Нуқтаи назарҶомеа

ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 1 АЗ 3 ИЮН, СИНФҲОИ 2-11 АЗ 7 ИЮН БА ТАЪТИЛ МЕБАРОЯНД

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи мавҷи интиқодҳо дар ҷомиа қарор кард, ки хонандагони синфи 1 аз рӯзи 3 июн ва хонандагони синфҳои 2-11 аз 7 июн ба таътили тобистона мебароянд. Қарори қаблии вазорат дар бораи то 14 июн давом додани дарсҳо дар мактабҳои миёна интиқодҳои зиёдро дар пай дошт ва бисёриҳо  аз ин изҳори ҳайрат мекарданд, ки вақте тамоми барномаи таълимӣ  тамом шудааст, бо дарсҳои такрорӣ дар ин ҳавои гарм то нимаи моҳи июн дар мактабҳо нигоҳ доштани хонандагони алакай хасташуда  маъное надорад.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф рӯзи 2 июн дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 1 июн “бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021, ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 02.06.2021, №864) ба тасвиб расид. Тибқи банди 1 ин фармоиш машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.”

Ҳамчунин, дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 9 июн то 17 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (рӯзона) аз 9 июн то 16 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн гузаронида шаванд.

Шоир ва омӯзгори тоҷик Исмоил Зарифӣ ҳанӯз ду ҳафта пеш дар масъалаи таътили хонандагон ба вазири маориф ҳатто бо шеър “ариза” навишта буд:

Исмоил Зарифӣ

АРИЗА

Ба Вазири маориф,

Ба марди хуби ориф,

Бо қалби пора- пора,

Гӯям мани бечора.

Кӯтаҳ кунед таҳсилро,

Ба ҷо монед таътилро.

Ариза

Соли хониш шуд дароз,

Аз Амрико, аз Кавкоз.

Дар мактаб, дар ҳар зина,

Кӯдакон доранд ароз.

Дар ин рӯзи беохир,

Ба дарс оянд бо таъхир.

Ба асаби хонанда,

Бешубҳа, созад таъсир.

Шумо марди доноед,

Чашмони худ кушоед.

Асабҳо аз оҳан нест,

Раҳме ба мо намоед.

Хонандаи дилфигор,

Аз мактаб бошад безор.

Аз гармии синфхона,

Шуда беҳолу бемор.

Дирӯз дар синфи ҳафтум

Ҳисоби корам шуд гум,

Ду хонанда афтоданд

Аз курсӣ бедаму дум.

Мавзӯъҳо гашта тамом,

Хонданд онро ном ба ном,

Ба мо мавзӯъ фиристед,

Вазири воломақом.

Дар рӯзи гарми баҳор,

Нафас гирифтан душвор,

Рӯ тобед аз ин «мерос»,

Даст кашед аз ин қарор.

Корҳоро беҳтар кунед,

Қарорро дигар кунед,

Бихезед аз кресло,

Ба олам назар кунед.

Афзун нашавад дониш,

Дар тӯли соли хониш.

Онро кӯтоҳтар кунед,

Ин аст ягона хоҳиш!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button