ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

КУМАК БА ХОНАВОДАҲОИ ДУ МИЛИСАИ КУШТАШУДА ДАР БАДАХШОН (3 АКС)

Сардори РВКД Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон полковник Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод дар арафаи иди саиди Фитр ба хонаводаҳои Эраҷ Чоршанбиев ва Давид Ниёзбеков аз деҳаи Рожи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон кумакҳои ғизоӣ расондааст. Далер Чоршанбе, сухангӯи РВКД ВМКБ навишт, ки “Эраҷ Чоршанбиев ва Давид Ниёзбеков кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буда, барои тинҷиву оромӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва сулҳу суботи кишвар зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд.” Сухангӯи милисаи Бадахшон афзуд, ба хонаводаҳои ин ду афсари кушташуда “дар арафаи Иди шарифи Рамазон маҳсулоти хӯрокворӣ аз қабили орд, биринҷ, равған, картошка, пиёз, макарон, чой ва дигар маводи ғизоӣ кумаки яквақта расонида шуд.”
Дар бораи чӣ гуна ҳалок шудани ин ду афсари милиса дар иттилоияи расмӣ чизе гуфта нашудааст, вале хабари ҳалокати Давид Ниёзбеков дар 7 соли пеш ба сархати ахбори расонаҳо афтода буд.

Давид Ниёзбеков 22 майи соли 2014 дар бемористони Хоруғ аз тири силоҳ ҷон бохт. Ӯ рӯзи 21 май дар ҷараёни тирпарронӣ бо аъзи гуруҳи Мунаввар Шанбиев дар маркази Хоруғ тир хӯрда буд. Мақомот Мунаввар Шанбиев, яке аз роҳбарони бонуфуз дар Бадахшонро ба қочоқи маводи мухаддир айбдор мекарданд ва гуфта буданд, ки вақте кормандони милиса мошини ӯву шариконашро иҳота карданд, онҳо муқовимат нишон дода, ба зидди милисаҳо тир кушоданд.

Кӯшиши боздошти Мунаввар Шанбиев ба эътирозҳо ва бетартибиҳои оммавӣ дар Хоруғ оғоз гузошт. Издиҳоми ҷамъшуда, асосан ҷавонон, бо талаби ёфта, ба онҳо супурдани милисаҳое, ки мехостанд Мунаввар Шанибевро дастгир кунанд, мошинҳои кормандони милиса ва ҳамчунин чанд бино, аз ҷумла биноҳои милиса ва додситонии Хоруғро оташ заданд.

Дар ҳодисаҳои соли 2014 дар Хоруғ дастикам 3 нафар, аз ҷумла ду корманди милиса (Давид Ниёзбеков ва Гавҳар Ашӯров) ва як нафар аз ҳамроҳони Мунаввар Шанбиев кушта шуда, худи Шанбиев ва 7 нафари дигар аз тири силоҳи оташфишон ҷароҳат бардоштанд.

Таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба оилаҳои фавтидаи кормандони милитсия дар арафаи Ид

Дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади дар амал тадбиқ намудани ин амали хайру савоб дар арафаи ҳамагуна иду ҷашнҳо аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар ВМКБ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки зимни адои вазифаи хизматӣ ба ҳалокат расидаанд ба хонаводаҳояшон кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

Бо дастгирии сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод ин навбат ба хонаводаҳои Эраҷ Чоршанбиев ва Давид Ниёзбеков дар ноҳияи Шуғнон, ҷамоати Сучон, деҳаи Рож, ки номбурдагон кормандони мақомоти корхои дохилӣ буда, барои тинҷиву оромӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва сулҳу суботи кишвар зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, дар арафаи Иди шарифи Рамазон маҳсулоти хӯрокворӣ аз қабили орд, биринҷ, равған, картошка, пиёз, макарон, чой ва дигар маводи ғизоӣ кумаки яквақта расонида шуд.
Дар баробари ин барои ғамхории давлату Ҳукумат ва дастгирии роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ дар арафаи ҳар як иду ҷашнҳо хонаводашон изҳори минатдории худро баён намудаанд.

Далер Чоршанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button