву Варзобу Норак ва Ҳисор куҷоҳо рафтанд, чӣ диданд, чӣ шуниданд ва аз ҳама муҳим, чӣ хӯрданду чӣ нӯшиданд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button