ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

БОЗДОШТИ ЭМОМИ КАЛЛАБУР ВА САРХАТИ ДИГАР ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 6 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими панҷшанбе, 6 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

БОЗДОШТИ ЭМОМИ КАЛЛАБУР БАРОИ ОДАМКУШИҲОИ СОЛҲОИ ҶАНГ, АЗ ҶУМЛА ҚАТЛИ ПОЛКОВНИК ИЗЗАТ КӮГАНОВ

ТУРКИЯ БАДОЕЪУЗЗАМОН – ПЕШВОИ “ТАБЛИҒӢ” ҲОИ ТОҶИКРО ОЗОД КАРД

19 КУШТА, 87 ЗАХМӢ: ЭЪЛОНИ ТАЛАФОТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАНҶОЛИ МАРЗӢ БО ҚИРҒИЗИСТОН

ТАҚДИРИ ВОРУХ ЧӢ ГУНА ҲАЛ ШУД? БАРХЕ НАТИҶАҲОИ МУЗОКИРОТ МАЪЛУМ ШУД

ЭМОМАЛӢ НАСРИДДИНЗОДА ЁРДАМЧИИ НАВИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ШУД

СЕЛ ДАР ХОВАЛИНГУ МӮЪМИНОБОД ВА  РЕЗИШИ КӮҲПОРА ДАР ВАНҶУ ПАНҶАКЕНТ

ШӮРОИ УЛАМО: ИДИ ФИТР – РӮЗИ 13 МАЙ, ЗАКОТАТОНРО БА ОИЛАҲОИ ШАҲИДОН ДИҲЕД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки муфаттишони шуъбаи тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнини рёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ахиран як силсила ҷиноятҳои пурсарусадои солҳои ҷанги шаҳрвандиро ошкор карда, чанд “боевик”-и Фронти халқиро, ки бо роҳбарии Эмомиддин Исломович Муродов, мулаққаб ба “Эмоми каллабур”, сокини деҳаи Маданияти ҷамоати Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониёндар солҳои 90 дар водии Вахш бедодгарӣ мекарданд, боздошт кардааст.

Ҳамроҳи “Эмоми каллабур”  бародари ӯ Муродов Нуриддин Исломович ва ҳаммаслакаш  Одинаев Саймуҳиддин Пирмуҳаммадович дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи тафтишот, аъзои ин гуруҳ моҳи феврали соли 1995 дар ҳудуди шаҳрҳои Калининободу Қӯрғонтепаа (ҳоло Левакант ва Бохтар)  бо истифода аз силоҳ ба ғорати молу мулки сокинони осоишта даст задааанд. Аз ҷумла дар кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа Эмоми каллабур ду сокини ин шаҳр Ҷумъаназар Баротов ва Нуъмонҷон Абдураҳмоновро аз автомати Калашников паррондааст, вале ҷабрдидаҳо бо вуҷуди ҷароҳатҳои вазнин бардоштанашон зинда мондаанд.

Инчунин моҳи апрели соли 1994 Эмоми каллабур ҳамроҳи Тошев Исмоил Аҳмадович дар дидбонгоҳи Шаҳло кормандони милисаро  аз автоматҳои Калашников тирборон кардаанд, ки дар натиҷа чанд нафар захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин моҳи июни соли 1995 дар маросими намози ҷанозаи Асоев Хайриддин Эмоми каллабур ҳамроҳи ҳамон Исмоил Тошев фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсуси вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Кӯганов Иззатулло Абдусамадович, истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) –ро бо силоҳи автомати Калашников ба ҳалокат расондаанд.

Иззатулло (Иззат) Кӯганов, яке аз фармондеҳони ҷавон, вале пурнуфузи Фронти халқӣ дар водии Вахш ба шумор мерафт ва баъди кушта шудани Файзалӣ Саидов ба ҷои ӯ фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсус таъйин шуда буд. Иззат Кӯганов соли 1993, вақте ҳамагӣ 22 сол дошт, соҳиби рутбаи полковник шуда, соли 1995, дар синни 24 вакили парлумони Тоҷикистон интихоб шуд. Азбаски қонун интихоб ба парлумонро то синни 25 иҷозат намедод, Иззат Кӯганов дар ҳуҷҷатҳояш соли таваллуди худро ба 1969 иваз кард. Вале Кӯганов, ки он даврон барои густариши қаламрави нуфуз дар водии Вахш бо полковник Маҳмуд Худойбердиев дасту панҷа нарм карда буд, ҳамагӣ чанд моҳ баъди интихоб шуданаш ба вакилии парлумон кушта шуд.

