ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА БА ҲАЙСИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД (3 АКС)
Рӯзи 13 май сафири нави Тоҷикистон дар Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода ба вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Камилов нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Пас аз маросими супоридани эътимоднома мулоқоти Комилов ва Раҳмонзода баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, пиромуни дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар кардаанд.
Раҳмонзода гуфтааст, ки президенти Тоҷикистон ба ӯ ҷиҳати боз ҳам густариш додани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дастур додааст. Эмомалӣ Раҳмон шарикии стратегӣ бо Ӯзбекистонро ҷавобгӯи манфиатҳои ду мардуми бародар хондааст.
Раҳмонзода раҳбари идораи сиёсати хориҷии Ӯзбекистонро итминон дод, ки омода аст барои таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба кӯшиши зарурӣ ба харҷ диҳад.
Сафири Тоҷикистон рӯзи 13 май ҳамчунин бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев мулоқот кардааст.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, адабиётшинос ва сиёсатмадори тоҷик, соли 1959 дар деҳаи Андароб дар канори шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Раҳмонзода аз соли 2014 дар мақоми ёрдамчии президен дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард. Ӯ солҳои 2004-2005 раиси кумитаи телевизион ва радио ва сипас тайи 7 сол, то соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон буд. Абдуҷаббор Раҳмонзода тайи 7 соли охир яке аз меъморони сиёсати дохилӣ ва иделогии президент Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд. Академик Раҳмонзода рӯзи 4 май ба ҷои Содиқ Имомӣ, ки ба Душанбе баргашт ва муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон таъйин шуд, сафири нави Тоҷикистон дар Тошканд таъйин гардид.
Супурдани нусхаи эътимодномаи Раҳмонзода ба ҳайси сафири нави Душанбе дар Тошканд дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзҳои 14-15 май дар Тошканд иҷлосияи 8-уми комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мешавад. Хабаргузории “Дунё”, ки марбут ба вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дониста мешавад, хабар дод, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 14 май ба ҳайси раҳбари ҳайъати кишвари худ ба Тошканд меояд. Қарор аст, дар ҷараёни иҷлосия тарафҳо чанд санади ҳамкориро имзо карда, ҳамчунин ҳайъати Тоҷикистон аз як силсила корхонаҳои саноатии Тошканд боздид кунад.
Рӯзномаи кори комиссияи байниҳукуматӣ яке аз мавзӯъҳои асосиии гуфтугӯи телефонии рӯзи 13 майи президентҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон низ будааст. Ду раҳбар ибтидо якдигарро ба иди Рамазон табрик гуфта, сипас масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд. Онҳо пайдо кардани самтҳои рушди ҳамкориҳои ду кишварро як ҳадафи асосии музокироти рӯзҳои 14-15 май дар Тошканд номида, ҳамчунин ҷараёни омодагӣ ба сафари расмии Мирзиёев ба Душанберо мавриди баррасӣ қарор додаанд. Интизор меравад, Мирзиёев моҳи июн аз Душанбе боздид кунад.
Муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар даврони Ислом Каримов ду даҳсолаи пуртанишеро, ки бисёриҳо ҳатто “ҷанги сард” унвонаш мекарданд, пушти сар гузошт. Баъди вафоти Каримов ва ба қудрат расидани Мирзиёев, муносибатҳои байни Тошканду Душанбе дигарбора рӯ ба гармӣ овард. Вале маҳдудиятҳои як сол пеш ба сабаби пандемияи коронавирус эҷодшуда ба сатҳ ва ҳаҷми муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя таъсири ногувори манфӣ гузоштааст.