ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ЭЪЛОНИ ҶУСТУҶӮИ ДИЛОВАР ГУЛОВ, ПИСАРИ ГУЛ ШЕРАЛӢ

РВКД Душанбе рӯзи 28 май расман эълони ҷустуҷӯи Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноату энергетика ва қудои президентро нашр кард. Дар эълоне, ки дар сомонаи расмии милитсияи пойтахти Тоҷикистон ва саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфта мешавад, ки:

“Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Гулов Диловар Шералиевич (ному насаби дигараш: Шерализода Диловар Шералӣ), санаи таваллудаш 18.04.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо, ки қаблан барои ҷинояти авбошӣ суд шудааст, боз барои содир намудани ҷинояти навбатӣ – авбошии гуруҳӣ тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, аз санаи 19.05.2021 дар кофтукови расмӣ қарор додааст.”

Милитсияи Душанбе аз кулли шаҳрвандон хостааст, ки агар дар бораи гумонбаршаванда Гулов Диловар Шералиевич ягон иттилое дошта бошанд, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, 221-00-57, 221-15-42 хабар диҳанд ваё аз тариқи Интернет бо мақомоти РВКД Душанбе тамос бигиранд:

Почтаи электронӣ:  rvkddushanbe@mail.ru

Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук:   “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”

Саҳифаи расмии Раёсат дар Инстаграм:  dushanbepolice

РВКД Душанбе замонат додааст, ки маълумот дар бораи шаҳрвандоне, ки барои дастгир намудани нафари дар ҷустуҷӯ қарордошта мусоидат мекунанд, махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Диловар Гулов дар пайи Амриддин Нахшов инак дуюмин нафар аз хешовандони президенти Тоҷикистон аст, ки дар ин чанд рӯзи охир бо иттиҳоми авбошӣ ба зиддашон парванда кушода шуд. Нахшов, ки баъди як занозании хунини рӯзи 16 май дар Данғара таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, рӯзи 27 май худро ба мақомоти милисаи он ноҳия таслим кардааст. Дар он занозанӣ бар сари тиҷорати шираи камол 10 нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди Афғонистон ҷароҳат бардошта, раҳбари ширкати “Мину Фарм” Сайёд Ғиёсов бо 4 зарби корд дар бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ карда шудааст.

Иттифоқан Диловар Гулов низ ба даст доштан дар занозание айбдор мешавад, ки ҳамон рӯзи 16 май, вале дар пойтахт рӯй додааст.

Тавре қаблан хабар додем, шоми 16 май дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и марбут ба хонаводаи Алиматовҳо дар Душанбе бо иштироки фарзандони Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетикаю саноат ва қудои президенти Тоҷикистон занозанӣ рух додааст.

Бино ба иттилои радиои Озодӣ, фарзандони Шералӣ Гул аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд, вале Алишер Гуловро алакай субҳи 17 май дар ҳудуди вилояти Суғд дастгир кардаанд. Ҷустуҷӯи Диловар Гулов идома дорад.

Дар ин муноқиша Фирдавс Муродов ва Амирхон Сангалиев (Шаҳбоз) маҷрӯҳ шудаанд. Меҳриниссо, модари Диловар ва Алишер дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, моҷаро баъд аз он шуруъ шудааст, ки шахсе бо номи Фирдавс Муродов ба пойи Шаҳбоз (Амирхон Сангалиев) хоҳарзодаи ӯ бо корд зарба задааст.

«Наворҳо ҳаст, ки аввал Фирдавс ҳамла кардааст. Ҷавони ҳамлагар Фирдавс Муродов, ки бо номи “Дед Мороз” дар маҳалаи мо шинохта мешавад, пештар барои иштирок дар ҳамла ба “Бобои Барфӣ” зиндонӣ шуда буд. Бачаҳои ман бо даъвати писари холаашон барои нишастан ба тарабхонаи «Сим-Сим» рафтаанд. Кор ин хел шудааст, ки Фирдавс аз ҳоҷатхона берун мешавад ва омада сари мизи писарони ман менишинад. Бо Шаҳбоз чӣ гапе мезанад, ки хеста, ҳамаашонро ҳақорат мекунад. Шоҳидон ҳастанд ва наворҳо ҳастанд, ки ӯ аз ҷояш хеста ба Шаҳбоз бо корд мезанад. Ба Шаҳбоз се корд задааст. Писарони ман аз мақомот тарсон шудаанд. Онҳо ҳеҷ вақт намехостанд, ки иштирок кунанд. Барои ҳамин гурехтанд. Лекин агар Алишер ӯро намезад, ӯ Диловарро бо корд мекушт.»,–гуфт ӯ.

Алишер Гулов 24 сол дошта, қаблан дар ВКД кор мекард, вале ба кадом далели номаълуме аз саффи милиса ронда шудааст.

Аммо исми бародари ӯ Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул аз ҳамсари дуюмаш Меҳринисо Сагалиева, хоҳари вакили собиқи парлумон Саодат Амиршоева бори аввал нест, ки дар робита ба моҷароҳои гуногун ва аъмоли ҷиноияш расонаӣ мешавад.

Дар соли 2015 Диловар Гуловро барои бидуни иҷозатнома рондани мошини сиёҳшиша 5000 сомонӣ ҷарима баста, моҳи августи ҳамон сол бо ҷурми майдаавбошӣ 10 рӯз ҳабс карданд. Моҳи октябри соли 2017 номи Диловар Гулов дар робита ба як занозанӣ дар ҳузури ситораҳои эстрада ва латукӯби овозхон Остони Азиз расонаӣ шуд.