Эмоми каллабур, ба гуфтаи ВКД, боз дар чандин қатлу ғорат дар солҳои ҷанг айбдор мешаванд.

ххххххх

Масҷиди Сулаймония дар Истанбул

Туркия яке аз роҳбарони тоҷикистонии “Ҷамоати таблиғ”-ро, ки дар байни пайравони ин ҳаракати мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯъ бо тахаллуси Бадоеъуззамон машҳур аст,  аз боздошт озод кардааст. Яке аз нафарони наздик ба Бадоеъуззамон ба шарти зикр накардани номаш ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки ӯ  рӯзи 3 май озод шуд ва феълан дар назди аҳли хонаводааш қарор дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Бадоеъуззамон моҳи ноябри соли 2020 дар Истанбул бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд. Ӯ афзуд, ки пешвои “таблиғӣ”-ҳои тоҷик чанд сол пеш ҳам дар Туркия дастгир шуда буд, вале Туркия он дафъа низ аз истирдоди ӯ ба Душанбе худдорӣ карда буд. То кунун мақомоти Тоҷикистон дар бораи дар Туркия боздошт ва инак озод шудани раҳбари тоҷикистонии “Ҷамоати Таблиғ” ва оё дар ҷустуҷӯ қарор доштанё надоштани ӯ расман шарҳе надодаанд.

Ба сомонаи “Бомдод” муяссар нашуд, ки номи аслии Бадоеъуззамонро маълум кунад. Пайравонаш ӯро бо ҳамин тахаллус ном мегиранд ва мегӯянд, ба далелҳои амниятӣ дар миёни онҳо пурсидани номи аслии пайравони “Ҷамоати Таблиғ” амре чандон мақбул дониста намешавад.

Хабари боздошти  яке аз роҳбарони тоҷикистонии “Ҷамоати таблиғ”ро ҳанӯз дар аввали моҳи январ пойгоҳи хабарии “Бомдод” пайдо ва нашр карда буд. Манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ки ӯ моҳи ноябри соли 2020 дар шаҳри Истанбули Туркия дастгир гардида, дар боздоштгоҳи Пендик, дар каронаи шарқии қисмати осиёии шаҳри Истанбул нигоҳ дошта мешуд.

Бадоеъуззамон чандин сол боз дар Истанбул зиндагӣ мекунад ва он пайравони тоҷики “Ҷамоати Таблиғ”, ки дар Туркия паноҳ бурдаанд, ба гуфтаи манобеи “Бомдод”,  дар ҳама кор асосан бо маслиҳат ва машварати ӯ амал мекунанд.

 “Ҷамоати таблиғ” як  равияи  мазҳабист, ки аз соли 2006 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди ин кишвар  мамнӯъ эълон шудааст. Дар ин байн даҳҳо пайрави ин созмон дар Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд,  вале қисми дигари  пайравони ин созмони мазҳабӣ тарки Тоҷикистон карда,  дар хориҷ  зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.

Охирин нафаре, ки бо ҷурми узвият дар “Ҷамоати Таблиғ” маҳкум ба зиндон шуд, Садриддин Муллоев, маъруф ба Мулло Садриддин, домоди рӯҳонии машҳур дар минтақаи Кӯлоб Мулло Ҳайдар Шарифзода буд.

 Мулло Садриддин низ дар Туркия ба сар мебурд ва моҳи феврали соли 2019 бо ваъдаи афви мақомот аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт. Видеои бозгашти ӯ дар ТВ давлатӣ пахш шуд, вале моҳи сентябри ҳамон сол Мулло Садриддинро дастгир карданд ва дар аввали моҳи январи соли 2020 додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро бо ҷурмҳое, чун ифротгароӣ, зархаридӣ ва мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

хххххххххххххххххх

Бо гузашти як ҳафта аз муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон, мақомоти Тоҷикистон бори нахуст расман шумори кушташудагон ва захмиён аз ин ҷонибро эълон карданд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд рӯзи 6 май хабар дод, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар марзи Исфара ва ноҳияи Б.Ғафуров 19 нафар кушта шуда, 87 тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба иттилои расмӣ,  барои кумак ба оилаҳои онҳо ҳукумати Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо кардааст ва рӯзи 5 май ин кумакҳо ба оилаҳои ҷабрдидагон супурда шуд. Аз ҷумла ба ҳар оилае, ки азизони худро аз даст додаанд, 70 ҳазор сомонӣ, ва ба захмиён аз 10 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ кумак кардаанд.

10 тан аз кушташудагон сокинони Исфара – як нафар аз ҷамоати Сурх, як нафар аз Ворух ва 8 тани дигар аз ҷамоати Чоркӯҳ будаанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ  рӯзи 5 май аз хонаҳои 10 сокини кушташудаи Исфара шахсан аёдат карда, ба ҳар кадомаш 70 ҳазор сомонӣ кумак супурдаанд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳини бозгашт аз Исфара ба аҳли оилаи сокини шаҳри Конибодом Нозим Каримов ва сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умедҷон Юсупов, ки низ дар ҷараёни муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд, кумакпулӣ супурдааст.

Ҳамин тавр, мақомоти маҳаллӣ ба ҳар кадом аз оилаҳои 9 қурбонии дигар дар Муъминобод, Нуробод, Ховалинг, Фархор, Деваштич ва Турсунзода 70 ҳазор сомонӣ кумак расондаанд.

Бино ба иттилои маъмурияти вилояти Хатлон, раиси ин вилоят Қурбон Ҳакимзода рӯзи 4 май шахсан ба манзили волидони Акбар Ҳасани Акбарзод, зодаи ноҳияи Фархор рафтааст.  Ин прапоршики нирӯҳои марзбонӣ рӯзи 29 апрел дар деҳаи Хоҷаи Аъло худро барои наҷоти ҷони шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аз китфаш тир хӯрда буд, сипар карда, аз тири снайпер ба ҳалокат расид.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки Аҳмадзода ҳамчунин захмиёнро дар бемористонҳои Исфара ва Б.Ғафуров низ хабар гирифта, ба онҳо низ аз 10 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ додааст.

Ҷониби Қирғизистон то кунун дар бораи  ҳалокати 34 нафар ва ҷароҳат бардоштани 149 кас аз он ҷониб хабар додааст.

Муноқишаи поёни моҳи апрел дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва марзи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлак пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

хххххх

Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки гӯё дар ҷараёни музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар аввали моҳи май роҳбари ҳайъати Қирғизистон ва раиси КДАМ он кишвар Қамчибек Тошиев аз мардуми тоҷик барои хунрезии ахир дар марзи ду кишвар узр мепурсад. Ин видео мавҷи вокунишҳоро дар байни корбарони қирғиз дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехтааст.

Дар сабти кӯтоҳ дида мешавад, ки аъзои ҳайъати Қирғизистон, аз ҷумла Тошиев ва волии ҳамакнун собиқи вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев дар муқобили ҳайъати Тоҷикистон бо раҳбарии раиси КДАМ ин кишвар Саймумин Ятимов нишастаанд ва дар толори музокирот вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳам ҳузур доранд.

 «Мо бо халқи муҳтарами тоҷик дар сулҳу созиш зиндагӣ хоҳем кард. Моро бубахшед», — мегӯяд Тошиев дар ин навор.

Баъди ин суханон бархе аъзои ҳайъати Тоҷикистон табассум мекунанд ва дар посух ба Тошиев “ташаккур” мегӯянд.

Вале хадамоти матбуоти КДАМ Қирғизистон рӯзи 6 май дар як баёнияи кӯтоҳ ин видеоро сохта (фейк) номид.

«Сабти видеоии дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда дар ин бора, ки раиси КДАМ ва раиси ҳайъати ҳукуматии Қирғизистон дар комиссияи таъйин ва аломатгузории марзҳо Қамчибек Тошиев аз ҳайъати Тоҷикистон узр мепурсад, навори сохта буда, беобрӯ кардани роҳбари идораро ба ҳадаф дорад», – гуфта мешавад дар баёнияи КДАМ ҶҚ.

Дар поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрдҳои хунине сурат гирифт, ки дар ҷараёни он аз ҳарду тараф дастикам 53 нафар кушта ва 236 нафари дигар захмӣ шуда, ҳудуди 300 хонаву мағозаву мактаб ва гузаргоҳҳои марзиву иншооти дигарро оташ заданд.

Рӯзҳои 1 ва 2 май музокироти ҳайъатҳои ду кишвар пиромуни масоили марзӣ доир шуд. Ду ҷониб дар ин музокирот ҷиҳати оташбас ва хуруҷи нирӯҳо аз нуқоти доғ дар марз тавофуқ кардандю Ҳамчунин тавофуқ шуд, ки алакай то 9 май тасвири хатти марз дар қисматҳои баҳсии марзи  Тоҷикистону Қирғизистонро анҷом дода, аз Хоҷаи Аъло то ҷамоати Ворух дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчыгай) якҷоя роҳи мошингард бисозанд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қисматҳои баҳсии ин марз, ки асосан дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғжи Тоҷикистон бо ноҳияҳои Бодканд ва Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд,  ҳар сари чанд вақт муноқишаҳои хунин рӯй медиҳанд.

хххххххх

Матни протоколҳои имзошуда дар ҷараёни музокироти рӯзҳои 1 ва 2 майи ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон пиромуни масоили марзӣ то ҳол нашр нашудааст, вале хабаргузории “Ховар” рӯзи 5 май, баъди 3 рӯз матни изҳороти муштараки раҳбарони ҳайъатҳо – сардорони КДАМ ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиевро нашр кард. Ин санад бархе нукоти муҳими тавофуқоти бадастомада байни тарафҳо дар пайи хунрезиҳои шадиди поёни моҳи апрелро бозгӯ мекунад.

Нуктаи асосӣ дар санад, албатта, сарнавишти ҷамоати Ворухи Тоҷикистон аст, ки аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон дармондааст.

Ҷонибҳо дар мавриди Ворух чунин тавофуқ кардаанд, ки “то анҷоми раванди  таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, бо мақсади ҳаракати бемамониати шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Тоҷикистон, ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчыгай) якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон онро истифода ва нигоҳдорӣ мекунад. Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян мекунад.”

Ба топографҳо амр шудааст, ки тадқиқоти саҳроии ин мавзеъро дар заминҳои минтақаи Ботканд то 1 июни соли 2021 анҷом диҳанд. Ҳамчунин тавофуқ шуда, ки ба тасвири лоиҳавии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо баъди анҷоми сохтмони роҳи Ворух шуруъ мекунанд.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки “барои тасвири хати лоиҳавии Сарҳади давлатӣ дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141 аз ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритетии соли 1989-ро истифода мекунанд.” Ба гуруҳҳои кории топографӣ дастур додаанд, ки хатти лоиҳавии сарҳадро дар ин  қисматҳо то 9 майи соли 2021 тасвир кунанд.

Ҳамзамон, то 17 май бояд дар минтақаҳои Овчи Калъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нуқтаҳои аҳолинишини Максат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи ноҳияҳои Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон, ба иҷрои корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳад шурӯъ кунанд.

хххххххххххх

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 май бо имзои як фармон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Эмомалӣ Сайфиддин Насриддинзодаро ёрдамчии президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин кард. Эмомалӣ Насриддинзода, ки дар интихоботи парлумонии соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд, дар мақоми ёрдамчии президент академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро иваз кард. Раҳмонзода, ки аз соли 2014, тайи 7 сол ёрдамчии президент ва амалан масъули сиёсати дохилии ҳукумати Тоҷикистон буд, рӯзи 4 май ба ҷои Содиқ Имомӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъйин шуд.

Эмомалӣ Сайфиддин Насриддинзода 2 июли соли 1966 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омада, соли соли 1990 Донишкадаи омӯзгорӣ ва соли 2003 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардааст.

Ӯ соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон” ва соли 2015 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” ҳимоя кардааст. Эмомалӣ Насриддинзода  соли 2017 Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шудааст.

Насриддинзода собиқаи кориашро соли 1990 ба ҳайси муаллими мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Балҷувон оғоз карда, солҳои 1993-2006 устоди Донишкадаи омӯзгорӣ ва сипас то 2004 корманди Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлия буд.

Насриддинзода аз соли 2007 то 2011 муовини декани риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ва аз соли 2011 то 2016 декани ин ришта буд.

Дар интихоботи рӯзи 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Бо ордени “Шараф дараҷаи II” сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

хххххххх

Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон рӯзи 6 май дар маҷлисаш қарор кард, ки “мувофиқи ҳисоби илмӣ, Иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 13 майи соли 2021 таҷлил карда шавад”.

Тибқи ин қарор, намози иди Рамазон соати 06:00 доир шуда, имзомхатибон муваззаф карда шудаанд, то барои расондани кумакҳо ба муҳтоҷону ниёзмандон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб карда, худашон намунаи ибрат шаванд.

Шӯрои уламо ба онҳое, ки молашон ба нисоб расидааст, тавсия додааст, ки “метавонанд закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаҳои шаҳидоне, ки дар роҳи муҳофизати марзу буми Ватан қурбон шудаанду оилаҳои онҳо бесаробон мондааст, бидиҳанд.”

Шӯрои уламо қаблан маблағи садақаи фитрро тибқи меъёри шаръӣ бо ҳисоби нархи гандум 6 сомонӣ ба сари ҳар нафар ва нисоби закотро мувофиқи ҳисоби шаръӣ 25 ҳазор сомонӣ муқаррар карда, гуфта буд, мусалмонони воҷибулзакот аз 25 ҳазор сомонӣ дороияшон бояд 625 сомонӣ закот бидиҳанд.

Ҳамин тавр, бо қарори Шӯрои уламо, фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2021 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умед нест, ба маблағи 360 сомонӣ барои 30 рӯзи моҳи Рамазон муқаррар шуда буд.

xxxxxxxxxxxx

Акс аз бойгонист

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 5 май бар асари боришоти шадид дар баъзе минтақаҳои кишвар сатҳи оби дарёҳо баланд шуда, боиси зери об мондани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ гардид. Инчунин дар чанд маврид фурӯрезии кӯҳпораҳо сабт шудаааст.

Аз ҷумла дар натиҷаи боронҳои сел болоравии сатҳи об дар дарёи Оби Мазор ба қайд гирифта шуда, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ зери об монданд, ба 2 хонаи шахсӣ зарар расидааст, пул ва сарбанд дар ҷамоатҳои деҳоти Лоҳутӣ, Ҷонбахт, Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг қисман вайрон шудаанд.

Инчунин бориши шадид боиси пайдо шудани лойоба гардид, ки он ба 15 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, заминҳои корам ва боғҳои сокинони деҳаи Чилдухтарони Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назарови ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон зарар расонид. Илова бар ин, селоб 20 км роҳи маҳаллии мошингард ва пули байни деҳаҳои Кӯлчашма, Ғеш ва Лиҷакро баст.

5 май дар ҳудуди деҳаи Гезани поёни Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд резиши кӯҳпораҳо ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои нохуш 29 хонавода бо теъдоди умумии 112 нафар ба ҷойҳои бехатар интиқол дода шуданд.

Ҳамон рӯз дар километри 438, 443 ва 447-и шоҳроҳи «Душанбе — Ванҷ — Хоруғ», дар наздикии мавзеи Хехики ноҳияи Ванҷи ВМКБ резиши кӯҳпораҳо сурат гирифта, сабаби муваққатан баста шудани шоҳроҳ гардид. Феълан роҳ аз кӯҳпораҳо тоза карда шудааст.

Офатҳои табии мазкур талафоти ҷонӣ ба бор наовардаанд.

хххххххх

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Як сокини 47-солаи ҷамоати Мирзо Ризо аз Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки тайи 5 соли кораш дар корхонаи хусусии як шаҳрванди 49-солаи Афғонистон 225 ҳазор сомонӣ маблағи барои харидани узвҳои дохилии чорво ҷудоҳударо аз худ карда, барои манфиати шахсиаш харҷ кардааст. Ин сокини Ҳисор аз соли 2014 то 2019 дар корхонаи шаҳрванди Афғонистон, ки дар Душанбе кору зиндагӣ мекунад, ба ҳайси таъминкунандаи маҳсулот кор мекардааст.

Сокини 37-солаи қаблан ҳам бо ҷурми қаллобӣ судшудаи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки 10 октябри соли 2020 дар кӯчаи Охунбобоев бо роҳи фиреб ба боварии як марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада,  аз ӯ бо ваъдаи аз Дубай овардани мошини гаронбаҳо 50 ҳазор доллар гирифтааст. Вале то кунун ӯ ба ҷабрдида на мошин овардааст ва на пулашро баргардондааст. ВКД гуфт, ӯ ин пулро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Инчунин, як зани 54-солаи сокини ноҳияи Хуросон низ бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин зан 1 июли соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ маблағи 50 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button