ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ ОБУҲАВОШИНОСОН: ГАРМОИ ТО +46 ДАРАҶА ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 9 ИЮН БОҚӢ ХОҲАД МОНД

Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон  ҳушдор дод, ки аз 5 то 9 июни соли равон  бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои гарму хушк аз самти минтақаҳои ғарб дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар водиҳо ҳарорат то 37+42 ва  дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43+46 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 31+36 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Дар Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба хабаргузории «Ховар» гуфтаанд,  рӯзҳои 5-8 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи мамлакат шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, гармии зиёд  метавонад сабабгори обшавии барфҳо дар кӯҳҳо шуда, боиси  болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва омадани сел  дар маҳалҳои ҷудогонаи кӯҳистон ва доманакӯҳҳои ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шавад.

Аз ин рӯ, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хостааст, аз нурҳои офтоб дурӣ ҷуста, кӯшиш  кунанд, ки ҳамеша дар соя бошанд ва рӯзона, аз соати 11 то 16, бе зарурат ба кӯча набароянд.

Ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ аз хатари сел аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки пайваста селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳои назди манзили истиқоматии худро аз ҳар гуна партову хасрӯбаҳо тоза кунанд.

Ва аммо рӯзи 5 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар  дошта шудааст.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзи 5 июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button