ЭЪЛОН: КӢ РӮЗИ 2 ИЮН АЗ МАСКАВ БА ТОШКАНД ПАРВОЗ МЕКУНАД? БА ҲАМВАТАНОН КУМАКИ ШУМО ЛОЗИМ АСТ!
Яке аз ҳамватанони мо бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамос гирифта, дар як масъала кумак пурсид. Ӯ гуфт, ки зану се фарзандаш рӯзи 2 июн аз Екатеринбург ба Маскав ва сипас соати 11:50 ба вақти Маскав аз фурудгоҳи Внуково бо ҳавопаймои ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” бо хатсайри Маскав – Тошканд ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз мекунанд.
Ин ҳамватан хоҳиш дорад, ки агар касе рӯзи 2 июн бо ҳамин хатсайри Маскав – Тошканд парвоз дошта бошад, ба зану фарзандони ӯ дар роҳ кумак расонад, чунки, қарори маълум, сафар бо се кӯдак осон нест. Ӯ гуфт, омода ҳаст, ки барои кумак дар роҳ ба зану фарзандонаш ҳаққи хидмати нафарони хайрхоҳро ҳам пардохт кунад. Ӯ афзуд, агар касоне он рӯз аз Екатеринбург то Маскав низ ба аҳли оилааш кумак кунанд, сарфароз мешуд.
Аз онҳое, ки рӯзи 2 июн аз Маскав ба Тошканд парвоз мекунанд, хоҳиш мешавад, ки кумаки худро ба ин бародар ва зану фарзандони ӯ дареғ надоранд ва бо ин рақам тамос бигиранд: