ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ИДЕ КИ ДАР СЕ ХОНА БА МОТАМ ТАБДИЛ ЁФТ: ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР, АЗ ҶУМЛА ДУ КӮДАК ДАР СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РӮЗИ ИД

Рӯзи 13 май, ки дар Тоҷикистон рӯзи иди Фитр буд, бар асари се садамаи нақлиётӣ дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чусти ноҳияи Шаҳринав ва дар роҳи Панҷакент – Хуҷанд се нафар, аз ҷумла ду ноболиғ, ба ҳалокат расидаанд.

Рӯзи 13 май, соати 16:30 бар асари бархӯрди  ду мошини “ДЭУ-Тико” бо “ДЭУ-Нексия” дар ҳудуди ҷамоати Чусти ноҳияи Шаҳринав мусофири “ДЭУ-Тико” ноболиғ Зиёвиддинзода Ҳокимҷон Нуралӣ, соли таваллудаш 2020, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. ВКД дар шарҳи сабабҳои ин садама гуфт, ронандаи “ДЭУ-Тико” сокини 44-солаи ҷамоати Чуст Абдуалӣ Зулфиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист ва ба мошини “ДЭУ-Нексия”, таҳти идораи сокини 55-солаи ҳамин ҷамоат Саъдуллозода Анис бархӯрдааст.
Шоми 13 май, соати 20:00, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Королла”, сокини 61-солаи ҷамоати Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ  Муҳиддинов Сироҷ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Сомониён бехатарии қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ Раҳимаи Шералӣ, соли таваллудаш 2006, сокини Сомониёнро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Раҳимаи Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мутаассифона, боз ҳам шоми 13 май, соати 20:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра»,  сокини 60-солаи Панҷакент Шодиев Меҳроҷиддин дар километри 69-уми роҳи “Панҷакент-Хуҷанд” бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, сокини 55-солаи ҷамоати Ворӯ Солеҳов Солеҳ Саидовичро пахш кардааст. Дар натиҷа, Солиҳов С.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххх

Мудири кулли ҶДММ “Наво-2013”, сокини 37-солаи ҷамоати М.Ризои шаҳри Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки  моҳи июли соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии зани 35-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ дар ивази ваъдаи ҷудо намудани манзили истиқоматӣ аз ҳисоби хонаҳои истиқоматии ширкаташ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол  ба ӯ на хона додааст ва на пулашро бармегардонад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 15 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани 3 садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

Рӯзи 13-уми майи соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Муҳиддинов Сироҷ Хоҷамуродович, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи мазкур бехатарии қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ Раҳимаи Шералӣ, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Раҳимаи Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 13-уми майи соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико”, Зулфиев Абдуалӣ Раҷабович, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Нексия”, таҳти идораи ронанда, Саъдуллозода Анис Саттор, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати деҳоти Чуст бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико” ноболиғ, Зиёвиддинзода Ҳокимҷон Нуралӣ, соли таваллудаш 2020, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 13-уми майи соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Шодиев Меҳроҷиддин Муллобоевич, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Панҷакент-Хуҷанд”, дар километри 69-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Солеҳов Солеҳ Саидович, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри мазкурро пахш кардааст.
Дар натиҷа, Солиҳов С.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2020, марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор, директори генералии ҶДММ “Наво-2013”, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани манзили истиқоматӣ аз ҳисоби хонаҳои истиқоматии ҶДММ-и мазкур 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button