ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 5 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими шанбе, 5 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ХУРУҶИ НИРӮҲО ВА БОЗГАШТИ СОКИНОН: ДУ НАТИҶАИ АСОСИИ МУЗОКИРОТИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР МАРЗИ ЛАХШ БО ВИЛОЯТИ ӮШ

МАРГИ ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ИРКУТСК

НАРХИ ТАМОКУ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 2 МАРОТИБА БОЛО МЕРАВАД. АКНУН – НАВБАТИ НОС?

ДАРГУЗАШТИ ОМӮЗГОРИ ШИНОХТА МАҲТОББӢ МИРАЛИЕВА

ГАРМОИ ТО +46 ДАРАҶА ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 9 ИЮН БОҚӢ ХОҲАД МОНД

ЯК ЗАН ДАР ДУШАНБЕ ШАВҲАРАШРО ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ

ЛОЛО, ЛОЛО, ЛОЛО, НАРХИ САБЗӢ РАФТ БОЛО…СУРУДИ НАВИ ҲАҶВИИ “ДОН ЖУАН”

ҚИССАИ СӮҲРОБ, ҶАВОНИ ТОҶИКЕ, КИ БА ТАВРИ МӮЪҶИЗАВӢ АЗ НАВ БА ПО ХЕСТ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Рӯзи 5 июн дар марзи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-и  водии Рашти Тоҷикистон бо ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯши Қирғизистон музокироти дурӯзаи раисони кумитаҳои амнияти миллии  ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев анҷом ёфт.

Рӯзи 4 июн, рӯзи аввали музокироти онҳо, бино ба иттилои ЭлТР, шабакаи телевизиони давлатии Қирғизистон бенатиҷа анҷом ёфта буд.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар бораи натиҷаи музокироти ахир шарҳи расмие надодааст, вале Қамчибек Тошиев дар Чон-Олой бо хабарнигорон дар ин бора суҳбат кардааст. Хабарнигори радиои “Азаттык”, бахши қирғизии радиои Озодӣ аз Чон-Олой гузориш дод, ки Тошиев гуфтааст, ду ҷониб як протоколи иборат аз 8 бандро имзо кардаанд. Ӯ гуфт, тафсилоти тавофуқоти бадастомада баъдан нашр хоҳад шуд.

Вале то ин лаҳза маълум шудааст, ки ду ҷониб дар мавриди аз хатти марз ақиб кашидани нирӯҳояшон ва ба маҳалли зисти доимиашон баргардондани сокинони маҳаллӣ тавофуқ кардаанд. Қирғизистон аз шоми 4 июн ба кӯчондани сокинони 5 деҳа аз мавзеи баҳсии Унжу-Булоқ шурӯъ карда буд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 4 июн Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки нирӯҳои Тоҷикистон соати сеи шаби 4 июн, дар як минтақаи аломатгузориношудаи марз дар мавзеи Унжу-Булоқ  тахминан 1000 метр дарунтари қаламрави Қирғизистон рафта, дар онҷо  як контейнер гузоштаанд. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон дар баёнияи ҷавобӣ гуфт, ағбаи Шаттӣ низ яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа  ба шумор меравад ва азбаски дар қитъаи ағбаи Қарамиқ постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст”, ҷойгиршавии ахири воҳиди марзбонии Тоҷикистон  дар “хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон… принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя таъмин менамояд.”

Марзи ноҳияи Чон–Олой бо ноҳияи Лахш, ки аксари аҳолиашро қирғизҳо ташкил медиҳанд, як қисмати нисбатан оромтари марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт.

ххххххххххххххххх

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки андози аксизи маҳсулоти тамокуро то ду маротиба боло барад. Бар асоси ин қарор, хабар медиҳад “Азия Плюс”, андозаи аксизи сигара, сигараи думбурида, сигарилла ва сигаретаи аз тамоку ва ивазкунандаҳои он истеҳсолшуда бояд ду маротиба боло бурда шуда, аз 8,5 евро  ба 17 евро барои 1000 донна расонда шавад.