Ҳамин тавр, Диловар Гулов субҳи барвақти 10 марти соли 2018 дар пайи як занозанӣ дар тарабхонаи “Гэлакси” дар наздикии театри опера ва балет дар маркази Душанбе ҳамроҳи шавҳари хоҳараш Дилшод Нуруллозода ва 11 тани дигар боздошт шуданд. Диловар Гулов ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд ва РВКД Душанбе дар сомонааш аксҳои ӯву шариконашро дар ҳолате нашр кард, ки дар рӯзҳои ҳабс дар ҳавлии боздоштгоҳ машғули рӯбучин ва побел кардани замин буданд.

Гуловро рӯзи 14 март аз боздошт ҷавоб доданд ва алакай рӯзи 17 март барои боз ҳам бидуни иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои пеши мошинаш боздошт ва ҷарима карданд.

Чанд қазияи ба дасти милиса афтодани Диловар Гулов – писари қудои президент Шералӣ Гул дар ҷомеа масъалаи рафтори фарзандони мансабдорони баландпоя дар Тоҷикистонро доғ кард. Бисёриҳо навиштанд, ки ин фарзандон дар ҳавои давлату савлати волидайни пурнуфузи худ сармаст шудаву аз худ рафтаанд. Ба ақидаи бисёриҳо, ин ба истилоҳ “фарзандони тиллоӣ” бо чунин рафтори бехудона ва бемасъулиятиашон нафақат волидони худ, балки ҳукумат ва аз ҷумла раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар чашми мардум бадном мекунанд.

Ва баъди ҳабси Диловар Гулов дар моҳи март раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон афроди наздикаш, аз ҷумла Шералӣ Гулро ҳушдор дод, ки лаҷоми фарзандони азхудрафтаашонро бикашанд ва ӯро бадном накунанд. Баъди ҳушдори президент Диловар Гуловро ба Аврупо барои таҳсил фиристоданд, вале ӯ тобистони соли 2018 бо оғози таътилоти тобистона ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва ба моҷарои нав гирифтор шуд.

Ин дафъа писари вазири собиқи саноату энергетика ва қудои президенти Тоҷикистон ҳамроҳи рафиқонаш ба ҳамла ба корманди раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП)-и вазорати корҳои дохилӣ Дилшод Нарзуллозода айбдор шуд. Ин ҳамла шаби 8 июл, соати тахминан 23 дар яке аз кӯчаҳои маркази Душанбе сурат гириф ва Нарзуллозода, ки бар асари он ҳамла биниаш шикаста, ҷоғу косахонаи сараш низ осеб дид, чандин рӯз дар бахши нейрохирургияи беморхонаи Қарияи боло таҳти табобат қарор дошт.

Занозанӣ байни Диловар Гулову рафиқаш бо кормандони милитсия вақте рух дод, ки кормандони УБОП ними шаб мошини Гуловро дар яке аз кӯчаҳои маркази Душанбе манъ карда, ӯро ба он айбдор кардаанд, ки ба ҳаракати ронандагони мошинҳои дигар халал эҷод мекунад.

Аммо яке аз наздикони Шералӣ Гул он вақт ҳодисаро каме дигар тасвир кард: “Ҳама медонанд, ки кормандони мақомот ба Диловар қасди кӯҳна доранд ва пайваста ва махсус ӯро таъқибу шикор мекарданд, то ниқорашонро бигиранд. Диловар чанд моҳ дар Аврупо буд, нав баргашту боз аз қафояш шуданд. Ӯро таҳрик додан хеле осон аст, чунки ҷавони оташин аст, даррав дармегирад. Ба хусус вақте ки шоҳиди беадолатӣ шавад. Он шаб кормандони милитсия мошинашро манъ карда, ӯро махсус бо дашномҳои қабеҳ таҳқир кардаанд, то ин ки вокуниш нишон диҳад. Диловар ҳам тоқат накардааст ва ҷазои корманди УБОП-ро барои ҳақоратҳояш додааст.”

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 2 ноябри соли 2018 Диловар Гуловро ба як соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ Диловар Гуловро бар асоси қисми сеюми моддаи 237(авбошӣ бо истифода аз силоҳ ваё ашёе, ки ҳамчун силоҳ истифода шудааст) ва латукӯби кормандони УБОП Дилшод Нарзуллозода гунаҳкор шинохт. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале додгоҳ гуфт, ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла ду фарзанди ноболиғ доштани Диловар Гулов, сидқан изҳори пушаймонӣ кардан ва аз ҷабрдида узр хостани ӯро ба назар гирифта, ба вай чунин ҳукми сабук додааст.

Диловар Гулов алакай дар аввали соли 2019 аз маҳбас озод шуд ва ду соли охир ба ҷуз аз видеоҳои ишқбозиаш бо як ситораи машҳури эстрада дигар дар ягон моҷаро номаш набуд.

Гул Шералии 71-сола, ки қудои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, то замони бознишаста шуданаш аз шахсиятҳои пурнуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Гул Шералӣ аз соли 2006 то 2013, тайи 7 сол вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ва аз он қабл солҳо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои охир ӯ роҳбарии бахши тоҷикистонии сохтмони лӯлаи гази Туркманистон – Хитойро ба уҳда дошт, вале буҳрони иқтисодӣ иҷрои ин тарҳи бузурги стратегиро ба таъхир андохт.

Дар як вокуниш ба боздошти писару домодаш дар моҳи марти соли 2018 Шералӣ Гул гуфта буд, чунин ба назар мерасад, ки касе махсус аъзои оилаи ӯро “шикор” карда истодааст. Вале вақте Диловар Гулов баъди чанд моҳ боз дастгир ва ин навбат маҳкум ба зиндон шуд, Шералӣ Гул дигар қазияи атрофи писари раҳгумзадаашро шарҳ надод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button