ВидеоТоҷикистонҶомеа

ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ МОДАР АЗ СӮИ ПИСАР: “НАМЕХОСТ, КИ БА МАЪШУҚААМ ХОНАДОР ШАВАМ…” (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон дар як гузориши видеоӣ бархе тафсилоти куштори модар аз сӯи фарзандаш дар ноҳияи Шаҳринавро нашр кард.

Санаи 28 май, тахминан соати 18  дар кӯчаи ба номи Чӯтак Уразови шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав ҷинояти даҳшатовар, яъне қатли бераҳмонаи модар аз сӯи фарзандаш ошкор шуд.

Эҳсон Абдуллозода дар ин гузориш мегӯяд, Азимов Шаҳзод Қарабоевич, с.т. 1999,  муқаддастарин нафареро, ки умри худро сарфи тарбияи ӯ карда буд, аз ҳаёт маҳрум сохт.Марҳум Абдувоҳидова Самсамоҳ Абдусаломовна, с.т. 1968, ба гуфтаи муаллиф, ҳеҷ гоҳ аз фикраш намегузашт, ки як рӯз аз дасти фарзанди худ кушта мешавад.

Ин куштор дар заминаи муноқишаи оилавӣ рух дода, Азимов Шаҳзод, ба гуфтаи тафтишот, модарашро  барои онки мухолифи издивоҷти ӯ бо маъшуқааш буд, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст.

Аммо худи Шаҳзод Азимов дар ин гузориш мегӯяд: “Вақте маро зад, ман “оча, бас кун!” гуфтам. Боз маро заду гуфт, ман туро ба милиса месупорам. Ҳақоратам кард. Баъд аз пушташ тоб хӯрдаму аз гарданаш ҷуқидам, ки маро тела кард. Ман омада, дар труба задам ва дар ҳаминҷо дукаса ғалтидем. Қуртуқашро ягон се ё сеюним дақиқа ҷуқидам, баъд ҳуяш кардам.”

Ӯ сипас модарашро дар рӯи кат хобонда, аз хона мебарояд ва ба шаҳр меравад.  Шаҳзод дар гузориши ВКД гуфт, вақте баргашт, модараш алакай шох шуда буд, вале барои онки мурдани ӯро аз вай гумон набаранд, ҳамсояро даъват карда, модарашро ба беморхона бурд.

Даст бардоштан ба сари падару модар, чӣ расад ба қатли онҳо, амали нангинест, ки дар ҷомиаи суннатии Тоҷикистон шадидан маҳкум мешавад ва афроде, ки даст ба чунин амал мезананд, сарфи назар аз онки чӣ далеле доштанд ё надоштанд, радди маърака эълон мешаванд.

Вале бо ин вуҷуд ҳар сари чанд вақт аз Тоҷикистон дар бораи қатли волидон бо дасти фарзандони нохалафи онҳо хабарҳо ба даст мерасанд.

Аз ҷумла Абдуллоев Олимҷон, соли таваллудаш 1985, сокини  қаблан ҳам судшудаи ноҳияи Ашт, рӯзи 23 январи соли 2015  “дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо санг ба сару рӯи модараш Абдуллоева Тиллобибӣ соли таваллудаш 1948, якчанд маротиба мезанад, ки дар натиҷа модараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.»

Соли 2017 додгоҳи минтақаи Кӯлоб сокини деҳаи Қайнар аз канори шаҳри Сарбанд Тағоймурод Мировро бо ҷурми  одамкушӣ бо бераҳмии махсус ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Миров ба он айбдор дониста шуд, ки модараш Садафмоҳ Нуроваро бо бел зада ва сипас дар манзили иҷорааш дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара зери хок кардааст.

Ҳамин тавр, дар авоили соли 2017 як сокини Восеъ бо иттиҳоми қатли падарандараш Баҳодур Сангов дастгир шуда буд.

Ҳамчунин, як марди 42-солаи сокини ноҳияи Ашт рӯзи 21 ноябри соли 2017, соати тахминан 17:30 “дар ҳавлии истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо падараш, марди 86-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо асои дар дасташ буда, 1-маротиба ба сараш задааст. Дар натиҷа мӯсафед ба замин афтида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Моҳи сентябри соли 2017 низ дар ноҳияи Ашт як чунин ҳодиса қатли падар бо дасти писар сабт шуда буд. Сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Нарзуллоев Некбахт, соли таваллудаш 1992, тахминан соати даҳи шаби 12 сентябр падари 47-солааш Ғайрат Нарзуллоевро бо бел бераҳмона зада куштааст. Вазорати дохила гуфт, дар пушти ин ҳодисаи нангин муноқиша ва ноустувории муносибатҳои байни ин падару писар намудор мешавад: “Майзада будани падар ва номуросо будан бо аҳли оила рафоқат ва меҳрубониро аз байн бурда, муносибати байни аъзои оиларо сард ва оқибат писарро қотили падар кард.” 

Ҳамин тавр, гузориш шуда буд, ки як марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз рӯзи 13-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 13:00-дақиқа ба ҳавлии истиқоматии падараш, марди 65-сола омада, дар пайи ҷангу ҷанҷол бо корди дар дасташ буда, 5-маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button