Ҳамин тавр, аксизи сигаретаҳои филтдору бефилтр аз 9,8 евро то 19 евро барои 1000 дона боло бурда шуда, андозаи аксизи дигар маҳсулоти саноатии тамоку ва ивазкунандаҳои он, ҳамчунин экстракт ва эссентсияи тамоку, навъҳои “барқароршуда” ва “гомогенишуда”-и тамоку низ ду маротиба боло бурда шуда, аз 35% ба 70% расонда мешавад.

Қарори ҳукумат бояд як моҳ баъди нашри расмиаш ба иҷро дароварда шавад. “Азия Плюс” навишт, азбаски қарор 27 май расман нашр шуд, интизор меравад, ки аксизҳо аз поёни моҳи июн боло бурда шаванд.

Аксиз як навъ андози собит аст, ки аз бархе навъҳои маҳсулот, бавижа тамоку ва машрубот, ситонда мешавад. Дар Тоҷикистон аз фурӯши алюминий – маҳсулоти асосии содиротии ин кишвар –  низ 3% андози собити аксизӣ ситонда мешавад.

Ҳоло нархи тамоку дар Тоҷикистон хеле арзон буда, дар давру бари як доллар барои як қуттии иборат аз 20 сигарета қарор дорад. Баъди як моҳ нархи як қуттии сигарет дар Тоҷикистон метавонад то ба 20 сомонӣ боло биравад. Барои муқоиса бояд гуфт, ки дар кишварҳои Ғарб нархи як қутии сигарета ба далели аксизи баланди давлатӣ дасти кам аз 4 доллар шурӯъ мешавад ва дар  Австралия, барои мисол, нархи як қуттӣ “Marlboro” то ба 25 доллар ва дар Зеландияи нав ба 21 доллар мерасад.  Табибон тамокуро ҳамчун ангезандаи бемориҳои марговаре, чун саратон, як амали зараровар меноманд ва бисёре аз давлатҳои ҷаҳон боло бурдани нархи тамокуро як роҳи муассири мубориза бо тамокукашӣ мешуморанд.

Ба назари бисёриҳо, боло рафтани нархи сигарета як бахши аъзами сигоркашони тоҷикро маҷбур хоҳад кард, ки ба истифодаи навъи миллии тамоку – нос гузаранд. Истеҳсол ва фурӯши носро то ҳол андози аксиз набастаанд ва зоҳиран нархи он ба боло бурдани андозаи аксиз вобаста нест. Вале носфурӯшон одатан нархи маҳсулоти худро бо дарназардошти нархи сигор дар бозор “танзим” мекунанд. Ба ин далел бисёриҳо интизор доранд, ки дар пайи боло рафтани нархи сигор нархи нос ҳам боло хоҳад ҷаҳид.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Иркутски Русия ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеои аз морг гирифтану ба Ватан фиристодани тобути ду шаҳрванди Тоҷикистонро ирсол карданд. Холов Маҳмадамин, санаи таваллудаш 22 феврали соли 1960, ва Соҳибназаров Зокир Мирзоевич, 12 январи соли 1969, ҳарду аз бемории ҷигар вафот кардаанд.

Дар видео Ширинов Алишер Ғиёсович, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск  ба мардум муроҷиат мекунад, ки барои ба Ватан фиристодани тобутҳои ин ду бародари тоҷик кумаки худро дареғ надоранд. Дар як пораи дигари видео Алишер Ширинов бо ифтихор ҳисобот медиҳад, ки бачаҳои тоҷик дар байни ҳамагӣ ду соат тамоми маблағи лозим барои ирсоли ин ду тобут ба Тоҷикистонро ҷамъ овардаанд. Ӯ бо изҳори миннатдорӣ ба муҳоҷирони тоҷик гуфт: “То вақте ки мо чунин сарҷамъу муттаҳид ҳастем, Худо хоҳад, дар ҳама кор пешрав хоҳем  буд. Асоси ҳар пешравӣ дар сарҷамъист.”

Дар видео ҳамчунин лаҳзае сабт шудааст, ки намояндагони ҷамъияти тоҷикони Иркутск ҳарду тобутро аз морг мегиранд ва пеш аз фиристодан ба Ватан барои ду бародари марҳуми худ, ки дар мулки ғурбат дида аз ҷаҳон пӯшиданд, даст ба дуо мекушоянд.

Ҳар сол дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои гуногун мемемиранд. Яъне ба ҳисоби миёна муҳоҷират ҳар рӯз танҳо дар Русия ҷони то 3 муҳоҷири тоҷикро мегирад.

ххххххххххххххххх

Маҳтоббӣ Миралиева, омӯзгори собиқадор, ки солҳои тӯлонӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М.Олимов ба шогирдон аз фанҳои таърих ва ҷомиашиносӣ дарс додааст, рӯзи 4 июн аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 5 июн баргузор мешавад.

Маҳтоббӣ Миралиева  риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ чанд муддат муовини мудири коллеҷи рассомӣ низ буд. Маҳтоббӣ Миралиева соли 2002 бо медали “Хизмати шоиста” ва соли 2008 бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонда шудааст. Маҳтоббӣ Миралиева дар матбуот низ ба таври фаъолона дар бораи масоили муҳими рӯз мақолаҳо менавишт ва ибрози назар мекард.

Журналисти шинохта Далер Мерганов Маҳтоббӣ Миралиеваро “модари накӯном, зани боиффату ватандӯст” тавсиф карда, навиштааст, ки ӯ “умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф намуд”.

Марҳум хоҳари Амиршо Миралиев, ёрдамчии собиқи президент дар масоили кадрӣ, раиси собиқи вилояти Хатлон ва муовини собиқи раиси Маҷлиси намояндагон аст.

Яке аз фарзандони Маҳтоббӣ Миралиева – Парвиз Тағоев дар Фейсбук гуруҳи “Ахбори Тоҷикистон-Новости Таджикистана-News of Tajikistan” –ро мечархонад, ки бо наздики 210 ҳазор пайрав пурхонандатарин гуруҳи тоҷикӣ дар ин шабакаи иҷтимоӣ ба шумор меравад.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Кормандони милитссия зани 28-солаи зодаи ноҳияи Восеъ, муввақатан сокини шаҳри Душанберо бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд. ВКД гуфт, ин зан нимаи дуюми рӯзи 2 июн, тахминан соати 18:00, дар хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Р.Амакии пойтахт дар ҷараёни муноқиша бо шавҳари 21-солааш шишаи оинаи хонаро шикаста, 2-маротиба ба бадани шавҳараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

ххххххххххххх

Ду бародари 22 ва 25-сола аз Кӯлоб, ки якеашон пеш барои дуздӣ бо модда 244, қисми 2 ва барои раҳзанӣ бо  249, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст,  ва ду ҷавони 22 ва 25-сола аз Левакант ва ноҳияи Ховалинг ба он айбдор мешаванд, ки шаби 10 ба 11-уми майи соли 2021, тахминан соати 00:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес”, ки дар лаби шоҳроҳи ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи мазкур беназорат меистод, 2-адад аккумулятори тамғаи “СТ-90”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда ба соҳиби мошин – марди 55-солаи сокини шаҳри Бохтар – 3 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.

хххххххххххххххх

Сокини 24-солаи ноҳияи Синои пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2020, бо роҳи фиреб ба бовариии як ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия дромадааст ва аз ӯ 180 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, марди 37-солаи сокини ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритӯс барои он боздошт шуд, ки моҳи апрели соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии зани 35-солаи сокини ҷамоати Х.Холматов даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,10-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор Ғафуров” 34 ҳазору 400 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи 247 қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Тафтишот идома дорад.

ххххххххххххххххх

Дӯстмурод Шарипов, маъруф ба “Дон Жуан”, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, дар клипи наваш бо номи “Лоло, лоло, лоло, нархи сабзӣ рафт боло” мавзӯи имрӯз дар Тоҷикистон хеле доғи болоравии нархҳоро ба риштаи ҳаҷв кашидааст.

 Сабаби ба ин мавзӯъ рӯ овардани “Дон Жуан” дар поёни моҳи май аз 2 сомонӣ барои як кило якбора то ба 10 ва ҳатто 11 сомонӣ боло ҷаҳидани нархи сабзӣ шуд.

“Дон Жуан” дар ин таронаи ҳаҷвӣ, ки бо як матни сабук ба пайравӣ аз таронаи дар Афғонистон машҳури “Лоло, лоло, лоло” сохта шудааст, аз ҷумла чунин мисраъҳоро мехонад:

Аз Сангтӯд омадам, бозор мерам, коко,

Қатӣ пул омадум, бепул мерам, коко.

Лоло, лоло, лоло,

Нархи сабзӣ рафт боло.

Ду-се моҳ мешава

Оша надидем, лоло…

Ин таронаро дар байни 4 рӯз танҳо дар канали “Дон Жуан” дар Ютуб беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карда, даҳҳо нафари дигар дар дигар шабакаҳои интернетӣ бознашраш кардаанд.

Сабзӣ дар баробари биринҷ, гӯшт ва равған яке аз масолеҳи асосӣ барои пухтани ош, як таоми аз ҳама дӯстдоштаи мардум дар Тоҷикистон мебошад. Қаблан дар Тоҷикистон нархи гӯшту равған башиддат боло рафт ва ахиран нархи сабзӣ каму ғам не, якбора то 5 маротиба ба осмон хест. Ин дасти бисёриҳоро аз пухтани оши дӯстдоштаашон кӯтоҳ кардааст. Бархе бо киноя менависанд, ки бояд ба “оши парҳезӣ” гузашт: оше, ки бидуни гӯшту равғану сабзӣ пухта шавад…

хххххххххххххххххх

Ва дар поёни барнома як қиссаи хушфарҷом:

Равонпизишки шинохтаи тоҷик Маҳмуд Кабирӣ видеои ҷавонеро бо номи Сӯҳроб  нашр кард, ки баъди се соли маҳрумият аз пои равон бо кумаки шеваи табобатии доктор Кабирӣ тавонистааст дубора ба по бихезад ва роҳ бигардад.

Сӯҳроб дар ин навор мегӯяд, се сол пеш бемори ба қавли мардум “ба ҷогаҳу ҷома” буд, вале ҳоло метавонад ба роҳатӣ хаму рост шавад, ҳам ба самти пешу ҳам ба самти қафо ҳаракат кунад ва ҳатто дар  вақти адои намозҳояш мустақилона ба рукӯъ саҷда биравад.

“Ина, устод, беташвиш мешинам ва худам аз ҷоям мехезам. Пеш бо ёрдами дигарон мехестам аз ҷо”, – нақл мекунад Сӯҳроб.

Сӯҳроб барои эҳтиёт бо асо мегардад, вале доктор Кабирӣ ба ӯ гуфт, ки ин асо бештар барои эҳтиёт, ё худ “страховка” аст.

Худи Маҳмуд Кабирӣ низ чунин ба пои худ хестану рост шудани Сӯҳробро мӯъҷиза меномад.

Доктор Кабирӣ қаблан низ дар бораи ба пой хестани чанд бемори дигараш хабараш дода буд.

Маҳмуд Кабирӣ 22 июни соли 1970 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст. Доктор Кабирӣ дар бахшҳои равоншиносӣ, равондармонӣ, гиёҳдармонӣ, сӯзандармонӣ ва тибби Шарқ, аз ҷумла тибби чинӣ, тибби ҳиндӣ, тибби набавӣ ё тибби Муҳаммадӣ ва ҳам дар тибби юнонӣ  мутахассиси варзида шинохта шуда, ҳассосбаланд, яъне экстрасенс низ дониста мешавад.

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button